Бахшҳо
19 мар 2014 10:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)

Алишер Зарифӣ

Сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони эҳтимолии тоҷик барои хизматрасониҳое, ки бояд ройгон пешниҳод гарданд, маблағ меситонанд.

Аз ҷумла аз як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар назди даромадгоҳи Раёсати шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои дақиқ кардани он, ки номашон дар рӯйхати депортшудагон аст ё не аз 10 то 20 сомонӣ гирифта мешуд. Дар ҳоле, ки дар пеши дари бинои ин раёсат навишта шудааст, ки гирифтани маълумот ройгон (бепул) аст.

Хабарнигори “Озодагон” низ ба сифати як муҳоҷири эҳтимолии тоҷик 18-уми март ба ин ниҳод муроҷиат кард ва як ҷавон, ки худро масъули раёсат хонд, маблағ талаб намуд.

Муроҷиаткунандагони дигар низ ба суоли “Озодагон”, ки иттилоъ дар бораи ҳаққи воридшавӣ ба Русия пулакӣ аст ё ройгон ҷавоб доданд, ки ”бепул асту, хай ягон сум метӣ да”. Яке 10 ва дигаре 20 сомонӣ барои муайян намудани номаш дар рӯйхати депортшудагон медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки ҳар чӣ зудтар корашон ҳал шавад. Корманди Хадамот, ки дар ҳузураш муҳоҷирон дар навбат буданд, аз онҳо пул гирифта дар пушти нусхаи шиносномаашон шумораи телефонашонро менавишт. Баъди анҷоми ин кор ин масъули хадамоти муҳоҷират вориди бинои раёсат шуда, ба муҳоҷирон ваъда дод, ки “то пагоҳ дар рӯйхати депортшудагон будан ё набуданатонро муайян карда, тариқи телефон занг зада мегӯям ё худатон метавонед омада фаҳмед”.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, талабаи маблағ аз ҷониби кормандонашон барои ин намуди хизматрасонӣ ғайриқонунӣ буда, ҳар нафаре, ки ба чунин амал даст мезананд, нисбаташ чораҳо андешида мешавад: “Худи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ як муовинашро барои назорати ин масъала вазифадор намудааст. Мо ин масъаларо пайгирӣ намуда, дар сурати пайдо кардани далел барои пулгирӣ аз муҳоҷирон, ҳар корманде бошад, муҷозот дода мешавад, аз вазифа озод карда мешавад”.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират то ба ҳол беш аз 72 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхатти нафароне ҳастанд, ки бо иттиҳоми қонуншиканӣ то 5 соли дигар ҳаққи ворид шудан ба Русияро надоранд.

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)

“Ғорат”-и муҳоҷирони тоҷик аз Ватан сар мешавад (АКС)
Мӯҳр
Чони нодон дар азоб. Мухочирон худашон метавонанд ба ана ин адрес ба сомонаи ФМС Россия даромада бубинанд ки дар руйхати депортшудагон хастанд ё на. https://services.fms.gov.ru/info-service.htm?sid=3000

МАРХАМАТ БА МАРКАЗИ ИНТРНЕТ СКАЙП ВОКЕЪ ДАР ХИЁБОНИ РУДАКИ 30 БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИ 3СОМОНИРО ДАР БАР МЕГИРАД ДАР МУДАТИ 2ДАКИКА ЯК ШИНОСНОМАРО МЕТАВОН ДИД БАРОИ МУХОЧИРОНЕ КИ АЗ НОХИЯИ ДУРДАСТ РОqЁГОН БЕ НАВБАТ ХИЗМАТ МЕНАМОЕМ.

арвар
Ба хамааш худи мухочирон гунахкор! Ай хамин чо пула чапу рост додан мегиранд то Русия. Хукукашона ки намедонисти ва хифз накарди ура хар кас поймол кардан мегирад.

ин ваьдахои бардуруг,ки гуе пеши рохи чунин кормандонро мегиранд ва мучозот мешаванд хама вакт хаст .Мухочир,ки дигар чорае надорад мачбур мешавад барои кори худро тамом кардан чи маблаге ки талаб кунанд бидихад,агар надихад кораш тамом нааааамеееешааааавааааад,агарчи ройгон (песплатно) бошад хам.Вой бар холи МО мухочирон .Дар фурудгох низ барои пур кардани варакаи мухочират ки гуе хато навиштай е пур кардай ягон сум те Гузар гуфта дуг мезананд

ин ваьдахои бардуруг,ки гуе пеши рохи чунин кормандонро мегиранд ва мучозот мешаванд хама вакт хаст .Мухочир,ки дигар чорае надорад мачбур мешавад барои кори худро тамом кардан чи маблаге ки талаб кунанд бидихад,агар надихад кораш тамом нааааамеееешааааавааааад,агарчи ройгон (песплатно) бошад хам.Вой бар холи МО мухочирон .Дар фурудгох низ барои пур кардани варакаи мухочират ки гуе хато навиштай е пур кардай ягон сум те Гузар гуфта дуг мезананд

tojiki be vatan
Kiro az kor sur mekuni in hama shaf-shaf e besh nest, in pulchinak bo kadom xeshu hamdehai kadome az vazironast.

Аслидин
то вакте ки дар Точикистон порахуру порахури хаст мо халки камбагал азоб мекашем. Набояд хомуш нишаст .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)