АКС: Дарди дили занони зиндонӣ ба Махфират Хидирова
Як гурӯҳ аз занон дар зиндони Норак дар сӯҳбат бо Махфират Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфтаанд, солҳои тӯлонӣ пушти панҷара мондани онҳо ба ахлоқи фарзандонашон бетаъсир нахоҳад монд. Онҳо гуфтаанд, беҳтар мебуд муҳлати зиндонашон кам шуда, занон бештар машғули тарбияи фарзандони худ бошанд.
Хидирова рӯзи 6 март барои тақдими ҳадяҳо ба муносибати Иди модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил мешавад, ба маҳбаси занонаи шаҳри Норак рафт. Парвин Ализода, сухангӯи Муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Махфират Хидирова ба занҳои маҳбус дастгоҳҳои дӯзандагӣ, рӯймол, ҷӯроб ва шириниҳо ҳадя намудааст.
Ализода афзуд, дар маҳбасхонаи Норак беш аз 300 зан нигаҳдорӣ мешавад ва барои фарзандони дар зиндон таваллудшудаи онҳо низ тӯҳфа додаанд. “Занҳо дар мулоқот бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оила аз шароити нигоҳдорӣ ва ғизояшон дар маҳбасхона изҳори розигӣ карданд”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |