Ёрии Убайдуллоев ва сокинони Душанбе ба осебдидагони Шӯрообод
Шаҳрдории Душанбе барои зарардидагони сел дар ноҳияҳои Шӯроободу Ҳамадонӣ ва Восеъ 160 тонна маводи ғизоӣ ва сохтмонӣ фиристодааст. Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати пойтахт, ба “Озодагон” гуфт, ин миқдор мавод рӯзи 16 апрел тариқи 14 мошини боркаш ирсол шудааст.
“60 дарсади ин кумак ба осебдидагони ноҳияи Шӯрообод, шаш мошини иборат аз маводи ғизоӣ барои ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ пешбинӣ шудааст”,-гуфт манбаъ. Ин кумак баъд аз супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи рӯзи 14 апрел аз ҷониби сокинон ва субъектҳои хоҷагидории шаҳр фароҳам шудааст. “Шаҳрдорӣ ба ҳар як сокини пойтахт барои дастгирӣ изҳори сипос менамояд”,-афзуд Шавкат Саидов.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |