Бахшҳо

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми март дар мулоқот бо зиёиёни тоҷик аз тангназарии афроде интиқод намуд, ки зидди Наврӯз баромад мекунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мулоқотро аз табрики зиёиён бо Наврӯз оғоз намуда, афзуд, “ашхосе, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад. Чунин ашхос ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонӣ барояшон муҳим нест.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд, ки Наврӯз ҳаргиз ҷашни мазҳабию ақидатӣ набуд ва нест.

Эмомалӣ Раҳмон аз шароити мушкили оғози истиқлолият дар Тоҷикистон зикр намуда, илова кардааст, “имрӯз, бо гузашти бисту се соли истиқлолият, мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки бо вуҷуди он ҳама мушкилот Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми рукнҳои демократии давлатдорӣ ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид”.

Раисиҷумҳури кишвар аз зиёиён хост, дар тарбияи насли наврас фаъолтар бошанд ва даъват намудааст, ки ба технологияи муосири иттилоотӣ наздиктар шаванд: “Ба хотири пешгирӣ кардани косташавии маънавиёт ва тарғиби ахлоқи ҳамида миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагонро вазифадор намуд, ки «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар асарҳои панду ахлоқии гузаштагонро ҳарчи бештар таҳияву интишор кунанд ва ба хонандагон пешниҳод намоянд. Ба ин муносибат баргузории конфронси байналмилалии илмиро дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи донишмандону ховаршиносони дунё дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба мақсад мувофиқ медонем. Номгузории яке аз хиёбонҳои пойтахти зебоманзари кишварамон ва яке аз муассисаҳои илмиву маърифатиро ба шарафи Мавлоно Ҷомӣ зарур мешуморам”.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баҳси кӣ будани зиёиён сухан ронда, гуфтааст: “Ман ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ ҳастам, ки ба гуфти онҳо аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон аз ташкили «Википедияи тоҷикӣ», ки ҷавонони тоҷик роҳандозӣ кардаанд, истиқбол намуда, таъкид дошт, ки онҳоро дастгирӣ хоҳад кард. Ӯ ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш додааст, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем.

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар бораи Наврӯз, интернет ва Википедия гуфт
Мӯҳр
Мухаммед
Рахмонов охир ту бесавод хасти!!!Навруз аз мо нест.Ту бар зидди Ислом мубориза бурдоси аммо фикр намекуни ки маглуб мешави!!!??

Дар 20 сол як гап истиклолият... истиклолият... бла... бла...
Дар пахлуяш бошад хамон “зиёиёни“ ба монанди Бахти Бозор Одним словом

порсо
харчанд тарафдори рахмон нестам вале бо акидайи у оиди чашнгирии иди НАВРУЗ хамовозам ва ашхосе ки оиди ин чашн таниш доранд гурури милли надошта лар доирайи мазхабии давлатхой араб побаста шудаанд.

порсо
мухаммед ту точики хакики нести агар точик мешуди намегуфтики навруз азони м о нест навруз чону дили мо ориенажодихо хаст мо бо навруз зиндаем ту боши пайрави араб хасти рав ба арабистон...

Таъкитан ба трафи асдреси раиси кумитаи телевизион ва радиои Точикистон Асадулло Равхмонов дар вохури бо зиёиён -2014 "Ту дуруг нагу" чй маънй дорад? Аз минбари баланд Президент ба раиси кумитаи телевизион мегуяд ки дуруг нагу чй маънй дорад? Яъне хамаи барномахои ТВТ ва радио дуруганд!? Президент мегуяд ки маблаги ТВ ва радио аз тарафи хукумат маблаггузорй мешавад. Чаро раисчи кумита ба Президент дуруг мегуяд? Дуруг торикии эъмон аст. Мухтарам Чаноби Олй дар хакикат Асадулло Рахмонов ба Шумо дуруг мегуяд. Ба Шумо хизмати хирсона мекунад. Тавре Шумо гуфтед кинахоро аз дил берун оред. Аммо... дуст занад табарвор, душман хурад шакарвор.

Tojik
Bozori Sobiri dushmani milatu shoiron va dushmani hudoro bined boz dar katori avval shishtaast. Agar EMOMALI millatdustdor mebud In dushmani millatero ki LENINRO az hamai shoironi tojiku paigambaronu hudo bolo donistaast in kadar peshdaro namekard.

Собик корманди твт чй мегуй. Имрузхо мо бо чашм ва гушхои худ дуруггуихои Асадулло Рахмоновро мебинем ва мешунавем. Вале чй чора. Мегуянд ки писарамаки Президент аст. Гапхои шумо бефоида аст. У любимчики Президент аст. Чй коре кунад мекунад. Тамоми ракосахои Точикистон дар ихтиёри у, аъзои хукумат ва рафиконаш аст. Фахшу фохишагй дар телевизион ба дарачаи олй расидагй. Кумитаи амният кучоро нигох мекунад. Хисси милли доштан даркор Чаноби Олй!

Суратгир одами Мирзошохрух ва атрофиёни у будаст-дя.

Хо бгу баъди танкидои Президент Асадулло Рахмонуфа капаш дуд кад. Як бор частй малахак, ду бор частй малахак, охир ба дастй малахак (Асадулло)!

Президент гуе намедонад ки кариб ду миллион шахрвандаш дар россия хастанд.чихел адаб омузем вактеки 8 мох дар россия хастему 4 мох дар назди фарзандон?

Бародар хамон чаноби олитоно гуед аз хамон милисахои хам як интикод мекарданд истиклолият нур ало нур мешуд! Аз муллохо интикод карда метонанд аз Умедчон Точиева куштагичи? Мулло ба фикрам бо бмв се нафара кушта секаси дигара захмдор кардагишон не!

История: Истина всегда глаголит устами воров и проституток!.. (Забони дузду гарр дароз аст!) Замона замонаи онхост ва гардиш дорад...

Ҷаноби Оли дар бораи асри нав сухбат кард, агар то асри 22 ягон таъгирот нашавад асри 21 ин асри бехаёи боки мемондасдия, чунки ба гуфти ЧО факат байни асрхода тагирот мешавад. wink

Дар рузи зиёиёни кашвар Чаноби Оли бисёр нагз дарк кардан нисбати Раиси Кумитаи телевизон Рахмонов А. ГАПХОИ ХУБ ХАМ ГУФТАН Зинда бошед чаноби оли Лекин раиси чои вай нест ман фикр дорам барои онки бисёре аз рузноманигорон аз вай рози нестан лек чи илоч рохбар аст гуфта бо фармони Президент аст гуфта токат доран.

смимимсясммисимс смимсисмс

Исфандиёр
Бародари Муухаммад шумо-сахт-хато-мекунад.Хонед-хонед-боз-хам-х
онед.Навруз- идди-миллии-мост!Шумо-ба номаша таваччуд-кунед!Рузи-Нав!Наврузи-мо-таърихи-6
-хазорсолаи-фарханги-бою-кадимаи-мор
о-дар-худ-тачассум-намудааст!Ин-иди-фалсафи-
ва-андешаи-соф-точикона-ориёна-аст!К
учо-расад-ба-араби-бефарханг-барои-доштани-

Чаноб авал Сари рохи мухочирата гир бад чавононро ташвик ба академияву воймадения кун? Мо мухочиро, ки кор накунем илму фархангу навруза бачи чашн мегири?

jorubboy
salom injo mavzui asli moro nigaronkunanda ast!
1-ZIYOIYON -yagontoyash bui ziyoii milliro nadorand
2- BOZOR S- ki yake az kommonistoni sarasakht ast magar uro ziyoi nomid?
3- inho masalan libos-hoi milli nadorand chi guna ziyoi nomid oyo ziyoi dar namoodi zohir ki shakli urupoiro dorand magar in millat az chi mefakhrad bo inguna khud firebi? ta,rikhi chand hazor sola!? man taajjub doram az inguna durugh-hoi ashkoro!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)