Бахшҳо

Иқрори Қодири Қосим дар парлумон: Мо ақиб мондем! (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Қодири Қосим, раиси навтаъини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, эътироф намуд, ки бо вуҷуди қабули қонунҳои зиёд амалан Тоҷикистон дар умури соҳибкорӣ аз бисёри кишварҳои ҷаҳон қафо мондааст.

Қодири Қосим зимни муарифии лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” дар назди вакилони мардум гуфт, ки аз буҷаи кишвар дар соли ҷорӣ барои ҳимояи молӣ аз бахши хусусӣ ва тоҷирони инфиродӣ 30 милион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Ба гуфтаи Қодири Қосим қабули қонуни нав дар бораи дастгирии соҳибкорӣ барои рушди бахши соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ гуфт, “аз соли 2002 дар баробари қабули санад дар мавриди ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, қонун “Дар бораи ба қайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ”, қонун “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ” ва қабули кодекси андозу гумрук дар таҳрири нав заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро ба вуҷуд овардаанд.”

Қодири Қосим дар ҳузури вакилони парлумон гуфт, ки қабули Барномаи дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 низ як қатор афзалиятҳоро барои соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ кардааст.

Исмоил Талбаков, вакили парлумон дар тақвияти суханони раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки қабули санади мазкур барои баланд бардоштани рейтинги Тоҷикистон дар феҳрастҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. “Мо ба як банди лоиҳаи ин қонун ибораи “рейтинг”-ро ворид кардем, чунки шароит барои беҳтар кардани фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкилоти молиявии байналмиллалӣ ва грантдиҳандагон фароҳам оварда шудааст. Беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ба афзоиши иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард”, гуфт Исмоил Талбаков.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди қабули асноди зиёд вазъи соҳибкорӣ ва ҳимояи сармоя чандон рушд наёфтааст. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки соли гузашта дар рейтинги озодии соҳибкорӣ, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ва корпоратсияи байналмилалии молӣ таҳия мешавад, Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойи 143-юмро ишғол кард. Ба гуфтаи оқои Кабирӣ ин ҳам дар ҳоле, ки солҳои қабл Тоҷикистон дар ин феҳраст ду зина болотар қарор дошт: “Тоҷикистон аз руйи се нишондод-сабти номи корхонаҳо, эҳтимоли эълон шудани муфлис ва ҳимояи сармоя ақиб рафтааст. Савол ҳам ин аст, ки чаро вақте мо қонунгузориҳои хуб дорем, ки бояд сармояро ҳимоя ва рушди соҳибкориро таъмин бикунанд, вале Тоҷикистон сол ба сол аз руйи ин нишондодҳо ба ақиб меравад ва миёни кишварҳои пасошуравӣ дар зинаи поёнтарин қарор дорад?”

Роҳбари ҲНИТ гуфт, ки шояд баъзеҳо баҳогузориҳои Бонки Ҷаҳониро субъективӣ бигӯянд, аммо гузориш ва омори дохилӣ ҳам ҳокӣ аз он аст, ки дар соли гузашта соҳибкорони бештар фаъолияти худро қатъ кардаанду ин тамоюл идома дорад.

Дар посух ба ин пурсиши вакили парлумон, Қодири Қосим, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки воқеан ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ санадҳои зиёдеро қабул кардааст ва ба сифати далел аз барномаи дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 мисол овард. “Воқеан Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 дар феҳрасти мазкур ҷойҳои хубро ишғол карда буд. Аммо дар соли 2012-2013 мо аз руйи се нишондод поён фаромадем. Дар ҳоли ҳозир барои ислоҳ мо корҳои заруриро андешида истодаем. Бояд гуфт, ки мо дар назди кумита Маркази дастгирии бахши хусусиро таъсис додем”, илова намуд Қодири Қосим.

Роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки дар соли сипаришуда барои дастгирии соҳибкорӣ ба 26 субъекти соҳибкорӣ бо маблағи зиёда аз 28 миллион сомонӣ кумак карда, дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлатӣ барои дастгирии соҳибкорон 30 милион сомонӣ дар назар аст. Қодири Қосим гуфт, ки албатта ин маблағи кофӣ нест, аммо корҳо идома доранд.


Мӯҳр
Чаноби К.Косим!
Чаро ба суол посухи мушаххас дода наметавонед ё ин мушкилро ошкор карданї нестед? Дар холе суол возеху рушан аст, чаро бо кабули конухои худ кор дар ин самт бех намешавад.....
Фикр мекунам, агар чуръат карда икрор мекардед, ки хама чиз вобаста кисту чистт, хама чиз ошкор мешуд.............

диловар
аз кучо ,хукумати мо аслан ба горати сохибкорон машгул асту бас!!!

Salom
Конунбози накунену дуздиву рекетири налогу пожару таможняву дигару дигарша бас кунен, бизнесменои бечорара начикен монен кор кунан ки дигар гуломи урус шудан зарурат намонад

Абдугафор
Дар мавриди карзхои фоизашон паст фахмида намешавад ки кадом барои пешрафти карзи фоизаш камро аз кадом бонкхои ЧТ дастрас кардан мкмкин аст .Ба фикрам дар ягон бонк чунин нест.Чунки ман зиёда аз 20 маротиба шудааст ки аз бонкхои гуногуни ЧТ карз мегирам , дар ин бонкхо баракс мебошад. Мисол бори аввал агар карз гири 30-33 фоизи солона пешниход менамоянд бо сомони дар як сол. Ба чое ки барои дастгирри сохибкории хурду миёна аввал фоизи ками ба мисли 18%-20% пешниход намудан онхо фоизои баландро тавсия менамоянд.Вакилои мухтарам дар хамин масъала як фикри аник намоед.

Сохибкор
Дар кишваре ки сармоягузор гарантияи мухофизати амволи худро надорад имкон надорад он кишвар пешрафте дошта бошад. Хучум ба амволи Зайд саидов ва дустони хоричииаш баёнгари ин аст ки оянда дар ин кишвар сармоягузори нахохад шуд. Чун сармоягузор аблех ки нест омада дар ин кишвар сармоягузори кунад ва рузе "як гурух дузду бандит аз номи давлат" омада молу амволашро бо истифода аз зур ва гайри конуни аз худ кунанд.

дар хакикат конунхои зиёд доир ба дастгири ва пешбурди сохибкори дар ЧТ кабул гардидаанд.. аммо, вакилони мухтарам, шумо як бор аз раисони кумитахо ва вазирон суол дихед, ки чи кадар хуччатхои дохили сохтори (ба руси агар гуем: разного рода приказы. распоряжения, положения итд итп) кабул мекунанд, ки хамаи онхо мухолифи талаботхои конунгузории амалкунанда мебошанд. ва албатта зертобеони онхо аввалан талаботхои ин хуччатхои дохилиро ичро менамоянд, чунки дар тобеияти ин ё он макомот кор мекунанд, ва агар зид бароянд, худатон медонед аз вазифа сабукдуш.. ин албатта аз тачрибаи сохибкорон гирифта шудаги аст. мархамат як бор суол ва санчида бароед...

Барои чи вакилони мардуми аз Сугд дар дахан об гирифта мешинанд, агар кор карда натавонанд, манфиати минтакаро лобировать карда натавонанд барои чи унча мешинанд, инро таърих намебахшад, хозираю хузури гуфта гаштиян лекин дар оянда халк аз хоб хезад инро намебахшад, дог ба авлодашон мемонад. Дар самти дастгири сохибкори бисёр конунхо кабул кардем хамаш дар когаз. То 3 шохаи идоракунии давлатро амали нанамоем супер конунхо кабул намоем хам бефоида. Як одам худаш конун мебарорад худаш ичро мекунад худаш суд мекунад. Одами хуб лекин бисёр душро ба худ гирифтааст, ки набошад аз ухдааш намебарояд.

сабаби асосии катъ кардани фаъолити сохибкорон ин хама андоз аст ки сохибкорон корашона сар нокарда алакай андоз аз гулуяшон мегирад о монед камтар инкишоф ёбанд

Кодири Шумо барин раиси бесаводВилоятро хароб кардед номусу шарафи худро фурухтед имру шумо дар ентернет вазияти Республикаро шарх медихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)