Бахшҳо
11 апр 2014 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

Интихобот, менталитети Ғаффоров ва нороҳатии Кабирӣ

Ҳумайрои БАХТИЁР

Масъулони ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон мегӯянд, баргузории интихоботи озоду шаффоф на аз хулосаву тавсияи созмонҳои байналмилалӣ, балки аз ислоҳот дар қонун ва талабҳои худи сокинон вобаста аст. Ин ҳарфҳо дар пайи муаррифии хулосаи ниҳоии САҲА (ОБСЕ) дар бораи интихоботи президентии моҳи ноябри соли гузаштаи Тоҷикистон садо дод.

Дар хулосаи ниҳоии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки 9 апрел дар Душанбе муаррифӣ шуд, ба ҳукумати Тоҷикистон 34 тавсия пешниҳод гардидааст, ки Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ танҳо маслиҳатҳои ҷузъии онро қабул кард. Аз ҷумла, КМИР пешниҳоди САҲА дар мавриди ба эътибор гирифтани муҳоҷирон ҳангоми ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро рад кард.

ВАҚТЕ ТАВСИЯҲО ҚАБУЛ НАМЕШАВАНД...

Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гуфт, аз ин радду бадали КМИР-у САҲА барояш маълум гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон тағйиру илова ва ё тавсияи созмонҳоро барои баргузории як интихоботи шаффоф қабул надорад. “Маро як савол азоб медиҳад. Нозирони САҲА меоянд, мониторинг мекунанд ва хулосаҳояшон тавсиявӣ ҳасту аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешавад. Пас, чӣ зарурат дорад, ки ин созмон ва ё ҳар кишвари дигар маблағи андозсупорандагони худро масрф карда, инҷо биёянд?”,-таъкид дошт ҷаноби Ҳайит.

Ноиби раиси ҲНИТ дар идома гуфт, нозирони САҲА аз соли 1999 ба ин сӯ аз ҷараёни интихоботи Тоҷикистон назорат мебаранд, вале дар ин муддат аз хулосаву пешниҳоди онҳо ҳукумат танҳо нуқтаву вергулҳоро қабул мекунаду бас. Вай таъкид дошт, барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ иродаи сиёсӣ лозим аст.

ЧАРО ҲАМА ИВАЗ МЕШАВАНД, БА ҶУЗ АЗ ПРЕЗИДЕНТ?

Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов, муовини роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар идомаи баҳс гуфт, иллати аслии ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор нагардидани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон адами иродаи сиёсӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба иддаои ӯ, “аз соли 1991 ба ин тараф он ҳама интихоботе, ки баргузор гардиданд, ғайришаффоф ва демократӣ ҳастанд”.

“Тамоми таҷриба ва натиҷаи интихобот гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон барои таҳкими сиёсӣ ва ивазшавии ҳукумат касе манфиатдор нест. Чунки аксари мансабҳо бо роҳи фасод, маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ ба даст оварда шудааст”,-афзуд ӯ. Ҳакимов мегӯяд, то замоне дар Тоҷикистон мубоҳисаҳо миёни аҳзоби сиёсӣ, парлумон, коршиносон ва мансабдорон ба роҳ монда нашавад, ин ҳама тавсияҳои нозирони байналмилалӣ беарзиш хоҳад буд.

“МЕНТАЛИТЕТИ ТОҶИКОН ФАРҚ ДОРАД”

Абдуҳалим Ғаффоров, роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ дар соли 2013 гуфт, дар ҳеч кишвари ҷаҳон интихоботе сад дарсад ба таври демократӣ сурат намегирад. Ба бовари номбурда, вақте созмонҳо эрод мегиранду меъёрҳои худро муаррифӣ мекунанд, набояд менталитети тоҷиконро фаромӯш кунанд: “Бояд ба назар бигиред, ки менталитети Тоҷикистон аз менталитети он кишварҳову созмонҳо фарқ дорад. Инҷо менталитети шарқӣ ҳасту онҷо ғарбӣ. Мо бояд фарқ кунем ва ҷиҳатҳои имрӯзии хусусиятҳои шарқиро ҳамчун намуна нишон бидиҳем.”

НОРОҲАТИИ КАБИРӢ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ишораи ширкатдорони нишаст дар мавриди менталитет як каме изҳори нороҳатӣ кард. Ӯ гуфт, “хоҳиш мекардам, дар ҳузури дигарон ба ин нукта камтар ишора бикунанд. Чунки аз ин мо як каме эҳсоси нороҳатӣ мекунем. Тамоми миллатҳо метавонистаанд интихоботи шаффофу демократӣ баргузор намоянд, миллати мо наметавонистааст. Атрофи ин, хусусан касоне суҳбат мекунанд, ки иҷозат медиҳанд дар меҳмонхонаи 5-ситорадор кор кунанд. Аммо барои баргузории як интихоботи ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ барои мо менталитет халал мерасонад.”

Дар идомаи баҳси аҳзоб ва коршиносон атрофи баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ, Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади зан ба курсии президентии Тоҷикистон дар соли 2013 гуфт, субот онҷое хоҳад буд, ки ҳақиқат ва озодӣ вуҷуд дорад. Ӯ аз мақомдорони тоҷик хост, то ҳарчӣ бештар аз дурӯғгӯӣ канора гиранд ва ҳақиқати ҳолро ба мардум бигӯянду бар асоси он кор кунанд. Исмоил Талбаков, муовини роҳбари Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва номзади дигар ба маснади президентӣ, ишора бар он кард, ки барои баргузории интихоботи шаффоф ба қонунҳои “Дар бораи интихоботии президентӣ”, “Дар бораи интихоботи парлумонӣ” ва “Дар бораи аҳзоби сиёсӣ” бояд ислоҳот ворид кард.
Мӯҳр
ы
то и дарача бдани раиси хизба ма нав дидм и Гаффорофа бархам бтен хизбша хдша срш кнен бия расия зеби и лапаткахаю битоншури

Шахрванд
"САД ЗАДАНИ СУЗАНГАР ЯК ЗАДАНИ ОХАНГАР"!!! Офарин Кабир, Ойнихол, Шокирчон Халимов, Шухрат Кудратов, Маҳмадалии Ҳайит ва Зойиров Шумо ба хама он барномахое, ки антинахзат ном гирифтаанд зарбаи чавобии конеъ доден. Агар чунин барномахо аз тарафи давлат идома ёбад хам Шумо алакай пешпардохт кардаед! Нигарон ва дилсард набошен

Точикак
менталитети точико садай, ин менталитети гаффоров шояд дигар хел бошад. Наход мардак хамин кадар аз чонаш тарсад, ки руирост дуруг мегуяд. Аккалан ягон бор нагуфт, ки ба ман овоз дихед. Дигар бирав нафака отдых кун мардак монда шудаи....

Бехиби
Ман мегуям барои чи менталитети мо точикон фарк мекунад. БАРОИ ОН КИ ДИГАР КИШВАРХО БА МИСЛИ КИШВАРИ МО РАИСОНИ ХИЗБХОИ ЛАГАНДБАРДОРУ ЧОПЛУСЕ МОНАНДИ А.ГАФФРОВ НАДОРАНД.

МошОЛЛОХ Кабири, Шокиров. ХУВИЯТИ МИЛЛИИ ШУМО ХЕЛО БАЛАНД АСТ, гаффоров агар точики асил мебуди чунун харф намезади))))))))))))

vatanshoh
менталитет точики гуфта набояд гузорем ки 20 сол зиед халка зулм кунанду худ кайфу сафо!!!

Мебахшиду чаноби Гаффоров дар шаффофу озод гузаштани интихобот менталитет чи бахона аст?. Барои чи мукобили фарханги гарб ки имруз тамоми чомеаи моро фасод карда истодааст менталитети шаркиро ба ёд намеоред? Аслан аз шумо барин "сиёсатдору ватандустон" шармам меояд. Бародарони азиз мо дар асри 21 зиндаги дорем мантик кучост!?

ахмад
Аз раиси ХСТ ва муовини раиси ХКТ эхтиромона хохиш дорам, аз барои Худо каме чурат,озоди,гайрату номус даркор аст. Имруз дар назди мардум ва фардо дар пешгохи Аллох чавоб хохед гуфт агар ба он РУЗ бовар дошта бошед. Саломат бошед.

Ахмад
Хонандагони мухтарам! мебахшед, як чизро ба шумо фош созам ва аслан шумо аз он хабар доред. (1)Вакте,ки конуни АНДОЗ соли 2013 дар Парлумон ба тасвиб мерасид вараки сафед барои 63 (ба истилох чанд нафар) намояндаи мардуми ёфт нашуда буд... (2) Вакте, ки пешниходи ХНИТ барои итихоботи Парлумонии 2015 ироа гардид, боз гуфтанд зурамон ба каламаи оби ва вараки сафед барои учаскахои интихоботи намерасад. Пас барои мо мардум аз кучо оби нушоки, барк, газ, амнияти милли,замини назди хавлиги ва...таъмин карда метавонанд? Дар холеки тамоми сарчашмахои даромад аз ОСМОН, ЗАМИН ва ДАРЁ дар дасти хукумати феъли мебошад. Ба Худо касам мехурам, ки дигар барои мо на вахий Илохи ва на Пайгамбаре мабъус мешавад. Худоё сабрам дех,ки косаи сабрам лабрез шуда истодааст.

Мухтарам Гаффоров шумо менталитети худатро ба миллати Точик иштибохан иваз накунед!!!! менталитети худат намемонад, ки шафоф кор куни на менталитети мардум!!!!

Э мардми ОЗОДАГОН. оши нахор кайхо тамом шд.Биёе гапои мора чоп кне. Руз шав шид охй. Хами хели менен да интихобот овозту намедм.

хонанда
Баъди ин хама сухбатхо фикр мекунам шохбайти Хофиз маънои дигар хам доштааст, ки устодон ба мо шарх надодаанд))))
Агар он турки шерози ба даст орад дили моро,
Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)