Бахшҳо
14 мар 2014 15:15Тоҷикистон / Сиёсат

Салимзода гуфт, зидди намоишкорӣ дар тоҷикӣ кардани насаб аст

Дар пасманзари маъракаи густурдаи тоҷикӣ кардани ному насаб ва лағви пасвандҳои “ов”-у “ович”, ки махсусан миёни мансабдорон роиҷ шудааст, хабаргузории “Озодагон” аз коршиносон омилҳои авҷ гирифтани ин равандро дар вақтҳои охир суол кард:

Олимҷон Салимзода, вакили парлумон

Он, ки мардум ба тоҷикӣ кардани ному насаби худ таваҷҷуҳ кардаанд, ин кори онҳо ҳаст. Вале аз он раванде, ки ин шабу руз идома дорад, барои ман хушоянд нест. Барои мисол ман 10 сол қабл тасмим гирифтам, ки насабамро аз Салимов ба Салимзода табдил диҳам. Рафтам ҳамон идора ва хостаамро амалӣ кардам. Ба касе ҳам нагуфтам. Барои ман нофаҳмо аст, ки чаро имрӯз баъзе аз масъулин тоҷикӣ кардани насаби худро эълон мекунанд. Шояд аз сабаби он, ки шахсони расмӣ ҳастанду мардум ҳангоми муроҷиат иштибоҳ накунад гуфта хабар медиҳанд. Вале ман тарафдори чунин як маърака нестам. Ман тарафдори он нестам, ки ба тоҷикӣ баргаштани насабро ба чунин маъракаи хабарӣ табдил бидиҳем. Тоҷикӣ кардани ном дар асл бадие надорад.

Шоҳин Самадӣ, котиби сеюми вазорати корҳои хориҷӣ

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ҷалолиддини Балхӣ
Сабаби иваз кардани насабам ба шакли тоҷикӣ пеш аз ҳама хоҳиши баргаштан ба асли хеш буд. Ҳангоми рӯзноманигориям бо номи Шоҳин Самадӣ менавиштам. Бисёр шодам, ки ин корро, дерам бошад, кардам. Агар аҳамият дода бошед абармардони адабиёти тоҷику форс номҳояшон миллианд. Ҳатто он нафароне, ки дар даврони Шӯравӣ кору фаъолият мекарданд зери эҷодиёти худ номҳои тоҷикиашонро мегузоштанд. Ҳамчунин бештари рӯзноманигорони чирадасти тоҷик бо номҳои тоҷикӣ менависанд, аммо дар асл, дар ҳуҷҷат ному насабашон дигар аст. Дар Озодагон низ ҳастанд ингуна нафарон, умедвори онам, ки ин рӯзноманигорон низ дар ҳуҷҷатҳояшон номҳои худро иваз мекунанд. Бо гуфтаҳои Гавҳар Шарифзода дар бобати рисолати ҳар як тоҷик барои иваз кардани номҳо сад дар сад розиям ва ҷонибдории он касро мекунам, ки барои ин гуфтаҳояш бештари мардуми ноогоҳ танқидаш карданд. Бояд фахр кард, ки њукумати кишвар имрӯз ба ин масъала аҳамияти хоса медиҳад ва аъзои њукумат бо иваз кардани номҳои худ ба шакли тоҷикӣ намунаи ибрат мегарданд.

Ёқуби Саид, дабири сомонаи хабарии “Ормон”


Агар риёкорӣ набошад, беҳтарин иқдом аст. Вале мушоҳида мекунам, ки ба таври дастаҷамъона иваз кардани ному насаб он ҳам аз ҷониби мансабдорон он қадар холисона наменамояд. Иваз кардани ному насаб набояд ба як маъракаи густурда ба монанди “Саҳмияи Роғун” табдил ёбад. Хоҳиш ва ихтиёри фитрии ҳар нафар аст, ки бо ному насабаш чӣ кор мекунад.

Мақомдорони кишвар баъд аз интиқоди Шерхон Салимзода, додситони кулл, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки тоҷикӣ накардани насабро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида донист, дарҳол ба тағйири насабашон гузаштанд.
Мӯҳр
Дилшод
Ин як чизи оддӣ ва ҳамзамон хеле шахсӣ аст. Барои чӣ ягон корро бе маъракабозию риёкорӣ ва муболиға анҷом дода наметавонед ? Шахсият шавед ва мавқеи худро дарёбед. Ҳамон пасвандҳои "ову" "ев" ҳам барои дорандаи он як муддате аз саҳифаи умри ӯ аст. Агар бо дарки худ ба иваз омада бошанд аҳсант, аммо агар барои аз маърака қафо намондан бошад пас бояд каме такмил ёбем.

шамс
Бародарон аз ном ивазкуни ягон пешрави намешавад. Вазифаи хамаи мову шумо одам будан аст. Фаркаш чи аст ки Алии дуздро Вали ном монед? Чахонбинию хислату рафторро иваз кардан даркор. Дуздию фасод ,хилаю найранг ,берахмию тухмату бухтон ба якдигарро бас кардан даркор аст. Хулоса одам шудан даркор!

555
Ба мансабдорон бепул, ба мо мардуми одди бе пулу бе имруз биёву панох биё намешавад. Боз аз сад ч,ой справка биёр гуфта безор мекунанд, справка бошад бе пул нест !!!!!!!!!

Tojiki kardani nom yane che? Nemi zaboni Tojik Arabist!
Faqat yak misol ovarem:

"President Emom-Ali Rahmon"

President = Kalamayi dar asl Latin va Inglisi
Emom = Kalamayi Arabi
Ali = Ismi Arabi
Rahmon = Arabi

Абдулло
Агар мансабдорони мо хоханду, ки марудуми точик хамааш ному насаби точики дошта бошанд ва дар иваз кардани ному насабашон заифи накашанд пас хуб мешавад, ки тибки супориши хамин курсишинхое, ки хар руз кариб дар парлумон як конуни нодаркоро мебароранд як конуни дигар барои ройгон иваз кардани ному насаби точики хамаи шарвандон шаванд. Ва илло агар як нафари кабагал раваду гуяд ному насабамро точики мекунам аз хамон чамоати дехоташ ришва ситони сармешавад то хукумати нохия! дигар хамон одами бечора аз точики кардани номи худаш, ки точионки масъул безораш мекунанд пушаймон мешавад! Хай шумо "чанобон" метонед!

гр.ссср
пасвандҳои “ов”-у “ович” буд,хамаи мардум бо чои кору маоши нагз таъмин буданд ва ягон камбуди надоштанд, “ов”-у “ович” бархам хурд, хама овораву саргардон,бечои кор ,ришваву фасодкори ва кашшоки авч гирифт.

Шумо дига кор надорен, ки хами ному насиби алиш мекунен як кори дигарро фикр кунед ки Давлат пеш равад. Давлат фикри пеш рафтанро кунед на инки фикри ному насаб ё инки фикри шаходатномаи нави ронандаги хай ана акнун кардед чи шид пеш рафт Точикистон?????

Дехкон
вичдон ва инсофро тагир дихед.номро не бояд вазифаро иваз кард.илм омуз давлатро пеш бар .ба фоидаи халк кор кун номат кулуххам бошад абади мемонад.

Бо иваз кардани ном нопухта хом мемонем. Як гуптем дия)))

Ман низ тарфдори иваз намудани ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистони азизам ҳастам ва аз он пуштибонӣ хоҳам кард, аммо ба ҳамин мансабдорон ҳайронам о ҳамин як маротиба оиди НБО-ии Роғуни ҳоло сохта нашуда ба воситаи телевизиону ВАО овоза кардем ва то ҳол намегузорандамон, ки ҳамин нерӯгоҳи сарсахтро созем. Чӣ лозим аст ин қадар овоза кардани боз ин намоиш. Худи мансабдорон ку ба Руссия барои муҳоҷират агар паронандтон намеравед, о монед мардуми бечора ақалан боз аз қафои ҳамин "реклама"-и Шумо сарсону саргардон нашаванд.

Хочи
Фаромӯзи  Ҳамзазода,
Ачаб дунёе, пештар агар Наим Салимович намегуфти, сардор хафа мешуд. Холо чи бояд гуфт ки хафа нашавад. Косими Рохбар?О ин беодоби мешавад ку? Давайте, хамин мурочиаташро хам ба точики ёбем, шояд барои мухочиронамон чои кор ёфт шавад...

шолатиф
инхо бовари кулл доранд, ки фарзандонашон ба русия мардикори намераванд, аммо касоне ки ин эътимодро надоранд ба насабнависии руси конеъ хастанд. зеро медонанд, ки ин насабсозии бобои фардо дар гариби як балои калон нахезонад хам, боиси як пуписаву чарима мегардад, ки хеч хукуматдори хонашери мо ба додашон расида наметавонад...... падари мо солхои охири 80 ум баъди бозгашт аз афгонистон номхои моро бобои карданд ва ин икдоми гурури милли то хануз моро ранч медихад.хатто дар постхои худи точикистон низ моро "чи ту афгони" гуфта мепурсанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)