Бахшҳо

Космос: Аз сиёсати Русия алайҳи Украина шарм мекунам

Дмитрий Дюжев, ҳунарманди театр ва синамои рус, ки барои тоҷикон ҳамчун “Космос” аз филми “Бригада” ошно аст, бо пахши як изҳорот сиёсати кишварашро маҳкум кардааст.

Дмитрий Дюжев гуфтааст аз сиёсати пешгирифтаи Русия алайҳи Украина эҳсоси шарм мекунад: “Барои ин амалҳои ҳукумати кишварам аз Украина пӯзиш мехоҳам. Ман ва дигар мардуми Русия тарафдори ҷанг нестем ва аз ин амалҳои ҳукумати худ дар қиболи ҳаводиси Украина шарм медорем. Ман Украинаро ҳамчун як кишвари устувор дӯст медорам. Ҳоло шахсони бонуфузи санъату ҳунар дар сафҳаҳои худ нисбат ба ин қазия мавқеъгирӣ мекунанд, ман низ наметавонам канор бошам.”

Дмитрий Дюжев, ё худ “Космос” аз “Бригада” гуфтааст, дар даврони кудакиаш хонаводааш ҷанги 1941-1945-ро ҳамчун рӯзҳои тарс, гуруснагӣ ва марг тавсир мекардаанд: “Аз ин хотир ман аз тақдири Украина ҳарос дорам. Бо ин ҳама хотираҳо мо набояд он рӯзҳои мудҳишро ба сари мардум, фарзандони худ баргардонем. Орзуи ман ин аст, ки кудакони ман оромона дар хиёбонҳо бозӣ кунанд ва ҳар субҳи офтобиро бидуни тарсу ҳарос пешвоз бигиранд. Ман аз насле ҳастам, ки дар даврони СССР бузург шудам ва бовар надорам, ки он вақт моро барои дустӣ бо ҳамсолони дигар миллат маҷбур мекарданд.”

Дмитрий Дюжев гуфтааст, ки ба фарҳанги Украина эҳтиром дорад. Ҳар инсон ин мард ва зан аст, ва ҳар зан-модар новобаста аз сину соли фарзандаш бар зиди ҷанг аст. Дюжев афзуда, шояд ҳазорҳо нафар фалсафаи ин суханони ӯро қабул надоранд: “Вале ман аз хомуш будан хаста шудам. Мо мардуми саёра бояд дарк кунем, ки ҳамаи мо инсони як заминем ва набояд чизеро байни ҳам тақсим кунем. Мо набояд ҷанг, балки бо ҳамдигар зистанро биомузем. Украина, мо бо шумо!”
Мӯҳр
Сафар
Ташаккур-космоси-азиз-чони-гапро-гуфти-.Дар-
Точикистони-азизи-мо-бошад-ашхосеро-
ки-зиди-сиёсати-ночои-Путин-дар-Украина-хас

Ф
Мавкеи у дар бобати мухочирони точик чигуна бошад?

Комил
саломат боши бародар спосибо!

С абох
Мо инсони як заминем гуфта нишастан хуб аст. Лекин кишвархои НАТО ин гуна фикр надоранд. Вагарна пас аз пошхурии Иттиходи Шурави системахои зиддимушакиашонро то сархади Русия намеоварданд. Амрико ва Аврупо хеч гох рушди Русия ва Иттифокчиёни онро намехоханд. Ин гапхоятро "боаклонаат"-ро аввал ба Амрикову Аврупо бигуй!

Ты лучше стыдился бы за главарей хунты - Турчинова, Яценюка, Яроша, даму с косой Юлии Тимощенко, а также кукловодов Запада и США, а не за Россию! Именно они привели Незалежную до состояния распада!

спитамен
дима ту агар аз сиеати путин шарм куни ман бошам аз у нафратам меояд зеро украину рус як миллатанд путин бошад баройиаз мушкилоти дохили саргумзаданад чунин рафтори авбошона ва мугризонаро пеш гирифт.Лекин бо рафтораш руйи мардуми русро сиех кард.

C абох ва Karim. "Космос" рост мегуяд. Ин марди чигардор чанги иттилоотии чухуд-яхудони твхои Расияро дар назар дорад. Депутатхои чухуд Жирику Хинштейну дигарон ба указкаи Путин чанги сеюмро огоз карданиянду максади нихоияшон сохиби замину сарват шудан. Аз суханони Соловёву Киселёву дигар журналяхудхо худ казоват кунед.

Россия
маълуми ки дабраволсти Амрикои

бедаво
бравооооооооооо!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! КОСМОС!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)