Даъват аз президенти Қазоқистон: Ҳуҷуми низомии неруҳои Русия ба қаламрави Украинаро маҳкум намоед
Раҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии аққалиятҳои укроинӣ дар Қазоқистон аз президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев даъват кардаанд, ҳуҷуми низомии неруҳои Русия ба қаламрави Украинаро маҳкум намояд.
Бино ба иттилои Укринформ, онҳо бо зикри ин нукта, ки фаъолияти меҳнатии Назарбоев аз Днепродзержински Укроин оғоз шудааст, гуфтаанд, аз дахолати низомии Русия ба корҳои дохилии Укроин бо баҳонаи “ҳифзи мардуми русзабон” нигаронанд: “аз Шумо Нурсултон Абишевич даъват ба амал меорем, ки аз номи мардуми Қазоқистон ҳуҷуми неруҳои ҳарбии Русия ба қаламрави Укроинро, ки тамомияти арзии ин кишварро зери суол мебарад, маҳкум намоед”.
Раҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии аққалиятҳои укроинӣ дар Қазоқистон дар идома афзудаанд, ки аз он ки 1 марти соли 2014 Шӯрои ҷамъиятии Федератсияи Русия якдилона муроҷиати президент Владимир Путинро дар мавриди истифодаи неруҳои мусаллаҳ ба қаламрави Укроин ҷонибдорӣ кард, шадидан нигаронанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |