Бахшҳо
08 апр 2014 15:01Тоҷикистон / Сиёсат

RWB аз Тоҷикистон хост, қарор алайҳи Тутубалина лағв шавад

Созмони хабарнигорони бидуни марз ё худ Reporters Without Borders (RWB) аз додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон даъват кардааст, қарор нисбати рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс”-ро бекор кунад.

Ин созмон қарори додгоҳ, ки Тутубалинаро муваззаф намудааст, барои таҳқири қишри зиёӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад, беасосу ғайримантиқӣ ва як зарбаи сахт барои рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон хондааст. Созмони хабарнигорони бидуни марз ёдрас кардааст, ки Сарқонуни Тоҷикистон кафолати баёни озодонаи фикр ба ҳар шаҳрвандро додааст ва Тутбалина низ бо истифода аз изҳороти Ленин назарашро баён кардааст: “Аз додгоҳи марҳилаи касатсионӣ хоҳиш карда мешавад, ки бо назардошти талаботи қонун қарор алайҳи Тутубалинаро бекор кунад, чун он зарба ба тамоми журналистикаи Тоҷикистон аст.”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ дар мавриди баҳси додгоҳии як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” қарор кард, ки ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯ бояд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад. Аммо вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ бурданд.

Тутубалина дар матлаби баҳсбарангезаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Тутубалинаро бояд болои хар чапана савор карда кара аз Точикистон берун кард. Озодии сухан ин нест, ки як миллатеро "гавно" бигуи. Ленин суханашро барои Бозор Собиру мардуми точик нагуфта буд, аммо Тутубалина ин сухани Ленинро махсус барои Бозор Собир ва боз ба дигар интеллигентхои точик истифода карда мардуми моро тахкир карда аст. Барои хамин ин бе маърифатро аз Точикистон берун кард. (Озодагон"-и азиз номаи маро чоп кунед, ташаккур )

Сафарбек
Агар ин ташкилот пул дошта бошад, ба чои Тутубалин онро пардозад. Лекин ба фикри мо журналистони сохиби марз ин чарима хееелее кам аст. Ягон 20 хазор доллар бояд чарима мешуд.

Сафарали
Ин Тутубалинаро бояд дар пешониаш печати депорта зада аз ЧТ хорич кунанд

Шахрванд
Олга Тутубалина нисбати зиёиёни точик сад фоиз дуруст гуфта буд. Олга простой народ Таджикистана поддерживает Вас.

..... меган...............

abdullo
Ман чонибдори Тутбалина нестам, вале касе ки Бозор Собирро чизе мегуяд, Бозор арзанда аст. Чунки вай Ленинро аз ХУДО боло медонад!!!

Собир
Роста меган гумшава суруш кнен ай ТОЧИКИСТОН. Як точик и кора мекад егааа кайхо несту нобуташ мекадан да Руссия

Точики бурунмарз
Ольга! примените очередную порцию.
"...Юристов надо брать ежовыми рукавицами, ставить в осадное положение, ибо эта интеллигентская сволочь часто паскудничает..." /В.И.Ленин, ПСС, Т.49, стр.154/

Бисёр хуб шудааст. Шодам, ки билохира додгоҳи Тоҷикистон ҷасорат карда, ин зани густохро ҷарима бастааст, вале на кофӣ. Бояд ба фаъолияти касбии ӯ низ маҳдудият гузошта мешуд, зеро ҳар як сафҳаи ҳафтаномаи "Азия +"ро ӯ ба таблиғи зидди тоҷикон ва Тоҷикистон мубаддал кардааст. Ҳадди ақал Умед Бобохонов, сардабир ва муассиси ин ҳафтанома, бояд ба хулосае омада, аз байни журналистони тоҷик муҳаррири наве интихоб кунад. О.Т.ро аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум карда, аз хоки кишвар берун бояд кард. Ӯ аз ин чандон зарар намебинад, зеро шаҳрвандии Русияро низ дорост. Ҳамаи русҳои ҶТ ду шиноснома доранд. Ба қавли худашон, "запасной аэродром" доранд.

Точики бурунмарз,
Паскудой и безбожником был твой Ленин. Именно из-за таких маньяков, как он сам, его душа блуждает по России и никак не успокаивается, поскольку он не был предан земле, и над ним не была зачитана погребальная молитва. Разве может быть наказание хуже этого для усопшего человека. Ленин был сквернословным маньяком, ожидавшим революцию по всему миру.
Кстати, если ты добрался до источника Ленина, так, кто же ты сам, если не из интеллектуалов? Не шахтер, или вахтер, или шофер ведь? Так что, оскорбления этой О.Т. касается и тебя тоже. Такие, как ты, в соей ненависти к таджикам, заступаетесь даже за самого дьявола. О.Т это хорошо вычислила.

Нодир
Мебахшед хонашерони-майдонгариб,Ольгахак-аст!Хар-ру

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)