Пурзӯр шудани "лимит"-и баҳории барқ ва хомӯшии Барқи тоҷик
Сокинони аксар навоҳии Тоҷикистон аз пурзӯр шудани “лимит”-и неруи барқ дар пайи иди Наврӯз шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, рӯзҳои охир танҳо шабона 2 соат неруи барқ мегиранд.
Назруллоҳ Саидович, як сокини маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рудакӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз рӯзи 25 март ба ин сӯ, ҳамагӣ дар як шабонарӯз ду соат неруи барқ доранд. Дар ҳамин ҳол, Малика, як сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон низ ин хабарро таъйид карда, гуфт, дар пайи рӯзҳои иди наврузӣ, ки неруи барқ қатъ нагардида буд, яку якбора лимит пурзӯр шудааст.
Ӯ мегӯяд, ҳоло онҳо аз меъёри муқарраршудаи неруи барқ, ки субҳ мегирифтанд, комилан маҳрум шудаанд: “Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳамагӣ тақрибан се рӯз каму беш барқ доданду ҳоло бошад ду соат медиҳанд. Шояд ин шадидшавии “лимит”-и ногаҳонӣ барои ҷуброни рӯзҳои додаашон бошад. Хубтар мешуд, ки ҳамон се рӯз лимит риоя шуда, имрӯз ба мисли пешин 6 - 7 соат барқ мегирифтем. Бовар кунед, бо ин неруи барқи дусоатӣ коре карда ҳам намешавад. Аз буданаш, набуданаш беҳтар!”
"Озодагон" ҳар чанд талош кард, далели пурзӯршавии "лимит"-и барқ дар кишварро равшан созад, вале мутаассифона талошҳо бенатиҷа буданд. Масъулини ширкати Барқи тоҷик дар робита ба ин қазия хомӯширо пеша кардаанд.
Пурзӯр шудани неруи барқ ва шикояти аксар навоҳии кишвар дар ҳолест, ки Афғонистон, харидори аслии неруи барқи Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз дошта, додугирифти газу барқ мавзуи меҳварии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳазрат Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон дар Кобул ба шумор мерафт.
Аз сӯи дигар, мақомоти вилояти Тахори Афғонистон низ ибтидои соли равон, аниқтараш дар фасли сармо, ки мавсими аслии ҷорӣ шудани "лимит"-и неруи барқ дар навоҳии кишвар мебошад, гуфта буданд, сокинони ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо нерӯи барқе таъминанд, ки аз Тоҷикистон содир мешавад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Маҳманд, раиси барқи Тахор, изҳор дошта буд, ин нерӯи барқ аз Тоҷикистон бар ивази 32 миллион доллар харидорӣ шудааст.
Ба гуфтаи раиси барқи Тахор, ин маблағро Бонки Осиёӣ пардохт хоҳад кард. Раҳбарияти барқи вилояти Қундузи Афғонистон низ гуфта буд, ки вулусволии Хонободи ин минтақа низ бо барқи Тоҷикистон таъмин аст. Ба қавли манбаъ, ин нерӯи барқи вулусволии Хонобод низ бар ивази 45 миллион доллар аз кумакпулии Бонки Осиёӣ харидорӣ шудааст.
Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардошта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |