Бахшҳо

Соли 2014 мизони ба Русия мардикорӣ рафтани шаҳрвандони Узбакистон 33,2% коҳиш ёфтааст

Давоми 2 моҳу шаш рӯзи соли 2014 дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда аз Узбакистон ба қаламрави Русия 204 ҳазор нафар камтар сафар кардааст. Раванди муҳоҷирати узбакҳо 33,2 дар сад коҳиш ёфтааст. Ин нуктаро Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба соли 2013 теъдоди шаҳрвандони хориҷии ба Русия омада 15,5 дар сад коҳиш ёфтааст, ки бештар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт мегирад. Аз ҷумла дар ин давра теъдоди шаҳрвандони Қирғизистон ба 41,9 ҳазор (28,7%) камтар шудааст.

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои коҳиши сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия силсилаи рейдҳо барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад, ки соли сипаришуда анҷом шуданд.

Дар пайи ин рейдҳо бархе муҳоҷирон депорт шудаву аз ҳаққи сафар ба қаламрави Русия ба муҳлати аз 3 то 10 сол маҳрум гардиданд. Ҳамчунин, соли 2013 ба қонунҳои марбут ба муҳоҷирати Русия як қатор тағирот ворид шуд, ки муҷозот барои нақзи муҳлати будубоши муҳоҷиронро сангинтар кард.
Мӯҳр
аз русия ягон фоида нест ватанро обод кардан даркор бехтараш аз тч хам 50 фисад имсол кам шавад хуб аст охиста охиста нараванд ба ватани скинхедхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)