Бахшҳо

(ВИДЕО) Зумрад Амонова: “Хонаву дар надорем. Истгоҳ ҷои хоби мост."

Зумрад Амонова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, ду моҳ боз бо писараш -- Муҳаммад шаби худро дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои пойтахт рӯз мекунад. Амонова рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, додараш баъд аз марги шавҳари ӯ манзилашонро фурӯхта, онҳоро бехонаву дар гузоштааст.

“Ҳамсарам дар нонвойхона кор мекард. Рӯзгори хубе доштем. Моҳи майи соли гузашта ӯро барқ заду вафот кард. Дар хонаи падарам зиндагӣ мекардем ва додарам баъд аз сари шавҳарам хонаро бе иҷозати мо, ки дар қайди он будем, фурӯхт. Ва моро аз дар берун кард”,-афзуд Зумрад Амонова. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло танҳо як фарзанди ҳаштсолааш бо ӯст. Ба қавли ӯ, писари дигараш гӯиё ба хона-интернати “Чорбоғ” супурда шуда буд, ки ахиран ба фарзандхонии нафари дигаре дода шудааст.

Амонова илова кард, то ин муддат дар чанд тарабхона ба ҳайси зарфшӯ кор карда, зимистонро дар хонаи як сокини Душанбе бар ивази пардохти иҷораи ночиз пушти сар гузоштааст. “Бо сабаби талаб кардани иҷорапулии зиёд хонаро тарк карда, тӯли ду моҳ боз дар истгоҳ ва гузаргоҳҳои пойтахт шабро рӯз мекунем”,-мегӯяд ӯ.

Ба қавли Зумрад Амонова, ӯ тамоми аснод, аз ҷумла шиносномаашро гум карда, барои барқарор намудани онҳо ба ягон мақомоти дахлдор муроҷиат низ накардааст. Як гуруҳ аз ҷавонон Амоноваро шаби гузашта дар истгоҳи наздикии кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе дида, рӯзи 17 апрел ба Кумитаи кор бо занан ва оила, ба назди Ҳилолбӣ Ҷумъаевна, муовини аввали раиси ин ниҳод, бурдаанд. Ҳилолбӣ Ҷумъаевна дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, “аз рӯи қонун бояд аввал шахсияти Зумрад Амоноваро муайян кунем. Худи имрӯз ба Идораи пулиси ноҳияи Сино, ки пеш дар он ҷо иқомат дошт, муроҷиат мекунем, то барояш ҷои зисти муваққатӣ пайдо намоянд.”

Зумрад Амонова мегӯяд, дар тӯли ду моҳе, ки ранҷи бехонагӣ мекашид, касе ба додаш нарасида буд ва аз эҳтимол дур медонад, ки акнун ҳам мақомот барояш кумаки чашмрасе кунанд. Вале ӯ аз он ки бархе ҷавонон ба тақдири ӯву Муҳаммади ҳаштсолааш таваҷҷӯҳ карда, акси онҳоро барои расонидани ёрӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, сипосгузорӣ намуд ва гуфт, “ҳанӯз умед дар дилам намурдааст ва фикр мекунам, ҳанӯз меҳри сокинони кишварам нахушкидааст”.


Мӯҳр
а
Шукрона кунед, шукрона.............

хайфи зани точик ин кадар хор шудааст дар давлати худ.ягон додрас ба додаш мерисида бошад. Аз натичааш илтимос кормандони Озодагон хабар дихед))) (ШУКРИ ДАВЛАТ КУНЕД ШУКРИ ОБУ НОНИ ИН ДИЕР КУНЕД)-дар хама баромадхо мешунавем ана ин хамон холати кор аст)))

rahmat ba padaru modari hamon javonoeki ba hamin zan kumak kardaand baXudo bisyor xursandshudamki dar kishvarimo holoham odamgari mondaast mardumi mo mardumi xubast

Худованд мушкили Шумо ва шумобаринхоро осон бигардонад омин!

инсон
лаънат бар чомеаи сармоядори, чомеаи вахши!

1212
Шукр бояд гуфт...........

Хаккгу
Эй бечора... ин давлатдорон барои парчами баланд ба инхел банавоён кумак кунад намешадми?

Аслидин
Мардум гушнаю ташна хукуматдорои мо парчам месозанд...........................................вооооооооо

тчк
зиндагии замони истиклолият, даврони тиллоии миллатро бинед, ки зани 48 сола мисли 65-70 сола метобад. хайфи миллат

Д
Охи дили ана хамин тоифа одамон, шахсро гулугир мекунад. Кучоянд он ватандустони дар нохунак, он вазифадорхои масъул, ки ба ин бечора хонаеро мухайё намоянд? Канда партоед он парчаму гербатонро, ки шарманда кардед. Мисли ин зан холо хазорхо тан модару хохари точик саргардону дар майдонанд, аммо хеч ниходи давлати кумакашон намекунад.

par4ama bardoshtayu mardumi kishvarat dar maydon bexonavudar

Бисер аламовар аст!!! Модари точик шаба дар истгох руз мекунаду мо бошем байраки гаронбахо бардориву маишату кафкубиву тандуркабобхури!!! Худованд Шумора сохиби хонаву дар кунад модари азиз!!! Аз ноумедихо басе умед АСТ,
Поени шаби сиях сафед аст!!! Хар душворие, Худованд ба сари мо меорад хикмате дорад!! Он додарака хуб тарбия кунед, Худованд хама мушкили Шумора осон мегардонад!! Иншоаллох!!!

ФАРЗАНД
ДИЛАМ БА ХОЛИ МОДАРЕ, КИ БО ВУЧУДИ МУШКИЛОТ НОУМЕД НЕСТ БА ВАЧХ ОМАД, ИНШООЛЛОХ ШУМО МОДАРЧОН ХАТМАН ЧОЙИ ЗИСТ ХОХЕД ЁФТ. ТО БА ОХИРИ УМР МУБОРИЗА БАРЕД, НОУМЕД НАШАВЕД, ЗИХИ МОДАРИ ТОЧИК!!!

Рафик
Сад дар сад бовари дорам,ки судя пул гирифта,ин хонаро гайриконуни додааст.Вокеъан амалхои гайриконунии судхо дар саросари кишвар норозигихои зиёдеро ба бор овардааст.Фикр мекунам ва худо нишон надихад он рузхоро,агар вазъ нотинч шавад яке аз асосхои аввалинаш барои таркиши чомеъа мана чунин беадолатихои мурофиаи суди хохад буд.Ин нишонаи бадтарини ноадолатист,ки оянда накши сузони худро хохад гузошт.

мухочир
Шукронаи ин давлат кунед........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)