Сиёсатмадори озар гуфтааст гуши Жириновскийро мебурад
Ҳафиз Гаҷиев, раҳбари ҳизби “Мусавати муосир” гуфтааст, гуши Владимир Жириновский, раҳбари ЛДПР-ро мебурад.
Бино ба иттилои Haqqin. az, Гаҷиев ин ҳарфҳоро дар ҷавоб ба суханҳои Жириновский дар мавриди Озарбойҷон иброз доштааст, ки ба гуфтаи ӯ таҳқиромезанд. Жириновский дар як суханронӣ дар Думаи давлатӣ гуфт, "Озарбойҷон чӣ маънӣ дорад? Ман ба русӣ тарҷума мекунам. Азер — ин Хезер денизи, яъне Баҳри Каспий, баджа — кишвар. Яъне, одамоне, ки дар соҳили Баҳри Каспий зиндагӣ мекунанд. Бо русӣ каспиягиҳо. Чӣ, ин миллат аст? Ин одамони дар он ҷо зиндагӣ мекарда".
Ҳафиз Гаҷиев гуфта, ки “барои ин таҳқирҳо шахсан гуши ӯро мебурам. Ҳар касе наметавонад ба Жириновский ҷавоби сазовор диҳад, шабеҳи ӯ аст".
Соли 2013 Ҳафиз Гаҷиев барои нафаре ки гуши нависандаи озар Акрам Айлислиро мебурад ҷоиза эълон кард. Айлислӣ барои романи “Хобҳои сангин”-аш, ки ба муносибати мутақобилаи озариҳову арманҳо бахшида шуда буд, мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |