Бахшҳо

Радди даъвои вакилони Зайд Саид алайҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷикро алайҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рад кардааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Темур Ҳафизов аризаи шикоятии вакилонро алайҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб бо далели кам будани маълумот бозпас фиристодааст: “Ҳарчанд аризаи мо 17-уми март рад шудааст, мо аз ин танҳо ду рӯз қабл огоҳӣ пайдо кардем. Ҳоло мо бо ҷамъ кардани далелҳои бештар машғул буда, аввали ҳафтаи оянда шикояти худро дубора ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ мефиристем.”

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав”, рӯзи 17 феврал аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурданд. Вакилони Зайд Саидов гуфта буданд, ки тариқи додгоҳ Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳороти беасосашро дар ҳаққи онҳо рад намояду ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”



Аммо Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов дар шарҳи ин гуфтаҳои раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, “шахсан ба ”Био Папа” муроҷиат кардам ва онҳо он нусхаеро, ки ба муфаттишон додаанд, ба ман низ нишон доданд. Дар он падари фарзанди гӯиё ҷабрдида будани зерҳимояи мо куллан рад шудааст.” Дар ҳамин ҳол Пажӯҳишгоҳи мустақили “Био-Папа” дар Русия низ изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоибро, ки хулосаи ташхиси ин лабораторияро зери шубҳа гузоштааст, бе асос хонд.

Зайд Саидов баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳафт моҳи боздошташ, ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, барои 26 сол равонаи зиндон кард.
Мӯҳр
Хеши мо покурор Бобочон Бобохон хам мардумро бо супоришхои боло гам медод. Касеро гуш намекард. Ба хар роху восита ба у мефахмондем, аммо бефоида. Окибат подошашро гирифт. Худо амали хар бандаашро назора мекунад.

Darvehs
Abdufatohi Said ba umedi mansab va bezehoe ki holo oshnoi dori, takya makun, Pagoh zindagii khudro fikr namo!!! ozodagon nisfashro nabur!!!

Яъкуб.
Агар ин вакилон зиди Кабириву Турачонзода ариза пешниход мекарданд дарав онхоро ба махбас мебурданд.Хозир ин А.Гоиб чанд мудат барои ин режим даркор хаст.....

Шокир
хама гапои ту сафсата аст хеч ба хакикат наздики надорад!!! Ман хеч бовар намекунам, ки беасос давлатро гунахкор кунанд чазо нагирифта бошанд. Ин гапхои Абдуфатох хамаш дуруг аст вай одами хукумат аст барои вазифа шуда ба хама чиз таёр аст!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

Ан абдуфатох чизеки програмироват куни хамонро мега

Мухтарам Шухрат Кудратов як пешниход гирен масалаи ДНк-ро дар барномаи пусть говарят-и маскав ба миен монен био папа иштирок кнад ва намояанда аз давлат дават кнен бигузор. Биопапа хам нуфузи худро хивз кунад ва хам Миллат хакикатро шунаванд.

Марам тагама мегум ки амитари короша бас кна, неи у ах намефама. Ком руз хдша дар вазифаи бекори мебинаву дига фойдаш намекна

Рости гап вакилхои мухтарам ин харакатхо бе фоида хаст, чунки Гоиб ин шахси бовариноки раиси чумхур аст ва уро хеч кор карда намешавад. Вале ин окибати нек кадорад хатман дар охир азобашро мекашад Тамоми мансабдорони Точикистон бо фармони боло кор мекунанд вале бо фикри худ не агаре аз курсии худ махрум мешаванд. Хамчунин Зайди бегунохро бо як суханаш махрум сохтан бо 26 соли зиндон.. Худ казоват бароред................

Хакгу
ин хамон судяе аст ки фарзандони Зайд Саидова бегунох 5 руз махкам карда буд

Ман хайронам ки ин рузноманигорони мо суол накардан ки чаро дар вакти вазир буданаш чиноятхои хусусигардонии моликияти давлати ё тачовуз кардану дигару дигар чиноятхоро ошкор накардан баъд аз Эълон кардани Хизби ТОчикистони Нав ки мехост адолатро чори кунад ин чиноятхоро ошкор карданд. Пас ин додгоххо якбор моликияту чиноятхои вазирони феълиро хам тафтиш кунанд........ дигар чигуяим шармандагист

СИСИ аз Миср
Фаттох Саид пагох дар он дунё чавоб додан лозим. 15 - 20 сол пеш ки буди як фикр кун. Ба гуллак бози сохиби вазифа шуден. Аз худ, ки рафти аз Худо нарав. Оянда чи мешавад Худои бузург медонад.

гастер
Бародархо Инхо намехоханд ягон точики гайри "клан" сохиби пулу молу обуру бошад. Миенаша мешиканану молаша "давлати " мекунанд


Бародарон. Шумо менависен, ки ин амалхои А. Гоибро програма мебошанд. Чаро номи програмистро намегуед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)