Сафари намояндаҳои парлумони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург
Субҳи имрӯз, 15 апрел як ҳайати расмии парлумони Тоҷикистон бо раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндаҳо ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Муҳамадато Султонов, сухангуи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳайат, ки аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомиласт, дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, форуми байналмилалии “Дӯрнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё” ширкат меварзад.
“Шукурҷон Зуҳуров дар назди иштирокчиёни форуми байналмилалии “Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё”, ки дар донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Санкт –Петербург баргузор мегардад, суханронӣ хоҳад кард”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |