Бахшҳо

Назари ду рӯҳонӣ дар бораи қарори ахири Шӯрои уламо

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ, қарори ахири Шӯрои уламоро дар мавриди имоматӣ дар намози ҷаноза “ғаразнок” хонд. Ахиран Шӯрои уламо эълон кард, ки аз ин ба баъд дар намози ҷаноза дар Тоҷикистон имому имом-хатиб ва сархатибу раиси Шӯрои уламо аз рӯи мавқеъ ва ҳузурашон пеш мегузаранд.

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад гуфт, “тибқи мазҳаби Ҳанафия дар кишварҳои исломӣ бояд, султону қозию имоми маҳалла дар намози ҷаноза пеш дароянд. Аммо муассисини ин мазҳаб ҳамзамон ба ворисони майит дар бораи пешгузарӣ дар намози ҷаноза ҳаққи бештар додаанд.”

“Дар сурате, ки агар шахси ҷанозахон аз сӯи майит васият шуда бошад, бояд иҷро гардад, чун ин ҳаққи ӯст ва ба инобат нагирифтани васият поймол кардани ҳаққи майит мебошад”,-афзуд ӯ. Ҷаноби Файзмуҳаммад бо овардани далелу аснод аз таърихи Хулафои рошиддин гуфт, Ҳазрати Абубакру Умар ва худи завҷаи паёмбар (с) Оишаи сиддиқа (р) пеш аз марги худ васият карда будаанд, кӣ ҷанозаи онҳоро хонад. “Агар мо худро пайрави саҳобагону хулафои рошиддини Ислом донем, бояд ҳаққи майитро ба инобат гирифта, васияти ӯро иҷро кунем.”

Мусоҳиби мо афзуд, “намедонам, бо кадом сабабу далел ин қароре, ки аз он бӯйи ғараз меояд, содир шудааст, вале ҳаминро метавон гуфт, ки дар сурати вуҷуд доштани васияти майит ин қарор ботил мешавад.”

Дар ҳамин ҳол, Домулло Холмурод, имоми масҷиде дар шаҳри Кӯлоб бар ин аст, ки қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон то ҷое барои бартараф кардани ихтилофҳо муфид мебошад. Вале, ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир ҳолатҳои кашмакашӣ дар намозҳои ҷаноза хеле кам ба назар мерасад.

Мусоҳиби мо илова кард, “албатта, бояд намози ҷанозаро имоми маҳал ё сархатиб гузорад, вале ба инобат гирифтани хоҳиши ворисону пайвандони майит аз манфиат холӣ нест.” Аммо дар мавриди васияти майит ӯ гуфт, “иҷрои он на фарз асту на воҷиб, вале агар мо ворисонро нагузорем, як умр дар дили эшон як ноумедию хафагӣ боқӣ хоҳад монд, ки чӣ мешуд, ҷанозаи падар ё бародари моро фалонӣ гузорад. Дигар ин ки агар мо гузорем нафари дигар намозро хонад, ягон чӣ кам намешавем.”


Дар акс: Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хисрав
Офарин барои озодандешиатон!!! Аз ин хукуматдоро натарсед фа викру акидаи худатонро дуруст гуед. Ин хама конунхое ки кабул шудааст баъди сари Эшони Нуриддинчон ва Хочи Мирзо аз байн мераванд. Чунки максади онхо хамин ду нафарро аз чомеа берун кардан аст. Офарин ба ХНИТ ки чунин нафарони худотарсро дар гирди худ чамъ кардааст!!!

Иа аз бузургонамон ба мо мерос омадааст ки типки васияи майит бади вафот чизхои доштааш ба ки мерос мемонаду ва намози чанозаашро ки бихонад.хато хастанд нафароне ки кафанашонро пешаки гирифта мемонанд .ин конунхои шурои уламо гарази дигаре дорад ва бо ин тарик хукуки инсонро вайрон мекунад...

Abdulloh
Kani aku gushi shunavoi xudotars..... Ba bozi kashidiyand chi ki xohand mekunadu chi qaror xohand mebarorand.

Собир
Ачоиб мардум! Охир ун мардак мурда бурафт, чй фарк дорад, ки чанозаро имом мехонад, Алй мехонад ё Валй. Охир дар он дунё савол нест, ки чанозаатро кй хондааст...

Ман одам гуфта хасти каллачунбон,
Чаро дори мизочи хуй хайвон?
Гахе чун саг шави дар чанги ихвон,
Гази хар дилро бе захми дандон.
Гахе сози ба хар кас хислати мор,
Дихи хар муъминеро сахт озор...

ш-TJ
Аллох нигахбони Турачонзодахо бошад.Ин Мукаррам кадом рузе фатво мебарорад,ки чаноза нокарда мурдаро гуронед.

Бародарон ин сайид Мукаррам дар инча хеч гунахкор нест . Ман шохиди золам ки баъд аз ходисаи хамун руз дар Рудаки Риси Кумитаи алайхи дин Холиков як чаласаи изтирори барпо намуд ки длар он худи у ин карорро навишта нашр кард . Ин бечора Сайидмукаррам хамчун як склет дар ончо истодааст вале Раиси Кумитаи дин А. Холиков ин кароррхоро навишта уро ,, ки аз мансаб дил канда наметавонад ичборан аз номи вай нашр месозад. Ман агар ба чои Сайидмукаррам мешудам чи бало карда аз зулми ин Раси берун меовардам.

Маҳди
Бобое риши дарозта садка о мегум ба наздики давлатой дига Марс рафтестан шумо хозирам хаму гапои пешинадаен ку. Басай аку хами коро. Озлдагон ягон гапи дигар нест, ки хами матлаба чой доди сомонатда бас кун и корора

шодбош
хамин рухонихо бо бахсхойи фачу лач дилба задед шумо араб парастед як маротиба аз панду андарзи зардушт огох шавед охир хамаатон вориси зардуштед монед хамон ханафияро ки подшохро дар руйи замин сояйи худо гуфтааст боз чи м ехохед дини заддуштиро руе кунед талаб мекунам гуфтори нек пиндори нек рафтори нек гуфтааст ворисамон арасту шитобед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)