Бахшҳо
25 фев 2014 16:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тавсифи Стивенсон аз Роғуну Раҳмон ва интиқодаш аз кишварҳои поёноб

Струан Стивенсон, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор зимни баррасии масоили об дар Брюссел, роҳҳои ҳалли мушкилоти обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказиро ироа кардааст.

Маҷаллаи “The European Times” аз қавли Стивенсон навиштааст, ки майдонҳои васеи пахта ва усули ақибмондаи обёрикунӣ дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ боиси хушк гардидани баҳри Арал шудаанд: “Як қатор каналҳо, сарбандҳо ва обанборҳо дар маҷрои поёнии ду дарёи асосӣ - Сирдарё ва Амударёро хушк намуда, маҷрои онҳоро коҳиш додаанд. Қаблан, баҳри Арал аз рӯи ҳаҷми худ ҳамчун баҳри дохилӣ ҷойи чаҳорумро дар ҷаҳон ишғол намуда, зиёда аз 40.000 мили мураббаъро фаро мегирифт. Дар давоми чанд сол, сатҳи миёнаи об аз 53 метр ба 26 метр паст шуд. Баҳр аз ҳаҷми пешинааш ба 1/13 хурд гардида, баъзе аз коршиносон пешгӯӣ намудаанд, ки пас аз 20 сол Арали Ҷанубӣ пурра нобуд хоҳад шуд.”

Стивенсон таъкид намудааст, ки мушкили Арал на дар садсолаҳо, балки дар давраи як насл бо дастони одамизод сурат гирифт: “Таъсири нестшавии Баҳри Арал ба 48 миллион нафар, ки дар ҳавзаи Баҳри Арал зиндагӣ менамоянд, даҳшат мебошад. Ҳангоми нест шудани он, оқибатҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён меоянд. Бинобар ин мо салоҳ медонем, ки кишварҳои ҳамсояи Арал бояд масъулиятро оид ба ин мушкилӣ ба даст гиранд. Онҳо таҳти хатар қарор доранд ва бохт хоҳанд дод.”

Ин масъули парлумони Аврупо сарчашмаи мушкилоти обии минтақаи Осиёи Марказиро идораи нодурусти об медонад: “Айни ҳол 60% об дар каналҳои обиёришавандаи фарсудашуда ва низоми ғайрисамаранокшуда талаф меёбад. Бояд обёрикунии қатрагӣ ҷорӣ шавад, вале он пурқиммат аст ва он бояд ворид карда шавад. Чунин лоиҳаҳо ба кумаки молиявӣ эҳтиёҷ доранд. Иттиҳоди Аврупо яке аз донорҳои асосӣ ба ин масъала мароқ зоҳир менамояд. Мо бояд муколамаро миёни ҳамаи ҷонибҳо таҳким диҳем. Созишҳо набояд аз берун талқин карда шаванд. Маҳз кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд қарор қабул намоянд. Ин омил иродаи сиёсиро талаб менамояд. Сулҳ дар пояи масъалаҳои обӣ муколамаи созандаро байни кишварҳоро, бо назардошти эҳтиёҷоти иҷтимоии истифодабарандагон, дар назар дорад.”

Стивенсон инчунин барои ҳалли мушкили обу энержӣ дар Осиёи Миёна зарур хондааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сохтмони НОБ-и бузурги Роғун дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад: “Лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ обро истеъмол наменамоянд, онҳо нерӯи онро истифода мекунанд.”

Ин вакили парлумон аз Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тавсиф карда, афзудааст, ин шахси фаъол ва пурнерӯ, тавассути сохтмони НОБ-и Роғун талош дорад Тоҷикистонро оҳиста-оҳиста аз вартаи мушкилиҳо бароварад: “Ин лоиҳаи бузург бо арзиши 4 миллиард доллар қубурҳои зеризаминии 45-километра ва шаш турбинаҳои бузургро, ки 3600 МВт нерӯ дар як сол таҳвил менамоянд, дорост. Ҳаҷми ин лоиҳа ба таври кофӣ таъсирбахш аст ва он ба ин минтақаи хароб ва аз ҷиҳати сиёсӣ хеле ҳассос аҳамияти глобалӣ дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 км сарҳад дорад. Дар Афғонистон ва Покистон камбизоатӣ ва мавҷуд набудани ҷойи корӣ водор месозад, ки насли нави ҷавонон ба доми қочоқчиёни маводи мухадир ва ифротгароён афтанд. Таҳвили боэътимоди нерӯ аз Тоҷикистон иқтисодиёти харобгардидаи ин минтақаро тағйир медиҳад, шаҳрвандони аз ҷанг азияткашидаро бо сарчашмаи шуғли нав ва бо имкониятҳои нав таъмин менамояд. Ин он чизе аст, ки мо дар Ғарб бояд истиқбол ва дастгирӣ намоем. Ман аз Роғун борҳо дидан намудам ва салоҳ медонам, ки ин лоиҳа аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Роғун дар ҳақиқат лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, метавонад об ва нерӯро ба воситаи сулҳофарӣ мубаддал гардонад.”
Мӯҳр
Чамшед
Шери нар бо овоз бровард.Гап нест ака.

ЧАХОН
ОФАРИН БА ИН МАРДИ БУЗУРГ. ДАР ХАКИКАТ ДУРСТ МЕГУЯД НАХОД КИ НЕРУГОХИ НБО ОБРО ХУРАД ХАНДАОВАР. МО МАРДУМИ ТОЧИКИ ХАМА ТАРАФА БО ХИДОЯТИ ХУДОВАНДИ БУЗУРГ БОЯД СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ РИСИ ДАВЛАТРО ДАСТГИРИ НАМОЕМ АЗ ЧУМЛА СИЁСАТИ ЭНЕРГЕТИКИРО ..

сайф
офати бахри арал аз хисоби зиед шудани кишти пахта ки солхои 1955 ва 1965 тахкурсии ин офат сохта шуда буд

Рустам
Барои дастгириятон минаттдорем мо точикон!

Шохмансур
Господин Стивенсон правильно рассуждает и видет в этом проекте дальнейшую развитию региона, в том числе и спасение Арала,но к сожелению не все политики так знают проблемы Средней Азии,поэтому необходимо построить Рогунскую ГЭС и обеспечить энергетическую независимость Таджикистана,а в свою очередь рационально использовать воду и элекроэнергию,который так необходимо для Таджикистана,Афганистана и Пакистана......

Азз
Тоҷикистон иқтисодиёти харобгардидаи ин минтақаро тағйир медиҳад, шаҳрвандони аз ҷанг азияткашидаро бо сарчашмаи шуғли нав ва бо имкониятҳои нав таъмин менамояд.
Ьазорьо ташакур жаноби Стивесон , солом ба Еевропаи озоду баландпоя.

Ахсан ба онхое,ки ин лоиха яъне сохтмони ин геси бохашаматро дастгири мекунанд,агар им гес сохта шавад мо бовари дорем,ки пурра бо барк Точикистон таъмин мешавад

Ватандуст
Зинда бошед Ҷаноби СТИВЕНСОН ! Иншоолоҳ ҳақиқат ғалаба мекунад.

Гуфти бобои Чалил рухотон лахча аку поёновхое. Акаи Стивенсон дар Точикистону Узбакия ва Казокия зиндагия накунад хам у дуноай. Хдш медуна ки ов чо мешававу дар кадом хавзхои сунъи мереза. Бачахалоки Стивенсон дуноай ва авлиё хам бгемш хато намекнем.

Jamik
Merci merci misster Stivenson

Khele khub

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)