Бахшҳо

Зокиров аз хизматрасонии Қудратов ва Табаров даст кашидааст

Фахриддин Зокиров, вакили боздоштшуда, аз хизматрасонии вакилони дифоъ Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, ки дар гузашта якҷоя ҳимояти Зайд Саидовро ба уҳда доштанд, даст кашидааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, яке аз вакилони нави Фахриддин Зокиров хабар дода, афзуд, баробари ӯ ба ҳимояти Зокиров инчунин Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Амиралиев ҷалб шудаанд. Салихов афзуд, ки аллакай аризаи Зокиров дар бораи даст кашидан аз хидмати Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод шудааст.

Дар мавриди иқдоми минбаъдаи вакилони нави Фахриддин Зокиров, Мавлудҷон Салихов илова намуд, ки имрӯз, 11-уми март аз болои қарори додгоҳи Фирдавсӣ дар мавриди ҳабси думоҳа ба додгоҳи Душанбе шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.

Фахриддин Зокиров шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Мӯҳр
Нн
Кор ба дасти Еров ва Салихов расида бошад такдири Зокиров давно хал шуд набошад

Мухлиса
Ин чумлатона якбор худатон хонед. Акнун ба ин кашмакашхои бемаъни Фирдавси хам хамрох шуд. Монед рухашро безобита накунед. "...карори додгохи Фирдавси" нест! нохияи Фирдавси бояд бошад. Фирдавсии бечора додгох надошт. Аммо уро хам хамеша чун ин адвокат таъкиб мекарданд. (Дар мавриди иқдоми минбаъдаи вакилони нави Фахриддин Зокиров, Мавлудҷон Салихов илова намуд, ки имрӯз, 11-уми март аз болои қарори додгоҳи Фирдавсӣ дар мавриди ҳабси думоҳа ба додгоҳи Душанбе шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)