Хатми Қуръон ба хотири Маршал Фаҳим дар Душанбе (АКС)
Алишер ЗАРИФӢСафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба хотири Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон ва яке аз пешвоёни тоҷикони ин кишвар дар Душанбе маросими фотиҳахонӣ ва хатми Қуръон баргузор намуд.
Дар маросим, ки имрӯз, 15-уми март дар сафорати Афғонистон дар Душанбе идома дорад, баробари намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва аҳли адаб инчунин Эркин Раҳматуллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва Саидамир Зуҳуров, сардори Сарраёсати сирри давлатии Тоҷикистон иштирок доранд.
Абдуғаффори Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе зимни суханронияш аз Фаҳим чун мубориз зидди таҷовузгарони мардуми Афғонистон ва тероризми байналмилалӣ ёд карда, таъкид намуд, ки Фаҳим дар марҳилаи хеле муҳим, дар остонаи интихоботи раисиҷумҳури Афғонистон дунёро падруд гуфт: “Ҷои ӯ холист ва номи неки ӯ дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар маросими фотиҳахонӣ марҳум Фаҳимро дар раванди истиқлолиятхоҳии Афғонистон яке аз чеҳраҳои барҷастаи ин кишвар унвон намуд. Кабирӣ гуфт, бо даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим раванди истиқлолиятхоҳӣ дар Афғонистон аз байн нарафта, балки идома хоҳад ёфт. Зеро ба қавли номбурда баъди террори Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ Афғонистон шахсиятҳои дигарро рӯи саҳна овард, ки роҳи бузургонро идома доданд ва чунин ҳолат баъди сари Фаҳим низ ба миён меояд.
Ҷоруллоҳ Мансурӣ, муовини вазири нақлиёти Афғонистон дар ин нишаст гуфт, Маршал Фаҳим дар зиндагӣ ҳеч чизро ба арзишҳои динӣ ва истиқлоли Ватан, озодманишию озодагӣ баробар намекард. Ҷоруллоҳ Мансурӣ мегӯяд, Фаҳим ба хотири ҳифзи дин ва Ватан на аз сахтиҳои табиат ҳаросид ва на оташу тӯпхонаҳои душман тавонистанд ӯро аз сангари ҷиҳод ақиб гардонад: “Ҳар замоне, ки душман дар баробари Фаҳим ва ҳамсангаронаш қарор мегирифт, мардуми Афғонистон дуо мекард, ки Худо ин марди бузургро дар паноҳаш нигоҳ дорад”. Номбурда иброз намуд, ки Маршал Фаҳим ҳамеша ба ҳамсангаронаш мегуфт, ба душман пушт нагардонед.
Ҷоруллоҳ Мансурӣ қайд кард, ки Фаҳим озодӣ ва ободии Афғонистонро танҳо барои мардуми Афғонистон намехост, ҳамеша мегуфт, Афғонистон қалби Осиёст, оромӣ дар Афғонистон боиси оромӣ дар ҳама кишварҳои Осиё мешавад: “Диди ниҳоят дӯстона дошт ва ҳамон пешравӣ ва ободиро, ки барои Афғонистон мехост, барои Тоҷикистон,Эрону Покистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ҳамонро мехост. Диди ӯ фаротар аз марзҳои Афғонистон буд. Орзуи ниҳоят баландаш ҳамин буд, ки Фаҳим мехост як уммати исломии пешрафта ва мутараққиро дар ҷаҳон шоҳидаш бошад. Ҳеч гоҳ аз ҷанг хуш набуд ва ҳамеша мегуфт, ҷангро барои ободӣ мекунем, агар ҷанг накунем ба ободӣ намерасем. Фаҳим буд, ки дар 13 соли гузашта дар низомсозӣ, қонунмандӣ ва дар эҳтиром ва татбиқи арзишҳои демократӣ нақши барҷастаеро ифо кард”.
Муовини вазири нақлиёти Афғонистон гуфт, шиори Фаҳим ҳамеша ин буд, ки “демокросӣ равиш аст, арзиш нест ва арзишҳои куллиро дини Ислом дар зиндагӣ ба мо гуфтааст”.
Муҳаммадқасими Фаҳим, ки 56 сол дошт, рӯзи якшанбе бар асари сактаи қалбӣ дар манзилаш даргузашт. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, марги маршал Фаҳимро мусибати бузург хонда, дар ин робита се рӯз мотами миллӣ эълон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |