Модари Умед Тешаев: Писарам бемори руҳӣ аст! (ВИДЕО)
Маҳастии ДӮСТМУРОДМушкиниссо Эргашева, модари Умед Тешаев, маҳбусе, ки ахиран сардори зиндони Кӯлобро ба қатл расондааст, изҳор медорад, ки писараш ба бемории руҳии ирсӣ гирифтор аст.
Эргашева дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки худаш аз синни 14-солагӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор аст ва ин бемориаш ба писараш низ гузаштааст.
Мушкинисо Эргашева бо зикри он, ки писараш барои куштори як бачаи ҳамсояашон равонаи зиндон шуда буд, аз беэҳтиётии масъулини зиндон шикоят карданд: “Наход аз одами дар зиндон буда, эҳтиёт накунанд. Аз саги занҷирпеч ҳатто соҳиби он метарсад».
Модари Тешаев таъкид кард, ки баъд аз куштори Умар Қаюмов -- раиси зиндони Кӯлоб аз ҷониби писараш ӯ наметавонад, нафақаи худро бигирад. Ӯ илова кард, се моҳ боз 60 сомонии нафақаашро наметавонад, бигирад. Ин дар ҳолест, ки наздикони Умед Тешаев аз истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, вақте бори охир Умед Тешаевро диданд, “як тарафи рӯяш кабуд ва гӯшҳояш дорубанд буданд.”
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умед Тешаев соати 15:40-и 16 феврал дар утоқи кории полковник Умар Қаюмов, раиси зиндони Кӯлобро куштааст: “Маҳбус Умед Тешаеви 30-сола, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард, ҳангоми ба тартиб даровардани мӯйи сари сардори зиндон бо қайчии дар дасташ буда, як бор дар қисми сар ва 16 бори дигар ба бадани ӯ зарба задааст. Дар натиҷа Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ҷон бохтааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Маҳкумшуда санаи 31 августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |