Бахшҳо

Парванда нисбати корхонаҳои Фирташ дар Тоҷикистон

Нисбати корхонаҳои “Тоҷиказот” ва “Гулистон”, ки аксари саҳмияҳояшон ба миллиардери боздоштшудаи украинӣ дар Вена, Дмитрий Фирташ тааллуқ доранд, парвандаи иқтисодӣ боз шудааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов хабар дод, ки 5 дарсади саҳмияҳо дар “Тоҷиказот” ва “Гулистон” ба писари зерҳимояаш, Хайрулло Саидов тааллуқ доранд. Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки Фирташ саҳмияҳоро дар корхонаҳои Тоҷикистон ғайриқонунӣ аз худ кардааст.

Табаров афзуд, ин парвандаҳо қабл аз боздошти Фирташ боз шуда буданд ва давоми мантиқӣ баъди зиндонӣ кардани Зайд Саидов мебошанд. Ин вакили дифоъ илова кард, ки ба ҳимояти ҳуқуқҳои Зайд Саидов дар парвандаҳои иқтисодӣ Фахриддин Зокиров машғул буд, ки феълан дар ҳабс қарор дорад.

Фирташ дар Тоҷикистон аксари саҳмияҳои “Тоҷиказот”, ягона тавлидкунандаи нуриҳои минералӣ ва 95 дарсади саҳмияҳои корхонаи калони дузандагии “Гулистон”-ро дар ихтиёр дорад ва тамоми дороии ӯ ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Додгоҳи Вена рӯзи 14 март қазияи боздошти Фирташро ба баррасӣ гирифта, қарор кардааст, ки метавонад ба ивази 125 миллион евро гаравпулӣ ӯро озод кунад. “Интерфакс-Украина” далели боздошти ин миллиардери кишвари худро, як лоиҳаи баҳсбарангези сармоягузории соли 2006 дар Ҳиндустон хондааст, ки яке аз боздоштшудагон аз рӯи ин қазия алайҳи Дмитрий Фирташ шоҳидӣ додааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)