Бахшҳо

ВИДЕО: Назари мухолифону ҷонибдорони Раҳмон... баъд аз паём

Ҳумайрои БАХТИЁР

Намояндагони аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон мегӯянд, дар паёми имсолаи раисиҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ ҳарфи тозаеро нашунидаанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва ваикли парлумони Тоҷикистон, гуфт, паёми рӯзи 23 апрели Эмомалӣ Раҳмон аз паёмҳои қаблияш аслан тафовут надошт. Ӯ мегӯяд, вақте як шахс такрор ба такрор паём мефиристад, ҳатман услуби баён ва барномарезии он шабеҳ хоҳад буд.

Муовини раиси ҲНИТ бо ишора ба сарфи назар шудани масоили ҳизбҳову ҳаракатҳо аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Дар паёмҳои қаблӣ ҳатман ишора ба ин мавзӯъ мекард. Аммо мо дидем, ки он мавриди амал қарор намегирад. Барои мисол, Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи паёмҳо аз баргузории як интихоботи шаффоф мегуфт. Аммо шояд дид, ки суханҳояш мавриди амал қарор намегиранд, ин дафъа аслан ҳарфе нагуфт.”



Аммо Ҷумъахон Давлатов, намояндаи раисҷумҳур дар парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар паёми навбатии худ Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баррасӣ намудааст. Ба гуфтаи номбурда, дар ин паём оқои Раҳмон бисёр рақамҳоро барои таҳлил низ пешниҳод намудааст: “Фаъолияти ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли гузашта ҷамъбаст ва барои 7 соли оянда муаяйн карда шуд. Нуктаҳои ҷолиб дар мавриди фаъолияти минбаъдаи парлумон, қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии мубориза бо ҷиноятҳо гуфта шуд.”

Маликшо Неъматов
, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аз ҳарфҳои раисиҷумҳур дар мавриди роҳ кушодан барои ҷавонон ва тарбияи онҳо истиқбол кард. Ӯ гуфт, “айни замон донишу қудрати ҷавонон истифода мешавад ва мо дар ин раванд метавонем ба муваффақиятҳои бештар ноил гардем.”

Рустам Латипов, раиси ноҳияи Восеъ, ишораи расиҷумҳур дар мавриди таҳияи қонун дар бораи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистонро яке аз нуктаи муҳимтарини паёми соли 2014 арзёбӣ намуд. Латипов мегӯяд, “бояд мо чунин қонуне дошта бошем, ки ҳангоми шомил шудани Тоҷикистон ба ин ё он созмон ва ҳангоми имзои санадҳои байналмилалӣ манфиати кишвар дар мадди аввал бошад.”
Мӯҳр
Латипов мегӯяд, “бояд мо чунин қонуне дошта бошем, ки ҳангоми шомил шудани Тоҷикистон ба ин ё он созмон ва ҳангоми имзои санадҳои байналмилалӣ манфиати кишвар дар мадди аввал бошад.” Раис чони гапа задааст. Зеро аз аксари санадхои имзогардида танхо буи худхохи меояд.

Чамол
Хамин аз чо хестану карсак задан ба президент чи маъно дошта бошад? Ё инки хама аз вай мутахаманд?

Эй кош хамаи ин гуфтахо аамли шавад

Акрам
Мухтарам Латипов-дар-кишвару-миллатхои-фарханги-айн

salibi surh
Aslan man ba hamin vazirho hairon meshavam- baroi on ki pas itihob shudanshon ba vazifa digr ki gum meshavaaand to yagon moshin nazanash yo digar fojea nashavad, misol charo hangomo kushdashavii yagon ta,limgoh hudi vaziry maorif iftitoh namekunad yo inho faqat baroi QARSAK zani meboshand. hamaashro Janobi bechora boz mekunad misle ki digaron Qaychi nadorand albata baroi in kor ham tajribai ziyoda az 15-sola lozim ast. Slomat boshi Jnobi Oli dastat dard naknad. <Ozodagon>OLWAYS BE FREE

салом  дар гуфтахои райси чумхур оиди ча
вонон  ва бисер донишу малакаи онхоро та
риф кардан хамаш як максад  аст райси 
ояндаат чавон бояд бошад ва он  pустами 

Агар баъди паём картошка арзон мешуд, милиса ва муаллим пора намегирифт, ба Душанбе автобус меоварданд, кучахои пойтахтро таъмир мекарданд, халк кор меёфт, пас ман ин паёма хурмат мекадум. Лекин хеч чи тагёир наёфт ва намеёбад. пас паём чи даркор, аклам намегирад...

Мо ҶАВОНОН КУРНАМАК НЕСТЕМ
ХУД ДИДА ИСТОДАЕМ РУШДИ МАМЛАКАТРО!
ЯК НИШОНДИҲАНДАИ АСОСИРО МЕХОҲАМ БА
ШУМО АРЗЁБӢ КУНАМ КИ СОЛИ 1997 САТҲИ
ТАВАРРУМ (ИНФЛЯЦИЯ) 2020% ТАШКИЛ МЕДОД
ҲОЛО БОШАД ИН БА 3,7% БАРОБАР ШУДААСТ.
ҲАМИН КИФОЯ АСТ БАРОИ АҲЛИ ФАҲМ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)