Бахшҳо

Раҷаби Мирзо: "Аз муҳоҷирон қаҳрамон сохтан чандон дуруст нест"

Ҳоло дар торнамои avaaz.org раъйдиҳӣ барои гузоштани ҳайкали муҳоҷир ё муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе идома дорад. Тарадфори ин иқдом мегӯянд, муҳоҷирон иқтисоди Тоҷикистонро мечархонанд ва месазад барои онҳо ҳайкал гузошт. “Озодагон” аз мусоҳибони худ пурсид, “ҳайкали муҳоҷир дар Душанбе гузошта шавад?”


Раҷаби МИРЗО, роҳбари маркази таҳлилии “Бозтоб”:
“Ба фикрам, мавзӯи каҳрамонӣ дар Тоҷикистон масъалаи печида аст. Дар ин чанд соли охир чанд категорияи қаҳрамон доштем. Як муддат мегуфтанд, ки зиёӣ бояд қаҳрамон бошад. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, баръакс, гуфтанд, ки ҳамон ҷанговарон бояд қаҳрамон шаванд. Як муддати дигар ҳатто аз сарватмандон ҳам қаҳрамонсозӣ мекарданд. Ниёзҳои ҷомеаи мо барои як симои қаҳрамон мушаххас нашудааст, системаи ҷамъиятӣ шакл нагирифтааст. Дуруст аст, ки муҳоҷирони мо иқтисоди кишварро нигоҳ медоранд. Агар ин муҳоҷирони мо барои фаъолият ба кишвар баргарданд, ҳукумат муваззаф мешавад, чораҳое барои ҳалли мушкилот биандешад. Чӣ қадар ҳам саҳми муҳоҷирон барои иқдисодиёт муҳим набошад, дар ҳар сурат ман тарафдори қаҳрамон кардани онҳо нестам. Қаҳрамон кист? Умуман қаҳрамон онест, ки кишвар ва миллати худро дар хориҷ муаррифӣ мекунад. Аммо муҳоҷирони мо бештар барои бароварда сохтани ниёзи иҷтимоии хонаводаи худ сафар мекунанд. Аз ин хотир, қаҳрамон сохтан чандон дуруст нест.”

Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори илми ҳуқуқ:
“Ин пешниҳоде, ки ба миён омад, ҳолати ҳамин шабу рӯзи муҳоҷиронро ифода мекунад. Ҳамзамон мантиқ, арзиш ва ҷавҳар вуҷуд дорад. Тибқи маълумоти оморӣ буҷет ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аз ҳисоби муҳоҷирон аст. Агар онҳо баргарданд, кор нест. Гумон мекунам, барои мондани муҷассамаи муҳоҷир дар Душанбе зарурат нест. Ҳамзамон мақомоти расмии давлат бояд ба тавре фаъолият кунанд, ки кафолатҳои ҳуқуқии амният ва иҷтимоии шаҳрвандонро берун аз кишвар таъмин намоянд ва онҳо худро шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон эҳсос кунанд.”

Абдураҳмон ХОНОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Он шаҳрвандоне, ки дар хориҷ чунин пешниҳод кардаанд, наметавонем ҳамаи он пешниҳодотро қабул намоем. Дар хориҷ шаҳрвандон зиёданд ва шояд ин пешниҳод танҳо аз тарафи гурӯҳи кӯчак бошад. Дуруст аст, ки муҳоҷирони мо иқтисоди кишварро пеш бурдаанд. Ин бисёр масъалаи муҳим аст. Тамоми фаъолияти мо дар доираи қонуни амамлкунанда бояд сурат бигирад. Ин иқдоми ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, он бояд бо қонун ва мақомот ҳамоҳанг карда шавад. Гузашта аз ин, мо символи давлатдорӣ дорем. Дар маркази Душанбе ҳайкали Исмоили Сомонӣ ҳаст. Ин беҳтарин рамзи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аст. Фикр мекунам, ба қаҳрамонсозиҳои дигар ниёз надорем.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сафар
Рачаби Мирзо, "Қаҳрамон кист? Умуман қаҳрамон онест, ки кишвар ва миллати худро дар хориҷ муаррифӣ мекунад". МАГАР ХОЛО ЧУНИН ИНЕСТ?!?!?!?!?!?!?!?

Дилёб
Бародар Абдураҳмон ХОНОВ дар айни замон фикр мекунам агар ба сохтани харгуна мучассама дастгох тасмим бигирад, беихтиёр шумо низ ба ин ниёзманд мешавед. Аз ин лихоз хар чизро аз пеши худ гуфтан хуб нест. Барои ибрози акида кардан боз як бор аз (...) пурсидан лозим, шояд онхо ниёз доранд.

Дар Армения ба хар хамчун симои захматкаш муччасама ва е хайкал гузоштаанд, шумо ба мардуме ки иктисодиети касодро дар пой рост медорад хохиши гузоштани хайкалашро надоред шубхаовар

Haqiqat
АСЛАН ХАЙКАЛТАРОШИВУ ХАЙКАЛГУЗОРИВУ ХАЙКАЛПАРАСТИ ОДАТИ МАРДУМИ МУСУЛМОН НАБОЯД БОШАД. БАЧОИ ХАЙКАЛГУЗОРИ ХАМОН ПУЛИ ХАЙКАЛРО БА ЯК БЕЧОРА ДИХЕД . БА НАФАРЕ ДИХЕД КИ МЕХОХАД БА МУХОЧИРАТ РАФТА ПУЛ КОР КАРДА ОИЛА БАРПО КУНАД. БА НАФАРЕ БИДИХЕД КИ БАъДИ ОИЛАДОР ШУДАН МЕХОХАД НАВАРУСАКРО ТАНХО ГУЗОШТА БА МУХОЧИРАТ РАВАД. КАЙ АКЛИ ИН МАРДУМ МЕДАРОМАДА БОШАД!!! АГАР ХАМОН ХАЙКАЛГУЗОРИ ЯК ЗАРРАЕ ФОИДА МЕДОШТ МАН 100 ГУЗОРЕД МЕГУФТАМ. БАЧОИ ИН КОРАТОН АЗ ХУКУКИ ПОЙМОЛШУДАИ ХУД ДИФОъ КУНЕД !!!

Мухочир
Ба Рачаби Мирзо "Оё як оиларо хурондану пушондан ва онхоро аз марг начот додан" магар кахрамони нест?

вахмак
Баьд хаму хайкали мухочирро дар кадом шакл месохта бошан! (Дар китф сумка, дар даст билет) (Либосхои чиркин дар даст ароба) (ба як даст андова ба дигараш сатили лой) фикр кардан даркор...........

Дар ин сомонаи avaaz.org ман даромадам ба чои петитсия гуфтагии Шумо дигар петитсияи ачоиб ва мухимро инчунин доги рузро:

https://www.avaaz.org/ru/petition/Ne_doverya_Prezidentu_Tadzhikistana_Rahmonu_i_e

go_pravitelstva_Stat_pered_narodnym_sudom_Rahmon_i_ego_komanda/?copy

дарёфтам ! сахт ачоиб фикр мекунам пешниходи хеле шавковар ва кобили дастгирист!

Мегум валай нарш менен ё мода,х,айкала мегум!

Dev
Мухочир,
Pas hajkalata dar zamini padarat mon !!!
Kahramon on kases,ki millatro dar horija handaharish namekunad,nomi millatro ba Jumshudivu Ravshani nameorad, hudro ba oludagi nameoloyad, nomu nangu huni milli dorad...
Biser mehoham,ki dar ru ba rui saforati Rusijoh , jo akalan dar nazdi aeroport hajkali Hurshedai 9-sola bo tani hunshoru abgor monda shavad , ki ham baroi modari tojik sabaku ham baroi nasli navras dars va ...

Хайкал мондан? Чаро не? Пул чамъ кунед, чояшро бо шахрдори мувофика намоед, ба хайкал тарошмурочиат кунед. Хар кадар хайкал зиёд бошад, ба хусни шахрхо зам мешавад, ба фархангу таърих ва чаззобияти туризми хам. Шахрхое хастанд пур аз мучассамахо, чаро аз мо набошад? Масъалаи кахрамон будан ё набудани мухочирон бахси дуюмдарача аст, аммо бигзор хайкал хамчун инъикоси лахзаи таърихи ва як офаридаи санъат бошад.

як нафар
Масъала кахрамон сохтан, ё насохтан нест. Мучассама гузоштан, хам маънои аз мухочир кахрамон тарошиданро надоранд. Ин нангу ор аст. Бояд ба мучассамаи мухочир чун дард муносибат кард.

Faronsa dar qalbi Poris haykali Muhamad bu aziz ro ki soli 2011 bar asari musht khurdan az tarafi polis dar Tunis khudro otash zad hamchun ramzi ozodikhohi nunyod kard..Albatta in voqea sabab shud ki onqilobho dar chand davlati mujoviri Tunis sar zanad va chand sardori diktoturro kushtau gurezau zindoni guzorad...Lekin to hol kase dar Tunis ham ba in javon unvonero munosib namebinad...Hamin ast hayot dar davlathoi qafomonda..Ba korgar va dehqon faqat tahqir va nopisandiro ravo mebinand....Va ziyoiyon va hukumatho dar sharq sz sababi on ki korgaron va dehqonon kamsavod buda huquqhoi khudro difo karda nametavonand onhoro mavridi ehtimom qaror namedihand...

бас кунеде кучахою туалетхои урусора тоза мекунанд боз хайкалу кахрамон шаванд оо дар мухочират ягон илм е навовари меоранд ун гастеро милатро шарманда кардаанд нони кок мехураму куча руби туалетозакуни гастери намекунам

Азизбек
Аслан ман тарафдори гуфтаи Рачаби Мирзо астам,гарчанде,ки мухочирони мехнатии точик бо ишкамби кок ва бехукукию бенавои ва тахкироту мушкилоти зиёде ба хаёташон бо дасту дили пок расо беш аз 15 сол инчониб давлату миллатро хуронда ва пушонида истодаанд.Гузоштани хайкала ё худ пайкараи мухочир ба фикри ман дар фикри хар шахси ба ору номус андешаи бардаги дар мулки русро ангеза медихад,ки ин барои шахсе,ки кадре ору номус ва миллатдусти дорад он кадар хушоянд нест.Аз тарафи дигар хайкал низ ин як чузъи фарханг аст ва хурду оми точик онро хар руз хохад дид.Он дар андешаи ноболиги точик боз хамон фикри мухочирию гуломиро тарбият хохад кард.Хамчунин хоричиёну сайёхони зиёд низ шояд ба андешаи гуломии ин миллат бовар кунанд.Аз ин ру сохтани он гайриимкон ва нодаркор аст.Бехтарин хайкали ояндаи шахри Душанбе бояд симои модари точик,ки тули асрхо родмардонро оваридааст ва тарбия кардааст бояд бошад.Аз тарафи дигар имсол Мавлоно Чоми,муттафакири оламгири точик имсол 600 сола мешавад чи хуш мешуд,ки хайкалаш пайдо мешуд дар пойтахт!Сафар,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)