Боздиди Алиев аз Теҳрон ва мулоқоташ бо Руҳонӣ
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон бо даъвати ҳамтои эрониаш – Ҳасан Руҳонӣ дар раъси як ҳайат озими Теҳрон шуд.
Тибқи иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Эрон, Алиев субҳи рӯзи 9 апрел вориди Теҳрон шуда, қарор аст, дар мулоқот бо Руҳонӣ як қатор мавзуъҳои байналмилалию минтақавиро ба баррасӣ гирад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони эронӣ сафари раисиҷумҳури Озарбойҷон ба Теҳронро оғози давраи ҷадид дар муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии ду кишвар хондаанд.
Манобеи хабарии Эрон мегӯянд, дар ин сафар раисиҷумҳури Озарбойҷонро шуморае аз мақомоти баландпояи кишвараш ҳамроҳӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |