Бахшҳо
19 фев 2014 16:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Норозигии масъулони Хуҷанд аз “дақ.”-у “дир.”-и Тселл

Масъулони ҳукумати Хуҷанд, ки рӯзҳои 18 ва 19 феврал тамоми лавҳаҳои таблиғотию номгузории фурӯшгоҳҳоро санҷиш карданд, аз кӯтоҳ намудани баъзе калимаҳои тоҷикӣ, ба мисли “дирам”-у “дақиқа” дар рекламаҳои ширкати мобилии Тселл норозигӣ карданд. Дар ин рекламаҳо ба ҷои дирам “дир.” ва ба ҷои дақиқа “дақ.” навишта шудааст.

“Дар забони тоҷикӣ “дир” ва “дақ” гуфтанӣ калима нест ва барои ҳамин бояд шакли пурраи дақиқа ва дирам навишта шавад”,-гуфт дар сӯҳбат бо мо Ҷамолиддин Икромиддинов - мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд. Мусоҳиби мо афзуд, “кумисюн беш аз 20 фурӯшгоҳеро, ки номҳояшон ғайри тоҷикӣ аст, аз назар гузаронда, барояшон даҳ рӯз муҳлат дод, то аз номгузории хориҷӣ даст кашанд. Вагарна нисбат ба онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.”

Вале дар баробари ин, манбаъ қайд намуд, бархе аз фурӯшгоҳҳое, ки воқеан ҳам намояндагии ширкатҳои хориҷиро дар асоси ҳуҷҷатҳои зарурӣ расман муаррифӣ менамоянд, онҳо ба ҳамон номҳои пешинаашон меистанд. Ин тасмим ба дунболи интиқоди Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, зимни як ҷаласаи васеи ҳукумат, гирифта шудааст.

Қодирӣ 20 январи соли ҷорӣ дар як ҷаласаи васеи корӣ аз матни хароби рекламу риоя нагардидани меъёрҳои забони давлатӣ шикоят карда, ба масъулин супориш дода буд, дар ояндаи наздик ин камбудҳоро бартараф намоянд.
Мӯҳр
сауд
кодири дигар кор надори якбор ба хорича сафар карда бин номи дукону магозахоро ту гуй барои 20 хазор нафар чои кори омода кардем ному насабу дигар кати чикор дори демокроти гуфта гардан дароз мекнед

кодири дигар кор надори якбор ба хорича сафар карда бин номи дукону магозахоро ту гуй барои 20 хазор нафар чои кори омода кардем ному насабу дигар кати чикор дори демокроти гуфта гардан дароз мекнед

tojik
korgaroni hukumat diga kor nadorad? vay reklama hast, maktubi rasmi ne. dar reklama kutoh menavisand.

Вокеан хам ширкати мобилии Тселл аксар вакт ба имлои забони точкй нигох намекунад ва хатто дар бархе матнхои рекломавии он мантик гуфтанй чиз нест. Масалан, хамин шиори ширкати мазкур:
"Боз хам наздиктар" ва ба монанди инхо, ки одамро дар хайрат мегузорад...

вакт
ман фикр кардам ки таку дири дар вакти гапзаданро дар назар доред вакти ки бо ширкати тсел дар хучанд алока мекуни дар вакти муошират шумхо яъне алокаи хуб нест

монед хами тсел псела

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)