Бахшҳо
20 мар 2014 16:29Тоҷикистон / Сиёсат

Дархости дахолати Аслов ва Ализода ба мушкили тоҷикон дар Дмитровск

Созмонҳои ҳуҳуқи инсон дар пайи нашри навори ифшокунандаи вазъи бади муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳои Маскав аз мақомоти тоҷик хостаанд, ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ кунанд.

Дар ин муроҷиатнома, ки аз номи 13 созмони ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқ ба унвонии Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон равона шудааст, аз ҷумла омадааст: “Вазъи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта мешаванд, наметавонад аз мадди назари ҷомеаи шаҳрвандӣ дур монад. Аз Шумо хоҳишмандем оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав, ки ихроҷашонро ба Ватан интизоранд, чораҳои зарурӣ андешед ва умедворем, ки дар мавриди чораҷӯйӣ аз ҷониби Шумо ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот дарёфт мекунад.”

Зери ин муроҷиатнома роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон»- Халилов Нурмаҳмад, «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»-Наргис Зокирова, «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» - Наҷиба Ширинбекова, «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон»- Сергей Раманов, «Ахтари бахт»- Моиниссо Шоназарова, «Рушд»- Юсуф Муҳаммадзода, «Имкониятҳои баробар»- Шӯҳрат Саидов, «Перспектива+»- Ойниҳол Бобоназарова, «Mhaids»- Шӯҳрат Латипов, «Ғамхорӣ»- Боҳодур Тошматов, «Нота Бене»- Нигина Бахриева, Human Rights Matter, Berlin, Germany-Фарангис Зикриёева, "Бир Дуйно-Кыргызстан"- Толекан Исмаилова, “Ассосиятсияи журналистон” "Гендер Медиа Кавказ"-Галина Петриашвилӣ имзо гузоштаанд.

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки қаблан як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав ихроҷашонро ба Ватан интизоранд, дар суҳбат бо Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия аз шароити нигоҳдорӣ ва беаҳамиятии масъулин шикоят кардаанд. Муҳоҷирони тоҷик, ки миёнашон занон низ ҳастанд, бо зикри беаҳамиятии масъулини сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар назди дастгоҳи наворбардорӣ муфассал шароити тоқатфарсои нигоҳдорияшонро баён намудаанд:

Мӯҳр
Хатлони
чунин хукумат фарзандаш дар гариби бесохиб президенташ дар ватан !!!!!

Бесохиб
бас будагист зулму ситам гап зада наметони чора холи кун дигар кас омада мушкилии мо точикона хал кунад

Имруз рузи сиёхи халки точик аст, ки рохбарияти давлаташ хукуки шахрвандашро дар хорича дастгири карда наметавонад.

То рузе ки ин режим дар Точикистон хукмрон аст ахволи халки мухочир хуб нахоад шуд.

РАИС
САЛОМ АЛЕКУМ ХАР МАРДИ КИ ХУДРО СОЗМОН МЕГАН ХАМИНХЕЛ МАРДОНА КОР БАРАН МОРО МЕХНАТКАШОНИ ТОЧИКОНР БАД ХУРМАТ МЕКУНАН РАХМАТ БО МАРДОНИКИ ИН КОРО ПЕШ БУРДАН

Hudo az şumo rozi boşad İzzati aziz!
Agar rahmonu misli Şumo masuliyatro his mekardandu farzandonu hamvatanoni hudro sohibi mekardand mo ba ın hol nameaftidem!!!
Hudo şumoro ham ba çunin ruzho rasonad rahmonhovu lagandbardoroni u!!!

tojik
Inho tamomi qaroru qonunro tanho baroi nigah doshtani kursi mekunand dar fikri mardum nestand.
Mardum agar dar mudati 20 sol agar nafahmida boshand,ki in hukumat ki hastand digar hojat ba suxan nest.

Vaqto ,ki saforat shahrvandi xudro mefurushad figar hojat ba gap nest

парвиз
мардуми точик дар русия хеле азият мекашад аммо касе аз холаш намепурсад хатто дар боздоштгоххо хафтахо гурусна менишинад

Боре мардум шеъри Муҳаммад Иқбол "аз хоби гарон хез" ро хонданд, ба ҷои мардумон гуиё хирсҳо аз нимхоб бедор шуданд. Имруз чи...?
Агар Ҳофиз Шероз медонист, ки чи Рустам дар пай аст, ҳазорон пушаймон мешуд аз гуфтааш, ки чунин гуфта:
Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо ку Рустаме?

Ахтам
Ин кори хукумати русхо душманонии чонии точикон аст.Як рох аст пешгирии мухочират ба Руссия ,бовар кунед бе нони гадоии ин кишвар низ зиндагиро ташкил кардан мумкин аст.Русхо моро мустамлика хисоб мекунанд вассалом!

Миллатро ба зону шинонданд бо танку тупи рус соли 92!

Хабарнигорони Озодагон як бор пайгири кунед ки ба ин мурочиат масъулини номбурда чи назар доранд оё дар бораи ин мушкилот иттило доранд ё не.Хеле бад аст ки як созмони чаъмияти бо ин бародарон имкон меёбад ки вохурад вале макомоти давлати не.

али
Чони мухочири точик дар азоб аммо мансабдорон парвое надоранд асоси даромади халк аз хисоби мухочир Барои чи аз холу ахволи мухочирон рохбарони давлати точик парвое надоранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)