Бахшҳо
26 фев 2014 12:33Тоҷикистон / Сиёсат

“Ховар”: Зоиров хост, таҷрибаи Украинаро роҳандозӣ кунад, ки занон нагузоштанд

Хабаргузории миллии Тоҷикистон, “Ховар” бо нашри як матлаб, зери унвони “Бардоште аз сабақи украинӣ” Виктор Януковичи фирориро тарсу хондааст, ки беҷуръатӣ карда, ҷилави нооромиҳои феълии кишварашро саривақт нагирифт.

Дар матлаби нашркардаи “Ховар” ангезандаи ҳаводиси Киев кишварҳои хориҷ арзёбӣ мешаванд, ки “таваҷҷуҳи аслиро ба решаи таърихии ихтилофоти мазҳабии миёни сокинони ғарбу шарқи кишвар, эҳсосоти бадбинонаю интиқомҷӯёнаи бозмондагони авлодони миллату меҳанфурӯши бендерӣ-фашистии қисмати Карпатии Украина равона карданд. Пешвоёни мухолифин Арсений Яценюк (қаноти «Батькивщина» дар парлумони кишвар), Олег Тягнибок («Свобода»), Виталий Кличко (ҳизби «Удар»), вазири собиқи ВКД Ю. Луценко ва олигарх Порошенко ҳама зодагони ҳамонҷоянд.”

Дар матлаб, ки таҳти имзои Ҳумоюни Куҳистонӣ нашр шудааст, ҳаводиси Украина ҳамчун сабақи омӯзонандае барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ба қалам дода шудааст: “Барои касе пинҳон нест, ки абарқудратҳои машғул ба тақсимоти нави ҷаҳон аз ҳилаҳои нав ба нави геополитикӣ кор мегиранд ва дар ин самт пеш аз ҳама такя ба нерую шахсиятҳое мекунанд, ки бо сабабҳои мухталиф аз низоми амалкунанда розӣ нестанд, пушти ақидаҳои барои мардуми худашон бегона мераванд, барои молу сарват омодаанд, ки тамоми арзишҳои миллии худро зери по созанд.”

Дар пайи ин гуфтаҳо зикр шудааст, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ дар моҳи декабри соли гузашта муддати як ҳафта дар «Евромайдон»-и Киев қарор дошт: “Робитаи наздик бо мухолифини Украина барқарор намуда, таҷрибаи ихтилофандозию моҷароангезӣ меомӯхт. Баробари бозгашт дар саҳифаҳои интернетӣ ва ВАО эълон кард, ки нишасте меорояд ва мардуми Тоҷикистонро аз ҳақиқати намоишҳои эътирозӣ дар хиёбонҳои Украина огоҳ мекунад. Ӯ мунтазир набуд, ки дар симои чанд зани ҷасур халқи як дафъа воқеаҳои ҳамсонро аз сар гузаронида монеи ҳар гуна иғвоангезиҳои ӯ ва ӯ баринҳо мегардад. Ин мардумро фиреб додан дигар коре саҳлу сода нест."

Муаллифи матлаб ҳаводиси Киевро кори дасти гуруҳҳои ҷинояткор хонда, афзудааст, ки дар Тоҷикистон низ чунин талошҳо ба назар мерасанд: “Тамоми намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда, ҳизбу ҳаракатҳои ба истилоҳ мухолиф ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имрӯз ба проблемаи «шиканҷа» рӯ овардаанд ва аз худ пуштибони аҳли ҷиноятро метарошанд. Ин формула ҳам барои аксарият кушода аст, ки ҳар як инқилобро «оқилон тарҳрезӣ мекунанду мутаассибҳо амалӣ ва қаллобҳо истифода». Мутаассибтар аз аҳли ҷиноят куҷо метавон пайдо кард?”
Мӯҳр
г
Зоиров не, ягон каси дигар ин тачрибаро рохандози хохад кард. Ин рохи давлатдориеро, ки хукумат пеш гирифтааст, оянда надорад. Окибаташ мисли Каддафиву Янукович хохад шуд. Ин ба кудак хам маълум аст, ки бори кач ба манзил намерасад.

Адиб Собир аз Тирмиз
Шарм кунед "часурон"! Дар паси чанд зани мочарочую игвогар ва конуншикан пинхон шуда худ ба конуншикани рох медихед. Тарс аз он дорам, ки ин "часурхо" боз ба сари кишвар ягон бало наоранд.Асоси хамаи мочарохо ана хамин конуншиканию беадолатихост. Айб аст, айб...

Haqiqatju
Rost mega ami jurnalist I Zoirov odami Uzbakistonai. Mehos ki Tojikistona notenj kuna ki halqi ba oru nomusi tojik hej goh inro namehohand. Zoirov tu az pai koroi hudat shav jura hej kas ba tu Bovaram nadora tarafdoritam namekuna gair az du ajnabii monandi hudat. Farzandi ba nomusi Millat hej goh dar safi tu barinho budanro namehohad. Ti kto takoi? Davai Do.....

Язнам
Шумо хамин занхои часур мешуморед?

Мухандис
Мардуми Укроин часур хастанд,ки барои адолат ва хакикат мубориза бурданд ва Януковичро ,ки мардумро горат карда буд,сарнагун карданд. Он занхои исенгар хеч вакт часур нестанд.

Точикистони нав
Вакте мардуми Украина мисли шуриши Восеъ бар зидди диктатор бархост, хатто гарантияи Путин ба Янукович фоида накард. Путин хам дид, ки алайхи хашми мардум дар Украина хеч кор карда намешавад ва Януковичро дигар пуштибони накард. Ин ходиса дар минтакаи пасошурави як фоли ачиб ва нек аст.
https://www.inopressa.ru/article/26Feb2014/times/ukraina_putin.html

Точик
Дар ин сафсатанома як чумлае хаст мехохам корманди фабрикаи игво ва тухмати КГБ и Рахмонов шарх дихад. "Инкилобро окилон тархрези мекунанд, мутаассибхо амали менамоянд ва каллобхо истифода мебаранд". Аз ин гуфтаи ин маълум мешавад ки инкилоби солхои 92-ро мардуми окил тархрези намуда буданду мутаассибхо( яъне Сангакхою Яъкубхо, Худойбердихою Файзалихо) амали намуданду каллобхо, яъне Рахмонуф ва оилааш истифода бурданд. Хаминро гуфтани хастед чаноби игвогар "Кухистони" ?????

А аз Б
Хайрият, ки ами Зоируф будай, ага не ин зардак сурхаку лакайаку мугулак дига рохи игвоандози надоштанд. Дар мавриди Укроин бошад ин ирода, хохиш ва хаки мардуми далери ин кишвар аст.

Точикак
Бахудо ки хукумат Украинаро дида тар шуд. Дигар ба чашми худ диданд, ки мардуми аз зулм ба чон расида чихо метавонад кунад. Эхее дигар эхтиёт шавед...

бекак
Точикаки ифлос,
Он корхоро халк не куввахои беруни мекунад. Ту холо дар гуши хар хови, маскаву дуга хурда

Точикистони нав
Мана окибати президенте, ки факат гами худро мехурад ва хешутаборашро.

https://www.trust.ua/news/91705-nad-russkoj-bazoj-v-krymu-ukrainskij-mig-i-ne-dae

t-vyletet-yanukovichu---smi.html

Фарход
Зоиров, аз бахри Кабириву Хайдулло Абдуллоеви демократ гузаред! Онхо аз хамаи сиесатмадорони Точикистон сиесатмадортаранд.

Ёкуб
Мардуми Украина вокеан кахрамон хастанд. Такдири хар диктотур хамин аст ва аз ин бадтараш такдири Казофи. Бояд дарс шавад ба онхое, ки фукашон осмонро мехарошад!

Яъкуб.
Салом ба хама бародарон.Аввал ин ки Янукович тавонист пеши рохи чангро гирифта,агар чунин марди намекард монанди давлатхои афторитари чанги шахрванди огоз мегардид.Ин диктаторон аз тарси курси чунин афсонахо мебофанд,ки инро давлатхои абаркудрат мекунанд.Агар мардум агар мардум аз Рохбарон рози бошанд ягон абаркудрат дар ягон давлат табадуллот карда наметавонанд.Дар Укроин ин киеми мардумии худи мардуми бузурги укроин хаст,ки халолашон бод.

шумовори беваҳои нобакор, Наход шумо худро дар бағали Зоиров партоед. Охир вай ҳам зану фарзанд дорад. Агар таҳқиқ карда бароян ними ин Занакаоа шавҳарҳояшон ДАЮС ҳастанд. ВКД шумо дар куҷоед? чаро роҳи ин занони нобакор намегиред. Аз ин кори бефоидада равен фарзандотона тарбия бкнен. Эзору таҳпушотона мешуен да берн кашол мекнен бо да бораи СУЛҲ гап мезанан. ОЗОДАГОН ЧОП КУНЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)