Бахшҳо
14 фев 2014 17:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сухангӯи Кумитаи андоз мегӯяд, аз мушкили Шаҳноза хабар надорад

Сухангӯи Кумитаи андози Тоҷикистон аз ифшои ҷузъиёти қасди худкушии Шаҳноза Абдуллоева дар бинои ин ниҳод, ба далели он ки он лаҳзаҳоро бо чашми худ надидааст, худдорӣ кард. Гавҳар Ҳомидова дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аммо бовар надорад, ки “эътироз”-и Шаҳноза ба фаъолияти Кумитаи андоз ва раҳбарияти он ягон рабте дошта бошад.

“Фикр мекунам, он мушкили худи Шаҳноза аст, на бештар аз он”,-афзуд ӯ. Ҳомидова илова кард, “ростӣ, ман набудам. Агар шоҳиди ҳодиса мешудам, ягон маълумот медоштам. Ин кори шахсии худаш аст, агар хоҳед аз ӯ пурсед.”

Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-солаи Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 11 феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ карда ва ҳоло дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст. Табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ карданд. Яке аз наздикони Шаҳноза дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони Кумитаи андоз ба дидорбинии ӯ омада, барои давою дармонаш кумак намудаанд.

Аз ин пеш, модари ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, ки духтараш ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андоз қарор дошта, билохира ба он тоб наовардаву дар ҷои кор сирко (уксус) нӯшидааст. Ба қавли мусоҳиби мо, бархе аз масъулони Кумитаи андоз борҳо ба Шаҳноза ҳар гуна туҳмат зада, таҳдид мекардаанд, ки аз ҷои кор маҳрумаш менамоянд. Вале ин иттилоъро то ҳол расман касе тасдиқ накардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
бузургмехр
ина бинед а!агар хаму сухангуй кадри соз мешуд хамин гапа намегуфт..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)