Бахшҳо

Самӣ Юсуф нахустин маротиба дар Маскав консерт медиҳад (ВИДЕО)

Самӣ Юсуф, овозхони номовари ҷаҳони Ислом барои нахустин маротиба дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия консерт медиҳад.

Ин консерт 4 апрел дар толори “Crocus City Hall”, дар доираи силсиласафарҳои ҳунарии Самӣ Юсуф бо номи “Salaam Tour 2014” анҷом мешавад, хабар медиҳад IslamNews.

Ба иттилои манбаъ, дар консерти Маскав Самӣ Юсуф бо забонҳои арабӣ, туркӣ ва англисӣ тарона мехонад.

Самӣ Юсуф бештар ба унвони хонандаи нашид маъруф аст. Нахустин маҷмӯаи таронаҳои ӯ бо номи “Al-Mu’allim” 11 сол қабл нашр гардид ва ба вай шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Самӣ Юсуф соли 1980 дар шаҳри Теҳрон дар хонаводаи озарбойҷониҳои муқими Эрон ба дунё омадааст. Баъди се сол оилаи онҳо ба Бритониё куч мебандад.

Ӯро маъруфтарин ситораи попи Ислом мегӯянд. Ду албоми аввали Самӣ Юсуф бо теъдоди беш аз якуним миллион нусха ба фурӯш рафта, таронаҳояш дар феҳрасти сершунавандатарин сурудҳо дар ҷаҳони Араб ва Туркия мақом гирифтаанд.

Самӣ Юсуф 7 октябри соли 2010 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ҳам консерт дода буд.


Мӯҳр
Хелооо хурсанд мешудем ( хелло зиёд ) агар У ба Точикистон бори дигар меомад ....:-)♡

Мухлис
Бехтарин сароянда аст.

Содик
Ба форси ё точики намехонад?

student
Дар хакикат сарояндаест, сурудхояш саросар пурмаъноянд ва аз хама мухим самими месарояд. Бигзор ситорааш хамеша рахшон бошад!!!

Аъиш
Сами соли 2011 ба точикистон омада рузи7уми март бахшида ба иди модарон дар кохи борбад концерт дошт,Ба рости ки содои хуш ва симои зебо дорад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)