Бахшҳо

Гузоришгари вижаи СММ: “Бо Зайд Саидов мулоқот накардам”

Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал, ки шоми 12 феврал аз сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон натиҷагирӣ мекард, гуфт, ӯ натавонистааст бо Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав ва вазири пешини саноат, дидор кунад. Ҷаноби Мендез афзуд, ҳарчанд пешниҳодҳо дар бораи мулоқоти ӯ бо Саидов дар зиндон вуҷуд дошт, аммо онҳо ба масъалаи инфиродӣ машғул намешаванд, балки вазъро дар умум баррасӣ мекунанд.

Гузоришгари вижаи СММ: “Бо Зайд Саидов мулоқот накардам”“Мо вазъиятро дар умум назорат ва баррасӣ мекунем. Аз ин рӯ, имкони мулоқот бо Зайд Саидов нашуд”,-афзуд ӯ. Раҳбари Тоҷикистони нав, вазири пешини саноат ва аз соҳибкорони муваффақ, Зайд Саидов, 25 декабри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Вай моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки ба ҳайси вакили шаҳрӣ масуният дошт, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт ва ба қаллобиву бисёрзанӣ, ва таҷовуз ба номусу сӯистфиода аз мақом айбдор гардид.

САЛИБИ СУРХ

Хуан Мендез дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хостааст, ба намояндагони Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳо иҷоза бидиҳанд. Ӯ афзуд, “албатта, дар аксари кишварҳо зиндонҳо дари боз надоранд. Барои мисол, дари зиндонҳо дар Русия барои касе кушода нест. Вале мо аз мақомоти тоҷик хостем, ҳадди ақал ба Салиби Сурх иҷоза бидиҳанд, то онҳо низ миссияи худро ба анҷом расонанд.”

ГИЛАИ МЕНДЕЗ

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа аз ин пеш дар як мизи гирд бо иштироки мақомдорони Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, тавсияи қаблияш дар бораи гузарондани мониторинги мустақили вазъи маҳбасу зиндониён иҷро нашудааст. Хуан Мендез дар пайи шикояти ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки гуфтанд, ба маҳбасхонаҳо дастрасӣ надоранд, бори дигар ба мақомоти кишвар тавсия дод, ки як гуруҳи махсусро бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намоянду вазъи маҳбасхонаҳоро мониторинг кунанд: “Ҳанӯз дар сафари қаблӣ тавсия додем, ки Гузоришгари вижаи СММ: “Бо Зайд Саидов мулоқот накардам”мониторинги маҳбасхонаҳои Тоҷикистон гузаронда шавад, ки то ҳол иҷро нашудааст. Бори дигар хоҳиш менамоем, ин кор амалӣ шаваду дастрасии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳбасхонаҳо таъмин гардад.”

МАВҚЕИ БОБОНАЗАРОВА

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, зимни ин ҳамоиш изҳор дошт, аз сафари моҳи майи соли 2012-и Мендез ба Тоҷикистон то ҳозир вазъи шиканҷа якбора бадтар шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки то он замон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадди ақал имкон доштанд, ки аз маҳбасхонаҳо боздид кунанду аз ҳоли маҳбусон хабар гиранд.

ҶАВОБИ АЛИЗОДА

Дар ҷавоб ба изҳороти Мендез ва шикоятҳои ҳомиёни ҳуқуқ Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен гуфт, феълан гуруҳи махсуси корӣ барои мониторинги маҳбасхонаҳо ташкил шудааст ва ин кор дар ояндаи наздик амалӣ хоҳад шуд.

Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа рӯзи 10 феврал бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, дар пайи мулоқот бо мақомоти тоҷик аз маҳбасхонаю маҳкамаҳо низ дидан кардааст. Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла аз зиндону қисми ҳарбӣ ошно шуда буд. Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
точик
Ба фикрам Амрико Точикистонро прицелда гирифтааст ва онро ба Афгонистони дуюм табдил додани аст. Точикхо хушериро бой надихед.

Чаноби ОМБУДСМЕН ( ЗАРИФ АЛИЗОДА ) шумо дар бораи кадом гурух харф мезанед? Харфхоятонро БО ДИККАНТ, АНИК, АЗ РУЙ ХУДО ГУЕД. Хавосатон бошад, ин ду нафар ( А. ХУКУМОВ А. САЙДОВ ) аз ХАВО харф мезаданд, шармандаву шармсор гаштан назди мардум.

зиндони
Офарин мухтарама Ойнихол Бобоназарова! ХУДОВАНД Шуморо ва ахли оилаатонро дар панохаш нигох дорад.

Хар як икдом бо натичааш хотирмон аст... Агар сафари чаноби Хуан Мендез ба шиканчадидагони точик заррае кумак мекард, чи амали савобе буд... Бахусус барои ононе, ки нохак паси панчара нигохи боумед доранд...

инсоф
ойнихол шумо шахсан барои милати точик чи хизмат кардает ,ки дар назди хар хоричи милатро паст мезани чиноят кор бояд дар назди конун чавоб гуияд шумо бигуед,ки нисбати шумо ва хешутаборат чиноят содир шавад мебахшеншон харгиз авалан сузанро дар худат истифода бар

инсоф
салом озодагон илтимос аз хамин заид безор шудем расмашро гиред барои милат укадар хизмат накардааст хамин коса лесош барои ягон маида пулаш модааст тарафдориш кардестан агане чиноят кардааст дар назди конун чавоб гуяд мисли дигар кахрамонони дар нохунак

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)