Бахшҳо

Шабдолов: “Бадахшониҳо пешниҳоди Сӯҳроб Шарифовро қабул намекунанд”

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили Маҷлиси Намояндагон, дар вокуниш ба ҳарфҳои Сӯҳроб Шарифов баргузории раъйпурсӣ ва иваз кардани сохтори давлатдории Тоҷикистонро беасос донист. Ҷаноби Шарифов рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, “Тоҷикистон дар системаи унитариву автономӣ бояд ислоҳот гузаронад ва танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад, бас.”

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто дар сурати баргузории ҳамапурсӣ касе аз суханҳо ва пешниҳоди ҳамкораш - Сӯҳроб Шарифовро дар мавриди барҳам додани вилоятҳо, пуштибонӣ нахоҳад кард. “Мутмаинам, ки пешниҳодро дар Бадахшон сад дарсад рад мекунанд. Ҳатто дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам бар зидди он хоҳанд буд. Агарчӣ онҳо вилоятҳои маъмурӣ-иқтисодӣ ҳастанд, аммо бар зидди ин пешниҳод мебароянд”,-афзуд ӯ.

Шодӣ Шабдолов илова кард, “ҳеч имкон надорад як сокини ноҳияи Мурғоб барои расондани шикояти худ 900 километрро тай карда, ба марказ биёяд. Мардуми тоҷик аз воқеаҳои солҳои 90-ум бохабар аст ва он таҷрибаи талхи кӯшиши ҷудошавии шимол аз марказро дар ёд дорад. Мо дидем, ки талоши Суғд барои ҷудо шудан аз марказ бо чӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа кашмакашиҳои зиёд шуда, бесарусомонӣ шуд.”

Ин вакили парлумони Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар ин авохир баъзе аз коршиносон пешниҳодҳои, ба қавли ӯ, бемантиқ ва сафсатаро дар миён мегузоранд. Ба гунаи мисол ӯ аз пешниҳоди коршиносон дар мавриди таъсиси Бадахшони бузург ном гирифт. “Як андешаи бемаънои дигар. Чӣ гуна садҳо километрро тағйир бидиҳему дар хоки Афғонистон аз ҳисоби хоки Тоҷикистон “Бадахашони бузург” созем? Ман намефаҳмам ин гуна фикрҳо аз куҷо пайдо мешавад”,-таъкид дошт Шабдолов.


ПЕШНИҲОДИ СӮҲРОБ ШАРИФОВ

ВОКУНИШИ ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ташаббуси "супер стратеги" Точикистон С. Шарифов чолиб аст. Аммо он танхо ба манфияти Маскав хохад буд. Сохтори давлатии Точикстонро халалдор кардан баробари ба нести овардани Точикистон аст.

Шабдиз, Шаббода, Шабҳангом, Шабоҳанг инҳоро метавон мафҳум кард ин маънои Шабдолаш цизе бошад?

сароб
вилоятхо бояд бархам дода шаванду - районхо бояд бимонанд!

К-эй бехабарон рох на ин асту на он

Molodec Shabdolov, edinstvenniy adekvatniy politik. Pamirci nikogda ne otdadut svoyou avtonomiyou. A lyoubaya pravokasiya so staroni pravitelstvo lis usugubit polozhenie.
Tak chto sharifov ili kak vas tam, zakroyte svoi rot pozhaluista!

Душанбе
Вилоятхоро аз байн бурдан шарт нест, Шабдолов дуруст мегуяд. Аммо хамин автономияи Бадахшонро точно аз байн бурдан даркор. Бигзор мисли дигарон факат вилоят бошад. Вагарна фардо Россия онро чун Крим истифода хохад кард. Бародарони бадахшони, чудоихохи накунед. Дигар автономия-павтономия даркор нест.

Dev
Man sad dar sad tarafdori Sharipovam .Baraks baroi mardumi dehot hub meshavad,ki dodashonro dar hudi markazi nohiya meshunavandu natija mebarorand, agar ne albatta natija az markaz doda meshavad. Holo boshad yavval nohiya, agar nashud bad viloyat , boz ki nashud ba pojtaht, az 3 kissai betag duto hub nest ! ...Boz yak tarafi musbi in ast ,ki kak raz judoshavii shimol az markazu janub az markaz ruh namedihad, chun tasmimgiranda markazi nohiyavu pojtah meshavand, nohiyai hurdakak kobiliyati judoshavi namekunad, in fakt.Holo hujandiho tobi hatlonihoro nadorand, hatloniho tobi badahshoniro nadorand, az in dardi bechora halos boyad shud. Janobi Shabdoluf az ba nesti rasidani sohtori komunistiash metarsad, chun medonad,ki doirai Kompart tangtar shuda istodaast.

Мухтарам Шоди Шабдолов Шумо асаби худро вайрон накунед Сӯҳроб Шарифов барин одамони Беакл дар Точикистон зиед хастанд инхо агар акл медоштанд да 5 мохи соли 2013 бойгарии Точикистонро аз Нохияи Мургоб ба Хитойихо намефурухтанд. Ман Шохиди хор хастум ки хамин нодон Сӯҳроб Шарифов дар нохияи Ишкошим замини байни сархади Точикистону Афгонистон ба Афгонхо намесупурд Ин нодон хамон вакт бо JPS кор кардан намефамид, думардаки мусафеди Афгони омаданд ва бо JPS ба ин нодон доказат карданд ки мо ин заминро мегирем. Точикистон заминро Бохт ба Афгонхо.Мо хаминро метарсем ки пагох бедор шавем Вилояти моро ба Хитойхт фурухтагиянд.

Шамшод
Ин масъаларо расонахову журналистхо чалаб карда, як тархе, ки ояндаи вахдати давлатро таъмин мекунад, ба шикаст ру ба ру мекунед!

БА Сухроб Шарипов набояд диккати чидди дод. У як хангомасоз, сенсация мехохад. Дониши амик аз шинохти чомеъ, сиёсат ва иктисоди онро надорад.... Сиёсатшиносе ки аз иктисодиёти чахони хабар надорад, дар холи хозир чи кимат дорад?! Дар хак чое ки буд, ин Сухроб факат сенсация мекард. Гохе бар зидди хукумату гохе дар хушомадгуи ба он...Вале доим бар зидди Руссия мегуяду менависад, вале маълум нест, ки у барои ки кор мекунад. Шояд ин хам як супориши хадамоти махсуси худи Руссия аст, ки ба дарсти Сухроб Шарипов Точикистонро боз як бори дигар мардуми соддаи моро ба чанги махаллхо ва нохияхо бикашонанд. Россия, баъди канда гирифтани марказхои сиёсиву фархангии точикон (магзи давлату давлатдори), холо хуб медонад чои нозуки (ахиллесова пята)и халки точики кухистони дар кучо аст....Ин як провокатсияи Сухроб буда метавонад....Бисёр эхтиёткор бояд буд....!

Акаи Шоди, ин Сафаров мумкин дар вакти "сабантуи" подшохои имруза, дар курсии маскарабоз нишаста, вазифаи аз ин афродхо гирифит ки як ба гуфтаи руссхо "разведка боем" гузаронад, ки онхо андешаи мардум шунаванд, чи мегуянд! Лекин пусти Жироновский ба вай баробар намеояд, чунки ин гуна савсата хатто у Жироновский, неметавонист бофтан, ва акли вай хам намерасид, ки одам то кадом дарача бояд бе акл ва бе дониш бошад.
Чаноби Сафаров, то он даме ки дар Бадахшан хатто як нафар шахрванд истикомат хохад дошт вай ХУДМУХТОР мемонад!

Darvesh
Voobsheto hami Sharipiov fikrhoi mara guftestay. Dar haqiqat biloyat darkor nest!!!

ахсан мухтарам шарипов. дар хакикат аз тарафи шахру нохияхо барои нигахдории сохторхои вилояти нолозим бисер маблагхо сарф мешаванд. бар ивази ин маблагхо дар мобайни 1 сол хамаи куххои вилояти сугдро бо дарахт таъмин менамуд ки ба фоидаи кор аст. итак ваколатхое ки дар вилоят пештар буд ба сохторхои чумхурияви гузаштааст ки корхо бо маром идома доранд. ман боз пешниход менамудам ки шахру нохияхо низ камтар карда шаванд. зеро ки кумитахои махалхо ва чамоатхоро корошонро пурзур намуд. масалан ба вилояти сугд ба чои 18 шахру нохия 6 таш басанда мебошад. баъд маблагхои бучети ба рушди инфрасохтор сарф намуда чиновникои бекорая ба бизнес чалб намуд.

бадахши
вилоятхоро бархам зада баъд районхоро баъд кишлокхоро баъд хонаводахоро.вокеан сухроб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)