Бахшҳо

Ҷаласаи якҷояи Алимардонов ва Мамитов дар "Ало-Арча"-и Бишкек

Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, дар ҷаласаи ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар “Ало-Арча” гуфтааст, кишвараш тамоми мушкил бо Тоҷикистонро аз роҳи музокирот ҳал хоҳад кард. Ин ҷаласа рӯзи 14 феврал таҳти раёсати Мамитов ва Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар ҷаласаи рӯзи 14 феврал дар Бишкек масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии миёни кишвар бо Қирғизистон, ки якҷониба баста шудааст, баррасӣ гардад. Ин гузаргоҳҳо дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар маҳалли Хоҷаи Аъло аз сӯи Бишкек баста шуданд. Манобеи расмии Тоҷикистон мегӯянд, “дар ҷаласаи Бишкек ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳоеро, ки дар вохӯриҳои қаблии рӯзҳои 30-31 январи соли 2014 ба даст омада буданд, баррасӣ мекунанд”.

Дар пайи тавофуқи рӯзи 31 январи Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш -- Тоқон Мамитов се гуруҳи кории махсус аз Душанбеву Бишкек ташкил шуда буд. Ин гуруҳҳо 5 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи нахустини худро дар Исфара баргузор карда, кори худро аз Хоҷаи Аъло, маҳалли тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз, шурӯъ намуда буданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, “аз ҷониби Душанбе гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзро Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба амният, гуруҳи корӣ оид ба мушаххас ва аломатгузории марзро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин пешниходи мансабдорони моро бубинеда аввал чиро талаб доранд бигзор баста партоянд тамоми марзхояшро мо чиро талаб кунем якумин хамин маконхои моро ки газб кардаанд онро ба Точикистон баргардонем. Ин чиро нишон медихад хонандаи мухтарам худат фахм ки ин барои тичорат (бизнес)- и як гурух таалук дорад то рохро боз кунаду тичорати онхо пеш равад лек афсус барои халки камбагал.

Холабача
Албатта агар чониби киргиз рохро боз кунад мо назди онхо забонкутох мешавем. Манфиати як гурухчаи майда аз манфиати халк дар мо албатта боло меистад "гур сузаду дег чушад" - дар хакки хамин мардуми мансабдори мост. Ин Муродали ба пулшумури устост. - Шох Искандаровро равон кардан даркор буд ба гуфтушунид...

сауд
шумо алимардону дигарат савод доред ё ки буздилед биёред мардхои ба ору номуса дар мансабхои соз монед мардум рохи зиндагиша ёбад рахо кунед аз зиндонхо ёкубу гафора бубинед шерхоро дар кафас мондаеду рубохчахо кати давлатдори кардан намешавад ай хоби гарон хезед давлату миллат ба нести меояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)