Бахшҳо

Зоиров хост, наздикони маҳбус аз даъво алайҳи ӯ даст кашанд (ВИДЕО)

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон имрӯз, 7-уми апрел зимни шиносоӣ бо аризаи даъвогии хонаводаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов, ки ӯро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам мекунанд, дар додгоҳи ноҳияи Сино ба онҳо пешниҳод кардааст, аз даъвояшон даст кашанд.

Зоиров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, зимни шиносоӣ дар додгоҳи ноҳияи Сино имрӯз, 7-уми апрел ба наздикони маҳбус пешниҳод кардааст, ки даъвояшон ягон асос надорад, бинобар ин аз он даст кашанд.





Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи хонаводаи Саидовҳо, ба “Озодагон” гуфт зерҳимояаш ин пешниҳоди Зоировро рад кард ва тақозо дорад, ҷуброни зарари моддию маънавӣ ба онҳо пардохта шавад. Додгоҳи Сино мурофиаи навбатиро баъди зуҳри рӯзи 14-уми апрел таъин кардааст.



Қаблан хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Зоировро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.

Салихов мегӯяд, ин ариза аз номи Сафаралӣ Саидов, бародари Маҳмадраҳим, навишта шуда, ӯ инчунин аз додгоҳ хостааст, барояшон 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ, ки дар пайи нашри ин хабар бардоштаанд, бирӯёнад. Ӯ дар аризаи даъвогӣ аз ҷумла навиштааст, “ҳамсару духтараш ва ман аз шунидани ин маълумот азоби рӯҳӣ кашидем. Ҳамон замон барфи сахт борида буд ва роҳкиро аз Ҳамадонӣ то Душанбе хеле гарон шуда буд. Ман ва се хешамон як таксиро гирифта, ба Душанбе омадем. Баъди омадан бо бародарам ҳамсуҳбат шуда дидам, ки ҳамаи маълумот дурӯғ будааст ва ӯ изҳор дошт, ки саломатиаш хуб аст.”

Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад. Ӯ аз фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ хост, ин қазияро зери назорат гиранд.
Мӯҳр
инсон
Хамин Салехов адвокати хукумати аст, хар чое ки касеро аз тарафи хукумат гунахкор кардани шаванд ягон одами мухолифи сиёсати хукумати имрузаро Салехов пайдо мешавад ин адвокат нест ххдт...

Хамин даъво куллан ангезаи сиёси дошта супориши мебошад ва бар замми ин вакили дифои ба ном чабрдида Мавлутчон Солихов ин худ Адвокати дарборист ва барои хочагонаш яъне ба макомотхои кудрати хидмат мекунад на барои адолати суди Конуни ЧТ дар бораи "Адвокатура " таъкид менамояд ки дар чорчубаи Сарконун ва дигар санадхои меъёрии хукуки бояд амал намоем парвандахое ,ки супориши мебошад бояд ин кабил Вакилони дифоъ нозукбинона рафтор намуда бояд муйро аз хамир чудо намоянд на ба хотири суми пуччаки харом хамкасбонашонро сиёх кунанд махз бо хамин гуна сенарияхо Сайфиддин Тураев ,Мирбобо Миррахим ва даххо дигар сиёсатмадорони варзидаи равшанфикр аз сахнаи сиёсат дур карда шуда буданд .Хамагон медонанд ,ки вактхои охир макомотхои кудрати супоришро ичро менамояд на риояи конун барои мисол оиди ташкил намудани парвандаи чиноятии сохта нисбати туччор Зайд Саидов ,Мухиддин Кабири ва Устоди киромикадрам Рахматулло Зоиров шуда истодааст куллан бо итминони комил метавонам гуям ,ки хамааш супориши мебошаду душманоо як максад доранд ,ки дар чомеаи демократи равшанфикронро аз сахна дур созанд .Агар кишваре ,ки мардумсолри шоистасолори хукмфармо бошад бояд давлат имкони фарохам тибки конун барои ахзоби сиёсии мухолиф имконияти амал карданро тибки конуну оинномаашон дихад наход факат хизби хоким амал намояду хизби мухолиф ва аъзоёнаш гунахгор бошанду дар махбасу мусофират магар ин инсоф аст .Бояд аз худо тарсид ....

in zoiruf tuhmatchi budastku.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)