2 шарти Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда, ба мақомоти Эрон

Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Теҳрон ба Вазорати нафту Бонки марказии Эрон - ягона ниҳодҳои муддаӣ алайҳи ӯ роҳҳои баргардонидани қарзашро пешниҳод кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, Занҷонӣ гуфтааст, ниҳодҳои давлатии даъвогари Эрон, метавонанд, таҳти назорати додситонии кулли ин кишвар молу амволи ӯро нархгузорӣ ва бар ивази қарзҳояш мусодира кунанд. Ин миллиардери боздоштшудаи эронӣ дар шарҳи гуфтаҳояш, афзуда, ки агар мақомоти давлатӣ чунин усулро қабул надоранд, пас барои бозпас гирифтани маблағҳои худ то фурӯхта шудани молу амволаш сабр кунанд.
Муҳсин Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоии Эрон бо ишора ба тамдид шудани муҳлати боздошти Занҷонӣ изҳор доштааст, ки дар робита ба моҷарои ин миллиардер то кунун 5 нафар бо шумули худаш боздошт шуда, яке аз онҳо бар ивази пардохти замонатпулӣ дар озодӣ ба сар мебарад. Ба гуфтаи сухангӯи қувваи қазоии Эрон, ин афроди боздоштшуда, мудири яке аз ширкатҳои Занҷонӣ ва нафароне мебошанд, ки дар системаи бонкдории ин кишвар фаъолият карда, бо ӯ иртибот доштаанд.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |