Нишасти хабарии Самӣ Юсуф дар Русия

Самӣ Юсуф, яке аз маъруфтарин бастакор ва хонандаҳои ҷаҳони Ислом чанд соат қабл аз консерти худ дар Маскав нишасти хабарӣ баргузор мекунад.
Бино ба иттилои "IslamNews" консерти Самӣ Юсуф фардо, 4 апрел дар Crocus City Hall-и пойтахти Русия баргузор мешавад. Ин нахустин ҳунарнамоии вай дар ин кишвар хоҳад буд.
Қаблан гуфта шуд, ки Самӣ Юсуф дар консерт бо забонҳои арабӣ, туркӣ ва англисӣ тарона мехонад.
Самӣ Юсуф бештар ба унвони хонандаи нашид маъруф аст. Нахустин маҷмӯаи таронаҳои ӯ бо номи “Al-Mu’allim” 11 сол қабл нашр гардид ва ба вай шуҳрати ҷаҳонӣ овард.
Самӣ Юсуф соли 1980 дар шаҳри Теҳрон дар хонаводаи озарбойҷониҳои муқими Эрон ба дунё омадааст. Баъди се сол оилаи онҳо ба Бритониё кӯч мебандад.
Ӯро маъруфтарин ситораи попи Ислом мегӯянд. Ду албоми аввали Самӣ Юсуф бо теъдоди беш аз якуним миллион нусха ба фурӯш рафта, таронаҳояш дар феҳрасти сершунавандатарин сурудҳо дар ҷаҳони Араб ва Туркия мақом гирифтаанд.
Самӣ Юсуф 7 октябри соли 2010 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ҳам консерт дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |