Баҳси мухолифон ва тарафдорони Айнӣ дар пайи пешниҳоди Зоиров

Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои номгузорӣ шудани яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Агар бархе аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ ва ҳимоят карда бошанд, нафарони зидди он низ кам нестанд.
Асрор, як корбари “Озодагон”, бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ, аз ин пешниҳоди Нарзихон Зоиров, мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ибрози норозигӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “рафиқ Зоиров, ба устод Айнӣ аз будаш зиёд баҳо надиҳед. Дар ташкилшавии давлате бо номи Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд аз фарзонамардони тоҷик - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ном гирифт. Хидмати Айниро инчунин устод Лоҳутӣ низ дар адабиёт ба миллати тоҷик кардааст. Вақте Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи сиёсӣ ба Сталин ва ВЦИК-и СССР нома менавиштанд, ин нафарони номгирифтаи Шумо куҷо буданд? Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” баъд аз 2 соли ташкилшавии Тоҷикистон, яъне аниқтараш дар соли 1926 рӯи чоп омадааст. Албатта, агар соли 1923 нашр мешуд, гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст. Ба хидмати ҳар шахс бояд баҳои мунсифона ва воқеӣ дод."
Ин хонандаи мо дар идома навиштааст, "бовар дорам, агар Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз дигар минтақаҳо мебуданд, ҳайкалҳои тилоии онҳоро гузошта, аз онҳо на ҳамчун қаҳрамони 5 ва 6-уми Тоҷикистон, балки қаҳрамони рақами 1 ё 2 ном гирифта мешуд. Зеро онҳо тоҷики кӯҳистонианд ва дар ҷанги тоҷиккушӣ соли 1992 маҳз ҳамдиёрони ин барпокунандагони барҳаққи Тоҷикистон қатли ом гардиданд, аз ин рӯ қаҳрамондиҳии онҳо ба дарозо кашид. Ба назари ман, агар ин ду нафар барпокунандаи Тоҷикистон зинда мебуданд, ҳатман аз даҳшати ба мардуми диёр овардаи душманони миллат ба шигифт омада, аз кори кардаи худ сахт пушаймон мешуданд. Маҳз барои ташкили Тоҷикистон ва зарбаи сиёсӣ задан ба пантуркистон ин ду роҳбалади миллати тоҷик бо пешниҳоди пантуркистон соли 1937 кушта гардиданд.”
Дар ҳамин ҳол, корбари дигари “Озодагон” низ дар номаи фиристодаи худ ба мо аз пешниҳоди дипломати тоҷик ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “Айнӣ дар як гӯшаи дунё барои зинда мондани забони форсии дарӣ ё худ ҳамин забони тоҷикӣ хидмат кард ва бояд ба ин хидматаш арҷ гузошт. Ҳадди ақал набояд таҳқир кард ё аз ӯ ба бадӣ ном гирифт. Чун ҳарду кори хубе нестанду гуноҳи худро доранд. Чӣ тавре бародарони мусулмони мо огаҳӣ бештаре доранд, бояд аз кибру ғурур ҳангоми қиёс ва баҳо додан ба масъалае каме бояд поин фурудомад. Бо гузашти вақт довари замон худ, ки беҳтарин довар аст, баҳо хоҳад дод, ки кӣ буду чӣ коре анҷом дода буд! Устод Айнӣ дар адабиёт ва шиносондани мардуми тоҷик хидматҳои шоёну назаррасе кардааст. Албатта, инро ҳама медонаду мункири он ғалат кардааст. Магар имрӯз дар ҷомеаи мо ба мисли қаҳрамонҳои китобҳои ӯ, аз ҷумла Одинаву Дохунда ва Ғулому сӯдхӯрон кам дида мешавад?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |