Бахшҳо

ВИДЕО: Бозори "Саховат"-и ҳамсари Кабирӣ ба “баланс”-и давлат гузашт

Додгоҳи ноҳияи Турсунзода рӯзи 21 апрели соли ҷорӣ даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ алайҳи соҳибмулкони бозори “Саховат”-и ин ноҳияро, ки аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиянд, қонеъ кард.

Додрас Муҳаббат Пардаева ҳангоми қироати ҳалнома, гуфт, қитъаи замине, ки дар он бозори мутталлиқ ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ ҷойгир мебошад, ба ҳисоби давлат гузаронда шудааст. Вале хонум Пардаева дар мавриди он ки тақдири бозор ва тоҷиронаш чӣ хоҳад шуд, оё вайрон мегардад ва то чанд муддати дигар боқӣ хоҳад монд, ҳарфе нагуфт. Ҳатто ба ин савол, ки дар ин қитъаи замин бар асоси даъвогарон муҷтамаи варзишӣ сохта мешавад, ё не, низ посух надод.

ВИДЕО: Қироати ҳалнома аз сӯи Муҳаббат Пардаева



Гузашта аз ин, ҳангоми қироати ҳалнома дар толори додгоҳи ноҳияи Турсунзода на ҷавобгарон ва на даъвогарон ҳузур надоштаанд. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, ҳарчанд додрас ним соат мунтазир буд, то намояндаи даъвогарон ба додгоҳ ҳозир шавад, вале касе наомадааст.

Парвандаи бозори “Саховат”, ки ба қавли соҳибмулконаш дар он ҷо наздик ба 700 нафар машғули коранд, дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ - бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Солеҳҷон Носиров, намояндаи Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ борҳо барои дар ихтиёри давлат гузарондани бозори “Саховат” пофишорӣ намуда буд. Ӯ гуфт, қаламрави бозори “Саховат” дар ихтиёри ҳукумати ноҳияи Турсунзода набуд ва онҳо ҳақ надоштанд, онро ба касе бидиҳанд ва бинобар ин бояд дубора ба ҳисоби давлат гузаронда шавад.

Яке дигар аз далели онҳо ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаҳои қаблӣ пешниҳод гуфта буд, агар мақомот барои онҳо замин ҷудо кунанд, аз ҳисоби тоҷирони бозор муҷтамаи варзишӣ хоҳанд сохт. Ё ин ки маблағи иҷораи варзишгоҳҳоро пардохт мекунанд. Пешниҳодҳое, ки аз тарафи даъвогарон пайваста рад шудааст.

Масоҳати бозори “Саховат” 1 гектару 77 сотих буда, дар ноҳияи Турсунзода ҷой гирифтааст. Ин бозорро соли 2009 Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, аз соҳибмулки аввалинаш Лутфия Неъматлулоева ба қимати 836 ҳазор сомонӣ харидааст.
Мӯҳр
Е Оллохи Бузург кай ба монанди хаминхел Солехчонбоин "ДИЛСУЗОН", намояндагони зидди фасод дигар корхонахоро ба мисли: Барки ТОчик, ТАЛКО, IRS, СомонСугдгаз, Точиктелеком, Таджирон, Аэропорти Душанбе, Сомон Эйр, Таджик Эйр ва САДХОро ба баланси давлат мегузаронда бошан??????

.
Тахаммул барордарон, тахаммул. Сари хамро шамшер намебурад.

Мундулло
Мақсади асосӣ, бахилӣ ва заъифу пачақ кардани оқои Кабирӣ аст, на чизи дигар. Чоҳкан ҳамеша зери чоҳ аст.

Рахмдил
Аз авал маълум будки ба баланси давлат мегузаронан. Ин аз боло супориш аст агар мехостанд бе суд хам ба баланси даалат мегузарондан.

shumo az kafoi kabirivu zoirov gashtangiren muhojiroi tojika dar ku4a dar bayni mardum kushta partofta istodaand shumoboshed fakat dar fikri siyoh kardani rakiboni siyosiaton hasted davlat be apazitsiya nameshavad inro faromush nakuned gami marduma xurdandarkor

Амир
И Кабирй икадар пула ай кучо ёфтай ки? Бад меган Президент. ягонтаи шумора бовар кардан даркор нест. у одами ки ай кафои Хукуматихову нахзатихову дигару дигаш медава ахмакай. хамаш да фикри чону молу хешу табори хдшонан. так что зиндагира пеш бурдан даркор.

Агар бозори "Саховат"-ро бубанданд хеч гап не боз дар Руссия 700 мухочир зиёд мегардад.

Сомон
Салом хонандагони азиз.,
хамаш ку махкул лекин инчо гап дар сари Габири намеравад гап дар сари он мардуми бечораи Точик хаст ки инкадар совдогароне ки дар инчо савдои худро доранд ва зиндагии худро аз инчо пеш бурда истоданд инхо чикор мекарда бошанд, наход ки хамин хонуми мехрубон дар гами хаминкадар мардуми бечора набошад ки як борхам бошад фикр кунан ки холи онхо чимешуда бошад, ё ки ин мардум хам кора партофта Россия раванд, ё ки..........................................

Сомон,
gairi konuni bud girift hukumat.20 sol kabiri milionho foida girift va ba savdogaronu korgaron kafolat bud.puli savdogaronro boyad kabiri bo zanash tiyand az rui islom na hukumat.

regar tadaz
in halnoma 20 ruz pesh chop shuda bud, dar injo na az dasty Pardaeva va na az dasty Kabiry kore meoyad. OB az bolo loy ast misly seli shurobod hudo rahmat kunad mardumy sezadaro

Сиёсати мубориза бо оппонентхо дар амал! Ин аст дермократияи мо.

inho yagonxel varzishgoh namesozand fakat maksadshon bozora giriftanbud bozor ba kor davom dodan megirad

muhammad
Александриец,
bale 100 dar 100 rost gufti... razki davlati mekunen boyad ba hamai tabakai mardum daxolat kunad, na ba 1 guruh.. Xudovand hidoyatshon kunad..

urus
ba tojik: hub meshud nomta tojik ne u shaiton memondi, korat faqat alovmoni, duruyagi digar hej

RRR
Ихо ба бойгарии ЧТ сер намешаван

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)