Бахшҳо

Оғози тафтиши “таҳдид”-ҳои Ҳукумов ба “ИмрӯзNews” (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон “таҳдид”-и Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистонро нисбати рӯзномаи “ИмрӯзNews” мавриди тафтиш қарор додааст.

Тавре ба “Озодагон” маълум гардид, бархе аз иштирокдорони нишасти матбуотӣ, ки зимни он Амонуллои Ҳукуматулло ба хабарнигорони “ИмрӯзNews” таҳдид кардааст, барои додани баёнот ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват шудаанд. Манбаи “Озодагон” гуфт, даъват ва пурсиши шоҳидон идома дорад.

Амонулло Ҳукуматулло, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд. Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.” Масъулини “ИмрӯзNews” ин изҳороти Ҳукуматуллоро таҳдид хонда, аз мақомоти дахлдор хостанд, қазияро пайгирӣ кунанд.

Видеои нишасти матбуотии Амонуллои Ҳукуматулло: 29-уми январи соли 2014





Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ инчунин дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, 4-уми феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа фиристода шуд.

Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.
Мӯҳр
Шариф
ВКД руша сиёх мекна ягон проверкаш намекна бо хаму журналистора гунхкор меброра. Ин бо писараш ягон чазо намегирад!!!

Яъкуб.
Ин борба фикрам огохи мегирад чунки дар мансаб алъоннест.Аз мансаб ,ки рафти тафтишот меравад.Тибки баъзе овозахо тафтиши Хукумов огоз ефтаасту мумкин паси панчара равад....Ин гуна овозахо дар Душанбе хаст...

.
Овоза хаст, ки 120 сомони дигар чарима мекунанд тамом, ин вкд - и мо хамин кадар хунар дорад, !!!!!!!—

Кенеди
Метарсам,ки хамон рузноманигорро гунахкор мебароран! Аз дасти ин золимон, хар гуна кор меояД!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)