Зокиров ҳабсашро ба қазияи Зайд Саидов марбут донистааст

Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори ҳабси думоҳаи Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ, Зайд Саидовро бетағйир гузошта, қарор намудааст, ки зимни тафтишот Зокиров дар маҳкама нигоҳдорӣ шавад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, яке аз вакилони Фахриддин Зокиров хабар дода, афзуд, ки қарори ҳабси зерҳимояаш ғайриқонунӣ аст ва аз болои он ба марҳилаи назоратӣ шикоят хоҳанд бурд. Салихов афзуд, ки алайҳи Зокиров тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст, вале дар аъмоли зерҳимояаш ягон нишонаи ҷиноӣ нест: “Фахриддин Зокиров дар он муттаҳам мешавад, ки ӯ роҳбари ҶДММ “Ёвон-Котон” буда, барои ҳамин корхона як миллион доллар қарз гирифтаю корхонаро ба гарав мемонад. Ин баҳси иқтисодӣ аст, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон рафта истодааст ва ҳеч ҳоҷат ба ҳабси Зокиров нест.”
Худи Зокиров дар суҳбат бо Исҳоқ Табаров, вакили дигари Зайд Саидов боздошташро ба фаъолияти касбияш, аз ҷумла ҳимояти ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик рабт додааст. Зокиров худдорияшро аз хизмати Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов дар парвандаи худ шарҳ дода, гуфтааст, дар сурати машғул шудан ба қазияи ӯ барои ин вакилон дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов мушкилтар хоҳад шуд.
Фахриддин Зокиров шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |