Талаби ҳабси абад барои бародари президенти фирорӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи куштори оммавии эътирозгарони Бишкек дар санаи 7 апрели соли 2010 аз суд хостааст, Жаниш Боқиев, бародари президенти фирории Қирғизистон Қурбонбек Боқиевро дар ғайбаш ба ҳукми абад маҳкум намояд.
Бино ба иттилои расонаҳо баррасии ин парванда дар додгоҳи низомии гарнизони Бишкек идома дорад. Муттаҳамони ин парванда собиқ раҳбарони Қирғизистон ва қисми вижаи ҳарбӣ мебошанд. 306 маҷруҳ ва намояндаи 77 кушташуда ба ҳайси ҷабрдидаанд.
"Гуноҳи Жаниш Боқиев дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ, куштори эътирозгарон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор исбот шудааст", - гуфтааст намояндаи додситонии кулл.
Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин барои раҳбари пешини дастгоҳи президент Канибек Жороев ва прокурори генералии собиқи кишвар Нурлан Турсунқулов 15 солӣ маҳрумият аз озодиро талаб кардааст. Онҳо дар баромадан аз ваколати хидматӣ ва даст доштан дар куштори эътирозгарон муттаҳам мешаванд.
Барои собиқ раиси Хадамоти амнияти миллӣ Мурат Суталинов ва ду муовини пешини Хадамоти давлатии муҳофизат Нурлан Темирбоев ва Дониёр Дунганов 25 солӣ барои ҳар кадом хоста шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |