Бахшҳо

Анҷоми гуфтушуниди Хайруллоев бо қирғизҳо: Роҳ ҳамоно баста аст

Ҷониби Қирғизистон роҳи Ворух-Исфараро, ки охири ҳафтаи гузашта бар асари нофаҳмиҳо миёни сокинони ду кишвар бастааст, то ҳол боз накардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” манбаъ аз ноҳияи Исфара хабар дода, афзуд, ки ба ҳалли ин қазия Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният машғул мебошад. Манбаъ афзуд, ки феълан даври аввали гуфтушуниди Хайруллоев бо қирғизҳо анҷом ёфт, вале роҳи Исфара-Ворух ҳамоно баста аст: “Интизор меравад, ки мулоқоти навбатии Хайруллоев бо қирғизҳо рӯзи 20-уми март сурат гирад.”

Роҳи Ворух-Исфара баъди тирпаронии 11 январ дар марзи ду кишвар баста шуд ва танҳо 17 январ баъди музокироти намояндаҳои ҳукумати ду кишвар боз гардид. Инчунин охири ҳафтаи гузашта, баъди он, ки воситаҳои нақлиёти сокинони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо сангборон шудааст, миёни ҷонибҳо боз нофаҳмӣ сар зада, қирғизҳо ба роҳбандӣ даст задаанд. Ин дар ҳолест, ки гузаргоҳҳои гумрукӣ низ баъди тирпарронии 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз баста шуда, то ҳол боз нагардидаанд.
Мӯҳр
Саидзода
"Хамсоя аз хамсоя ранг мегирад" мегўянд. Мо бо Ўзбекистон чандон муносибати хуб надорем. Акнун киргизхо хам каму беш кўрнамаки доранд. Мо ба онхо хакки язнаги дорем-ку. Ё сиёсати чахони дигар мешавад, ки имруз Киргизистон дар мавриди гайриконуни будани фаъолияти президентии Янукович мегуяд ё мо каме сиёсати хоричии худро бояд дигар кунем.

Ин генералатон поша боло када хов рафтас дар гостиницаи Точиксодиротбонк, факат барои намошиши мошину номерои 2222 4444 омадагиай. халки Ворух ба пеш инхо факат дар гами худшонанд!!!!

кишвар
Ghost,
Рост гуфти бародар ин марди солхурдаро аз дасташ чихам меояд!? Ин мард агар ингуна корро карда метавонист, АРТИШ-и Точиксторо ухда мекард! У бояд нафака мебаромад аммо бинобар сабаби чашмгуруснагиву тарсу бим аз гунохои кардагиаш, аз кор рафта наметонад.

Точик
Чаноби Саидзода! Мо ба киргизхо хакки язнаги надорем. Онхо язнаи точикхо хастанд. Ни хакикати тарихист.

Точик,[
Посух
Э, мардум, чи ахамият дорад, ки язнаи ки аст. Аз хамин менталитети точикитон намонден-да. Дар сиёсат ин хели гапхо нест! Дуруст аст, ки Президент ва Хукумат бехуда чашми умед ба Хайрулоев духтаанд. Холо чомеаи киргизхо хеле пеш рафт. Усули корро низ мо бояд дигар кунем. Ин чо дипломатияи халки, намояндагони чомеаи шахрванди, фаъолони хифзи хукукхои инсон лозиманд, ки ба афкори чамъиятии Киргизистон таъсир расонанд. Набошад, бо ин нагмахомон мо хеле "почак" мезанем...

О ин кас аз хамун аввал танхо ба пикники оилави рафта одат кадагиян -де. ба гарм, ба бадахшон танхо пикники оилави мерафтанд, да хаму вактои чанганда ам

Навруз
Ин масъалахои сустии байналмилали натичаи сиёсати нодурусти регионализми точики аст.Бо ин амалашон кишварро ба зону мешинонад!

Маводи мазкур комилан инъикосгари вокеият нест. Рохи Исфара-Ворух боз аст ва мардум алхол озодона равуо мекунанд. Вокеан хам санаи 15 марти соли равон ба иллати мунокишахохии чанд тан аз чавонони масту сархуши дехаи Оксой, баъд аз рухдоди мунокишае баъд аз нисфирузи ин руз сокинони ин деха боз хам рохи Ворухро баста буданд, аммо баъд аз гуфтугузори чиддии раиси шахри Исфара Зохидзода Даврони Абдукодир, ки дар дехаи Оксой, дар байни 80-100 тан киргизтаборон худ анчом дод, онхо водор гаштанд, ки рохи бастаи худро бозпас кушоянд.
Бародарони азиз. Хохиш мекунам, аз сари эхсос изхори назар кардан, аз вокеиятро надониставу сабукборона бахо додан худдорй кунед. Имруз махз мавкеи устувор ва катъияти Шералй Хайруллоев ва чанд генерали дигари точик аст, ки киргизхои хамсояи мо сохтмони рохашонро боздоштаву ... рохи созиш мечуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)