Мақоми нави духтари президент дар парлумон

Дарига Назарбоева, духтари бузурги раисиҷумҳури Қазоқистон муовини раиси Маҷлис (палатаи поёнӣ)-и парлумони ин кишвар интихоб гардидааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, тамоми намояндагони мардумии қазоқ рӯзи 3 апрел ба ҷонибдории интихоб шудани Назарбоева, номзад аз Ҳизби ҳокими Нур-Отани Қазоқистон ба ин мақом овоз додаанд.
Духтари 51-солаи раисиҷумҳури Қазоқистон дар ин симат Кабибулла Ҷакуповро иваз кард. Ӯ аз январи соли 2012 вакили Маҷлиси парлумони Қазоқистон, даъвати 5-ум мебошад. Инчунин раҳбарии Кумита оид ба умури рушди иҷтимоӣ ва фарҳанги парлумони кишварашро бардӯш дорад.
Дарига Назарбоева дар гузашта бо Роҳат Алиев, сиёсатмадор ва тоҷири маъруфи қазоқ издивоҷ карда, соҳиби се фарзанд низ мебошанд. Соли 2000 Алиев, ки қаблан дар мақомҳои раҳбарикунандаи мақомоти қудратии Қазоқистон кор мекарду як муддат низ ба ҳайси сафири кишвараш дар Австрия ифои вазифа кардааст, дар рабудани ду корманди низоми бонкдории Остона муттаҳам гардид. Нисбати Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ дар ғайбаш ӯро ба 20 соли зиндон ҳукм кард. Ин сиёсатмадори қазоқ ҳоло дар Австрия буда, мақомоти Қазоқистон барои боздошт ва истирдоди ӯ муваффақ нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон таъйин шудани Дарига Назарбоеваро ба ҳайси муовини раиси Маҷлис роҳ ба сӯи сиёсати бузург хондаанд. Сергей Расов, сиёсатшиноси қазоқ дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “CA-News” гуфтааст, ин маънои онро дорад, ки Дарига метавонад, дар оянда меросбари аслии мақоми падараш гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |