Бахшҳо

Номаи Салмони USA: “Қудрат мегузарад, аммо миллат мемонад”

Хонандае бо номи “Салмони USA” ба имейли “Озодагон” номаеро зери унвони "Войи миллат" фиристода, хоҳиш кардааст, то онро нашр кунем. Зоҳиран ин нома дар пайи наворҳои охир алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аъзои он навишта шудааст.


“Дар қонуну санадҳои муҳими дохиливу байналмилалӣ Тоҷикистонро расман ҳамчун давлати демократӣ эътироф кардаанд ва гуногунандешӣ модари ҷомеаи демократию мардумсолор гуфта мешавад.

Дар ҳар баромадаш раисиҷумҳури Тоҷикистон низ демократӣ будани кишваро таъкид мекунад. Аммо ҳоло дар ҷомеаи мо бӯе аз мардумсолорӣ ва демократия ҳаст? Ба андешаи инҷониб: НА!

Ҳар ходими ҳукумати Тоҷикистон озодии баёнро таъкид намуда, гоҳе ифтихор мекунад, ки дар минтақа кишвари мо аз рӯи озодии баён хеле пешрафта аст, аммо воқеият инро комилан рад мекунад. Имрӯзҳо дар матбуоту ҷомеаи мо мавзӯи доғ ин бадномкунӣ ва муборизаи беамон бурдани гуруҳи хосе бар зидди рақибони сиёсӣ бо ҳар василае идома дорад, ки обрӯи бе ин ҳам косташудаи ҷумҳуриро костатар мекунад.

Бигзарем аз қонуну санадҳои қабулкардаи дохиливу хориҷии давлат, гарчанде ки ҳеч кас ҳаққи гузаштан аз қонунро надорад. Оё ташкилкунандагони чунин аъмол аз фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқу одоби бунёдӣ огаҳие надоранд? Бо дидани он наворе, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мӯи баданам рост шуд ва ҳеч бовар намекардам, ки тоҷик бар зидди тоҷик чунин амали пастро раво мебинад. Ҳоло сари воқеият доштани чунин корҳо аз сӯи аъзои ҲНИТ андеша намеронем. Вале виҷдону имони як тоҷик барои тоҷики дигареро бадном кардан ба хотири ҳифзи қудрату лагандбардории раҳбарияташ чунин амали нангинро чӣ тавр иҷозат дод, ҳамон қадаре ки андеша кардам, дарк карда натавонистам. Зеро қудрату мансабу ҳокимият чизҳои гузаранда ҳастанду миллату ҳуввияти миллӣ на.

Ҳеч тасаввур карда натавонистам, ки кудрат аз миллату арзишҳои он болотар буда тавонад. Асоси ҷомеаи демократӣ дар гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ аст. Бисёрҳизбӣ рақобати солими сиёсиро ба вуҷуд меорад ва заминаи муносибест барои халлоқияти барномаи беҳтару мардумитар. Вале чаро ҳукумати мо имрӯз ҳеч намехоҳад, ки рақобати солим ва вуҷуд ояд, ҳол он ки рақобати солими сиёсӣ ба нафъи умуму ҳукумат низ ҳаст.

Он доирае, ки намехоҳад оппозитсияи воқеӣ вориди мубориза шавад, дер ё зуд ин хатои таърихиашро дарк хоҳад кард, агар заррае аз арзишҳои сиёсиву иҷтимоиву миллӣ огаҳӣ пайдо кунад. Аммо баргардем сари он ноҷавонмардиҳои мубаллиғони чунин иқдомоти ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ. Оё онҳо намеандешанд, ки аҳзоби сиёсӣ ҳам чунин корҳоро карда метавонанд? Агар аҳзоби сиёсии мухолиф низ барномаи монандеро, ки он гуруҳ иҷро карда истодааст, тарҳрезӣ ва амалӣ кунанд, чи паёмадҳоеро интизор шудан мумкин? Ҳатто тасаввур кардан даҳшатовар!

Он мубаллиғон аз воқеоти солҳои 90-уми қарни гузаштаро зуд-зуд ёдовар мешаванд, аммо ноогоҳона аз он ки худи онҳо заминаеро барои муноқиша ва ҷудоихоҳӣ ба вуҷуд оварда истодаанд. Агар аз чунин таблиғот дар зудтарин фурсат пешгирӣ карда нашавад, дар ояндаи наздик ҳарҷу марҷеро ба вуҷуд меорад, ки бар зиёни МИЛЛАТ анҷом меёбад.

Қудрат гузаранда аст, миллат на! Агар заррае дилсӯзи миллати барӯманди тоҷик бошед, аз чунин аъмоли нобихрадона даст кашед! “Озодагон” ҳиммат баланд кунеду назари бандаро нашр. Қаблан ташаккур мекунам!

Салмони USA
Мӯҳр
tojiik
Hush ba holat barodari gamhor, hudo nangatro ziodtar gardonad

99
Офарин! Дарди миллатро навиштӣ.
Агар касе намедонад ё дуруст дарк намекунад, ман гуфтани ҳастам:
Ин корҳое, ки душманони миллати тоҷик карда истодаанд, давоми ҳамон корҳоест, ки аз солҳои 1992 оғоз шуда буданд!!!

Яъкуб.
Дар хакикат суханхои ин бародар хак хаст.Бояд ин Хукуматдорон инро хонанду андеша кунанд.Хар дам чор аз он мезананд,ки чавононро аз солхои охири навадум хушдор медиханду фикр намекарда бошанд,ки кору амалхои ки инхо кардаистодаанд шароити барои он рузхо мухайе карда истодаанд.Ва бояд фахманд,ки вакте нооромихо сар зад(Худованд нигох дорад аз он рузхо)худи хокимият гунахкор хаст на мухолифон.Имруз мухолифини ин хукумат дар Чахон хам гуем хато нахохад шуд босабртару ботахамултар аз хар мухолифин хаст!

Чамшед
Офарин бародар!!!!!! Ин давлатдорони мо онкадар анализ карда наметонанд, ки окибати дуругу тухматашон чи мешуда бошад!!!!

Офарин, қанд зан, фарзанди содиқи тоҷик. Ҳамаи гуфтаҳоят дар меъёри ақлу одобу донишмандист. Вале асоси воқеъияти имрӯзаи Тоҷикистони моро нафс (беҳтараш: БАДНАФСӢ!) ташкил мекунад. Демократӣ будани ин кишвар сафсатае беш нест. Ва ин сипаҳсолорон ба осонӣ қудратро аз даст доданӣ нестанд. Бисёрҳизбӣ низ дар нақшаи онҳо нест. Бо раҳбари як ҳизби ҷиддии навӣашкил чӣ бархурдеро раво диданд, мо ҳама шоҳидем. Дигар "далеронро" ҳамин сарнавишт интизор аст. Тасаввур меравад, ки кашмакашиҳои сиёсии солҳои навад ба сурати пинҳонӣ идома дорад. Дарҳоле ки дар кишвар фасод сартосар гардида ва мамлакат дар бӯҳрони иқтисодӣ ғарқ шудааст, ин тӯҳмату айбҷӯйиҳо оқибати хуб нахоҳанд дошт. Аз як интихобот то дигараш ҳамин ҳол. Ҳамин ҳам сиёсату, сиёсатбозиву давлатдорӣ шуд? Ҳамин аст, ки дар минтақа мавриди ханда ва масхараи бегонагон шудаем, аз ин саҳна ҳеҷ неки хориҷ шавем. Зеро худамон намехоҳем. "Шукр кунед, шукр!" Ин аст шиори имрӯзаи ҳукуматдорон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)