Бахшҳо
22 апр 2014 11:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талаби Шабдолов барои гузоштани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар рӯзи таваллуди Ленин, ки ҳамасола 22 апрел таҷлил мешавад, аз мақомоти кишвар хост, барои гузоштани ҳайкали ӯ дар маркази Душанбе бикӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳайкали доҳии коммунистҳо, ки ҳашт соли пеш аз маркази Душанбе барчида шуда буд, ҳоло дар анбори Вазорати фарҳанг дар ҳоли ногуворе қарор дорад.

“Ҳамон рӯзе, ки муҷассамаи Ленин дар Душанбе дубора барқарор гардид, фаҳмед, ки тағйироти ҷиддӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам берунӣ мешавад”,-мегӯяд Шабдолов. Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон дар идома гуфт, ин ҳайкали Ленин ҳамагӣ баъд аз як соли ташкил ёфтани Тоҷикистони Шӯравӣ ба кишвар оварда шудааст ва бояд дар ҷои муносибе ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз мешуд.

“Ин ҳайкали нахустини Ленин дар Осиё буд, ки 8 сол мешавад, дар анборхонаи Вазорати фарҳанг хоб аст. Нусхаи дуюми ҳамин ҳайкал дар Санкт-Петербург аст, ки онро хуб нигоҳ медоранд. Ин хел муносибат кардан зарур аст. Ба ҷуз ин, дар Финландия ва Ҳиндустон низ ҳайкали Ленин то ҳол пойбарҷост. Дар мо шарм мекунанд аз дасти росте, ки роҳи ростро барои мардуми заҳматкаш нишон медиҳад. Ба нафаре муҷассамаи ин шахси бузург маъқул набошад, наздаш наравад. Монанд, ки мо онро дар ҷояш гузорем”,-таъкид кард ӯ.

То чанд соли пеш ҳайкали Владимир Ленин, доҳии пролетариатҳои ҷаҳон, дар марказҳои аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон вуҷуд дошт ва ба қавли Шабдолов бо дасти росташ мардумро раҳнамоӣ мекард. Вале ҳоло ин муҷассамаҳо як-як ҷои худро ба Исмоили Сомонӣ, парчаму нишони миллӣ ва шоирону шахсиятҳои шинохтаи тоҷик додаанд.

Кандани ҳайкали Ленин, дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ, нахуст аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 шурӯъ шудааст. Тасмими баркандани ин ҳайкал бо қарори шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов сурат гирифта, эътирози густурдаи коммунистҳоро ба вуҷуд овард ва Қадриддин Аслоновро аз мақомаш барканор кард.
Мӯҳр
Худо сариштаат кунад бо хамин хайкалбозиат! Мардум дар чи гаму ту дар чи гам.

Шероз
"охир, ленин бобочон мурда рафт", лучше дайте деньги которые пойдут на реставрацию памятника детским домам, польза от этого будет побольше!!!

Басмачи
Шарм намедори Шабдолов! Шарм бозори чармда бгу!

То кай ин бо хами лелинш гаранг мекарда боша охи хама медонанд идеалогияи шумо кухна шуд

Рамз
аз Сомони ба мо чи фоида расидааст? Ленин ба мо сериву пури овард. Чои Сомониро бояд У гирад.

Хайрон
Хай хайкали ЛеЛиНа монди, баъд чи? Шкамат сер мешавад? 1000 чойи кор пайдо мешавад?

Если уж так беспокоишься о судьбе этого монумента так иди возьми и поставь ее у себя в доме или во дворе будешь красоваться зрелищем каждый Божий день!!!

на самом деле хайкала бурда да пеши хонахотон монда дар гирдаш ракс кунад

.
Ин хукумат ягон хунари ягон корхона сохтан надорад. Барои хамин часпидаанд ба корхои бехудаву бемаъни мисли парчамсозиву хайкалсози...

Ахтар
Вокеъан ман тарафдори мондани хайкали Ленин бобо хастам.У дар хакикат тарафдори кабагалону фукаро буд.У тавонист,ки шохигари ва мистеру лорду герцогу графии дуругинро аз байн барад.Вокеъан у ягона шахсиятест,ки тавонист,ки мардумро бо як чашм нигох кунад,он чунон,ки худованд хамаро баробар офарида,баробар карда буд.У тавонист,ки чахонро тагир дихад ва мардум бовар кунад,ки ин лорду герцогу гафхо дар таърих хамааш дуруг будаанд.Гайр аз дуругу корчалони каси дигаре набуданд.Ленин шахсиятест,ки ибораи пурифтихори рафик-товарищро ба чои чаноб барои хоссу ома корбаст кунад!У ягона шахсиятест,ки герби маъруф ва наздик ба дустдори гудованд-гандум,досу болга-рамзи коргару ризку рузидихандаро ба чои гербхои бемантики шеру пралангу рубоху моруугоби дусара чой дихад.Ленин барпокунанда ва зиндакунандаи халкхои аз байн раванда аз чумла халки мазлуми точик аст!Инро бояд фахмид ва бахо бояд дод.Агар Ленин ва инкилобаш намешуд,имруз бо дилпури метавон гуфт,ки на чумхурии Точикистон вучуд дошту на халки точик.Бародарони "муъмин"-и туркамон аз забонамонро пурра аз байн бурда хонигарии васеъи Туркистонро шояд то имруз дар даст нигох медоштанд!Инро шахсе мегуяд,ки хеч гох большевик набудам ва вазифаи большевики низ надоштам.Танхо мукоисахои солхои охири ахволи та танхо халки точик.балки зиндагии вайронаи мардуми шурави аз чумла дехоти нимвайронаи Руссия манро ба ин гуфтахо водор кард.Ин давлати коргару дехкон бо кушишхои чандинсолаи саравтмандони ИМА,Олмон,Англия ва Исроил ва хиёнати Ельцину Горбачёв аз байн рафт.Кравчуки президенти соли 1991-и Украина 2 сол пеш дар як мусохибааш гуфта буд,ки агар медонист,ки бархамхурии СССР барои ватанаш Украина инкадар бадбахти ва кашшоки меорад он гох дар Беловешскый Пушаи Беллорусия Ельцину Шушкевичи беларусро зада зада ба шартномаи 1000 солаи СССР мачбур ба имзо мекард!

Э нейе мухтарам Шабдолуф! Биё бо як овоз хайкали Путина монем. Агар розй бошй ай тура хам мемонем. Чй гуфтй?!

Э э бародар гум кунед ин хайкали Путини фашистро бо хуни халки точик дар курсии президент шишта сохиби миллиардхо доллар дар бонхои гарб гаштааст

мухочир аз русия
Шабдолуф аз ХУДОВАНД шарм дор (лелин) ба ту чифойда дорад синат ба пири расид якмайда фикри ХУДОВАНДА КУН ФИРЪАВН ЧИ ШУД КИ ТУ бишай.ОКБАТ РУ БА ХУДОВАНД ОВАРД ТУ ХАМБОШИ ХОЛИЯМ ДЕР НАШУДАСТ бигард

Ленин як чузъи таърихамон аст, дар вакташ мачбури таърихи КПСС-а хондем, значокои сарисинагия часпондем, гулмони барои хайкалаш кардем, расмаша парад баровардем, пеши доскахои мактаб задем, бигзор хама донанд, ки сиёсат хамон вакт чи буд, ё инки надонанд хуб бошадми wink

Рамз
Бурда дар хонаат шинон он хайкалро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)