Бахшҳо

ВИДЕО: Генерал Раҳмоналӣ ваъдааш ба сарбози маъюбро кай иҷро мекунад?

Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ваъдаашро дар бораи пардохти маблағи ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик, иҷро накардааст. Ин сарбоз дар пайи латту кӯби шадид аз сӯи ҳамхидматаш ҷароҳати вазнин бардошта, тӯли 25 рӯз дар беморхона интизори ҷарроҳӣ аст.

Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбози латтукӯбшуда, ки сутунмӯҳрааш шикастаасту ба табобати фаврӣ ниёз дорад, мегӯяд, ҳар чанд генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба аёдати писараш омада, ҳазинаи ҷарроҳиаш аз сӯи давлатро ваъда дода буд, вале то ҳол ҳеч гуна иқдоми ҷиддиеро дар ин бора аз сӯи сарраёсат дар амал намебинад.

Мирзоев гуфт, “ҳоло маълум нест, маблағи ҷарроҳии писарамро аз куҷо пардохт мекунам, дирӯз ба командираш занг зада дар ин бора суҳбат доштем, аммо ӯ мегӯяд, ҳеч гуна кӯмаки молӣ карда наметавонад.” Падари сарбоз илова кард, ки табибон ба ӯ гуфтаанд, ҳадди ақал давоми 20 рӯзи оянда писараш бояд ҷарроҳӣ шавад.

Худи сарбоз мегӯяд, давоми чанд рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ мебошад, вазъи саломатии ӯ беҳбуде наёфта, ба ҷузъ даст узвҳои дигари баданаш ҳамоно ҳаракат намекунанд. Ба гуфтаи Шаҳбол Мирзоев, танҳо доруҳое, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи саломатияш заруранд, аз сӯи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон феълан таъмин мешаванд.



Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, мегӯяд, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст. Хабаргузории "Азия Плюс" такя ба иттилои ин ниҳод навиштааст: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадии кишвар дар ин қазияро рад кард.

Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштингирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муаян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта буд, ки сарбози осебдида айни ҳол дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло, бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъмин буда, табобаташ таҳти назорати табибони Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ қарор дорад: “Муолиҷаву табобат тавре қонун пешбинӣ кардааст, аз ҷониби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба таври ройгон таъмин карда мешаванд."

Аммо худи сарбоз ин ҳамаро рад карда, мегӯяд, фелдшер ӯро беасос мавриди латтукӯби шадид қарор дода, ҳангоми ба ин ҳолат гирифтор шуданаш ҳам, барои интиқол ба беморхона иҷоза надодааст: “Гуфтам, ба аком занг зада гӯед, маро ба беморхона барад, вале гуфтанд, дар сурате занг мезнем, ки гӯи худат баъд аз кашидани нос аз болои стулча ғалтидаӣ. Ман розӣ шудам, то зуд ба беморхона интиқол ёбам, аммо бо вуҷуди ин занг назаданд.”

Дар ҳамин ҳол Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, мегӯяд, дар қазияи зерҳимояи ӯ Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон наметавонад, айбдор набошад ва бояд хазинаи табобаташ аз сӯи ин ниҳод пурра пардохт шавад. Ҷӯраев таъкид дорад, “азбаски Шаҳбол аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми санитарии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, яъне нафаре, ки дар ин ниҳод кор мекунад, латту кӯб шудааст, бояд зарари расидашуда аз сӯи сарраёсат ҷуброн шавад.” Ӯ илова кард, ки ҳоло онҳо ният доранд, ба таври расмӣ аз тариқи нома ба масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ муроҷиат карда, ҳақиқати ваъдаи генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои пардохт шудани маблағи ҷарроҳии зерҳимояаш аз сӯи давлатро муайян созанд.

Суроғаи мустақими видео дар youtube: Сарбоз:
Мӯҳр
Ашт
Ин низомиён ва хукуматдорон дар аввал барои сарусадо нашудани латукуби Шахбол дар арафаи даъвати бахори ба хизмат хамаи ваъдахои дуругини худро карданд. Акнун чи такдири як чавони аз оилаи мухочирро ба Худо хаволла карданд. Ин аст артиши Точикистон ва ин аст кадру киммати сарбозон дар Харби. Аз ин бар меояд, ки имруз хукумати Точикистон бо истифода аз мардуми точик ба кавле обруй гирад бас вале дар асл хукуку манфиатхои шахрвандонашро химоЯ карда наметавонад. Такдири як чавон аз обруву эътибори хамон мансабдорону пагондорхо болотар аст. Онхоро бояд ба додгох кашид.

Jon
Salom,

Bovar kuned man yak chiz ba hayronam, ki nakhod yak sumdoreee paydonashavad ki gapi vazirro giradu hamin mardaki khubro burda tavobat kunad?

Agar ki nadoned kiroo iltimos kuned hamon shakhsone ki dar sarhad ba businessii kochok mashguland hamonhoroo iltimos kuned dast girii kunad.

Bovar kuned baze vaqt hayron meshavam baze vazironba ki az dastashon yachiz nameoyad. Man medonam ki agar ki sumroo yoband vayoo baroi korii khudashon istifoda mebaran. Nakhod odam 10000000000000000 dollar doshta boshad bo gurusna boshad? Afzuz ki man vazir nestam agar in kor u qadar kore nest ki kasholash dihi........................................................

Ин низомиён ва хукуматдорон дар аввал барои сарусадо нашудани латукуби Шахбол дар арафаи даъвати бахори ба хизмат хамаи ваъдахои дуругини худро карданд. Акнун чи такдири як чавони аз оилаи мухочирро ба Худо хаволла карданд. Ин аст артиши Точикистон ва ин аст кадру киммати сарбозон дар Харби. Аз ин бар меояд, ки имруз хукумати Точикистон бо истифода аз мардуми точик ба кавле обруй гирад бас вале дар асл хукуку манфиатхои шахрвандонашро химоЯ карда наметавонад. Такдири як чавон аз обруву эътибори хамон мансабдорону пагондорхо болотар аст. Онхоро бояд ба додгох кашид.

Облава огоз шудааст.Иттило доред.Дируз дар назди Автовокзал кормандон комиссариати нохия Сино 10-15 нафаро ки аз нохияхои дигар ба пойтахт омода будан облава карданд.Дастур ва супориши Чаноби Оли чи мешавад.

Пас чи гуна аз бемасъулиятии кисмхои низоми дили волидайн гарм мешавад, ки писаронашонро ба артиш интикол диханд?????????

Вайс
Салом кормандони "Озодагон" коменти маро метавонед чоп накунед, ин пешниход барои Шумо.
ман пештар навишта будам, ки тамоми масъулини ин казия, сар карда аз навбатдори кисми низоми то сардоронаш ва вазиронаш чавоб гуянд ва ин масъала тахти назорати Президенти кишвар бошад. Вале афсус, ки макомотхои дахлдор нисбати такдири ин сарбози мачрух беэътинои зохир намуда истодаанд ва боиси мъюби якумра гардидани ин чавон мегардад.
ман пешниход, мекунам, ки "Озодагон" дар якчояги бо дигар нашрияхо ташабус нишон дода барои чамъовариии маблаг аз чониби шахрвандони Точикистон суратхисоби бонки кушода, бо тарзи содатарини пардохти маблаг, аз чумла бо воситаи пост-терминалхои пулгузарони мурочиат намоянд. Чамъоварии 64 хазор евро барои як оилае, ки мусибатдор аст душвор мебошад, вале барои чамъият мушкиле надорад, бовари дорам, ки чавонмардони Точик дар дохил ва хоричи кишвар ин пешниходро дастгири намуда хисагузори мекунанд. бехтарин хислати чавонмарди ин кумак ба беморон мебошад. ман бовар дорам, ки бо мадади Худованд мо саломатии ин чавонро баркарор менамоем. ба хамаи Шумо саодатмандию барори кор орзумандам. Иловаи дигар, чаро ташкилотхои сугуртави, ки сарбозонро хатма сугурта мекунанд, бедараканд?

донишчу аз Амрико
Ба ин гуна рафтори макомот дили кадом модар мешавад фарзанди худро ба хизмати модари берахмаш равон кунад... ба ваи афсар чи чазо дидааст мухтарам хабарнигор иттилое надодаен интизори чазои ваи афсарем дар чавоби рафтори зишташ ба хамхизматаш чи чазо дидааст вои ба холи модари ваи ...

Мухтарам Вайс гап дар сари 64,000Евро нест, мумкин аст ки ин пулро як савобчу бо хама дигар харочотхош хатто рафту омад бо самолетро таъмин кунад, лекин гап дар сари он ки ин хел писари нажравшиесяхо кай чавобгария ба гардани худ гирифта аз пушти падари прокурорашон нею, хамчун БОТ (Контр Страйк), худашон чавоб дода метонан.

мухтарам озодагон ягон суратхисоб кушоед барои ин сарбоз,бовари дорам тамоми халки точикистон ери медихад!!!

Шармандагӣ ! Мӯҳтарам Раҳмоналӣ, наход ки Шумо аз ваъдаи додагиатон даст кашед. Охир ин сарбози Ватан аст ! Тамоми мардум ба оқибати чунин ходиса нигарон ҳастанд. Илтимос, нангу номуси нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро паст назанед.

Донишчу
Ҳамдиёр,

ман хамфикри шумоям бародари арчманд)) аз озодагон мехохам, то суратхисоб ба номи ин сарбоз кушоянд))))

haedar
salom kani maqomoti daxuldor ki in msalaro binan naxot yakori nochize ki hast hamina pesh giri karda natone

э кош фарзанди чунин нафаронеки ин ходисаи нангинро дидаву дониста инкор мекунанд ба сарашон меомаду мазаашро мечашидан

Малом кормандони "Озодагон" Мо чавонон бо фармони чаноби оли мухтрам Эмомали Рахмон дар бораи "Облава" гайри конуни бурдани чавонон ба сафи хизмати модар ватоан бароварда буданд ман тамоми чумхуриро гаштам дар тамоми кишварамон облава холиям давом дорад дар нохияхои дурдасти бо нисбат ба тарафхои Душанбе,Хисор Кургонтеппа, хеле бисёранд хар руз писарони дехкононро бурда истодаанд ягон конун нес хеле хуб мешуд хаминро мансабдорони кишварамон хар якташ теротерияи худашонро бинан раисони шахру нохияхои кишварамон дар шах зиндаги мекунан намедонанд дар тарафхои нохияхояшон чи кор рафта истодааст хатто мефахманд мон чикоре мекунанд кунанд шумо кори худатонро кунед писарошон дар пешашон кай парвои халкро доранд писарошон шаб дар диска кулубхо мегарданд намегуян дар кучо мегарди як шахрванди одие соати 10- хи шаб дар рох бинанд дарав патрулхо мебаранд чунки конун барои халк барои писарони сарватманд не онхоро диданд боз салом медиханд ба халк не лагат шапак карда мебаранд то чои бурданашон онро мекушанд боз мегуянд кадоме дар рох задааст рутон сиёх шумо лагандбардорони сарватмандон кати рисатон тез тар таги хок шавед шумо бори патрулхо шаби 3-апрели хами сол дар пеши Цирк як нафаре дар даст тамоку "сигарет "дошто то мехост онро кашад 2-3 потрул аз дасти он кашида гирифтанд боз айбро надониста мегуянд дар чои чамияти кашидан ман аст бади он нафар рафтан худи патрулхо рафта дар пушти рохи Цирк кашидаанд дар дасти ман навораш хаст ман холо дар интернет мемонам бинед сарватмандон ки конунро худи коргари макомотхо вайрон мекунанд ................

Бисёр хуб мешуд, ки то расидани кумак аз чониби генерл Рачабали Рахмонали бигзор худи пайвандони хамон шахси латукубкунанда чуброни зарар руёнида шавад. Асос саломатии сарбозоо баркарор каодан лозим.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)