Бахшҳо

Меҳмоншо Шарифзода: “Идомаи ин хушунатҳо ... инқилоб аст”

Дар пайи баҳсҳои додгоҳӣ дар мавриди моликияти афроди маъруф ба мухолифин ё ислоҳотхоҳ, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, ҷанги амвол дар Тоҷикистон кай тамом мешавад?


Абдулфаттоҳ ШАФИЕВ, коршинос:

“Ҷанги моликият дар ҳеч давру замон анҷом намеёбад. Танҳо вобаста ба нақши ҷомеа ва қонун шакли худро дигар мекунад - ҷое ҷангалитар ва ҷое ҳушмандонатару қонунитар. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзи мо ба назар мерасад, ҳамин гуна ҷанги моликиятҳо хислати қонунии худро аз даст медиҳад ва торафт ба як ҷанги бидуни қоида табдил меёбад. Ба як ҷанге табдил меёбад, ки аз кадом рақиб тарафдорӣ кардани довар маълум аст ва довар нақши худро камранг кардаву зери навои яке аз рақибон мерақсад. Оё ин вазъ ба ҷомеа таъсире мерасонад ва ё дигаргуние меорад? Қазияҳои ахир нишон доданд, ки дар ин кишвар ҷомеа дигар вуҷуд надорад ва ҳама инфиродӣ гаштаанду, дӯстдоштатарин ҷумлаашон низ "ба ман нарасанд, бас" мебошад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ, вакили парлумон:

“Ман бо чунин парвандаҳо шинос нестам. Инро худи додрасҳо ҳо медонанд.”

Иззат АМОН, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав:
“На, тамом намешавад, то оне ки як дигарандеш дар Тоҷикистон ҳаст, нисбат ба ӯ ва молу мулкаш ҳуҷум хоҳанд кард. Ин корҳо хоси як ҳукумати диктатурист.”

Аюб ЭГАМОВ, иқтисоддон:
“Мавзӯи аз худ кардани тиҷорати соҳибкорони муваффақ дар Тоҷикистон таҳлили ҳаматарафаро талаб мекунад. Аммо чанд нуқтаро дар мавриди аввал қайд кардан мумкин аст. Якум аз худкунӣ асосан аз тарафи як гуруҳи муайян, ки ба ҳама маълум аст, иҷро мешавад. Ин гуруҳи пуриқтидор тамоми ҷилави тиҷоратро дар Тоҷикистон назорат мекунад, тамоми мақомот дар дасти онҳост, чун дар бисёр ҳолат худи онҳо мақомот ҳастанд. Он тоҷироне, ки ҳоло бизнеси муваффақи худро доранд ҳатман фоидаро бо ин гурӯҳ тақсим мекунанд, то он даме ки бизнеси онҳо ба гурўҳи “рейдерон” ҷолиб нест. Вақте тиҷорати онҳо ба ин гурўҳ “форид”, новобаста аз он ки онҳо пештар чӣ муносибат доштанд, бизнес моли “гурўҳ” мешавад. Дар мавриди он ки то кай ин аҳвол давом меёбад, назарҳо гуногун ҳастанд: баъзеҳо мегӯянд, бояд мақомоти додгоҳ мустақил бошад ва ё худи президент ба ин дахолат кунад ва ғайра. Дар ҳамин ҷо мехостам фикри шахсии худро иброз намоям: Бубинед, яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани “майдони” Украина маҳз ҳамин буд.”

Сафват БУРҲОНОВ, журналист:
“Хубаш чизе нагӯям. Вақте дар бораи онҳо гуфтаму гирифтор шудам, онҳо хомӯш буданд. Имрӯз онҳо гирифтор шуданд, ман хомӯш мемонам.”

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, донишманд:
“Давоми ин хушунати иқтисодӣ-сиёсӣ мантиқан ҷанг, сари кор омадани режими диктатурист ва ... инқилоб аст. Ин танҳо фикри ман нест таҳқиқоти зиёди навтарин дар ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва антропология дар мавзӯи давлат ин чизро тасдиқ мекунанд. Зеро фишорҳои зиёд болои озодӣ ва истиқлоли мардум ва нодуруст истифода кардани қудрат боиси он мешавад, мардуми дигари истиқлолхоҳ ва қудратталаб пайдо мешаванд ва дар вазъияти имрӯзаи дунё дар ин сарзамин, ки пояи ваҳдат ва истиқлол ҳануз заиф аст ба чунин равиш дар сиёсат роҳ додан камоли бехирадист. Фикр мекунам, сиёсатмардони моро зарур аст, ин фазои ҳукмрони сиёсиро, ки ин чунин гуфтугӯ ва муносибатҳоро дар ҷомеаи Тоҷикистон шакл дода истодаанд, бишиносанд ва ҳушёр бошанд. Бубинед, имрӯз як чизро ҳануз дарк накардаанд, ки қонун дар ҷомеа болотар аз ҳама кас ва ҳама чиз аст, вале дар мо дар масъалаи муносибати сиёсат ва қонун унсурҳои ҳолати фавқулоддаи (the state of exception…) сиёсӣ то ҳанӯз ҳукмрон аст, яъне сухани шахс болотар аз қонун аст. Ин мушкилот бояд баъди сулҳи тоҷикон ҳал мешуд ва ҳама дар зери қонун ба ҳаёти созанда машғул мешуданд, ки дар асл дар қудратбудаҳо дигар он сӯйи қонун дунёи дигар сохтанд... Ва мардум дигар ба қонун бовар надоранд ва нигаронанд, ки супориши касони болотар аз қонунбуда нисбат ба қазияи онҳо чи гуна аст ва аслан аз ин супоришҳо ва аз сатҳи супоришҳо дар хавфанд. Агар супориш аз нуқтаи охирин омада бошад дигар ҳама умедҳо барбоданд... Ва амалиёти бунёдгаронаи (ё кушандаи) мақомот дар сиёсат ва ба назар нагирифтани дигарон дар сохтмони таркибҳои ҷомеа давлати заифи миллии моро боз ҳам заифтар мекунад. Хуб мешуд, аз ин иллюзияҳо, ки худ ва дигаронро фиреб медиҳанд, гузашта ва ба таҳлилҳои ақлонӣ (discursive practice) такя мекарданд. Имрӯз ДИГАРҲОРО ҳам бояд эътироф кунанд, ки онҳо ҳам ҳаққу ҳуқуқи дар ин сарзамин зистан ва ба соҳибкорӣ, сиёсат ва дигар корҳои созанда машғул буданро доранд ва ояндаи ин давлат ба ҳалли мусбати ин мушкилот вобаста аст.”
Мӯҳр
100% тахлили дуруст.,, Сухани ШАХС ё худи ШАХС дар ин КИШВАР аз КОНУН болост,,

Гариб
zuhuriddin,
Мувофикам !!!

Шамсулло
Гуфтахои Мехмоншох Шарифзода сад дар сад дуруст мебошанд. режими диктаториро окибаташ инкилоб аст.

Карлукхуча
Ин миллат баъди интихоботи мохи ноябри соли 2013 хама орзую умедашро аз даст дод.Сабабаш ба хама маълум аст.Кишвар зиёи ва шахси босавод надорад.Андешахо ва магзхои тоза хама баромада рафтанд.Барои ман аламовар буд шартонабандии ноодилонаи русхо барои пойгохи низомии 201 ва боз аламоватар вакто,ки диктори телевизиони РБК-и русхо ба чунин шартномабандии точикон хандид!!!

Шараф
Ин аъмоли онхо бегуфтугу ба чанчоли калон бурда мерасонад.Инро дар доираи Кремл низ хуб мефахманд.Аклашон барои тахлил намерасад.Бадии кор дар он аст,ки бо минтакагарои,ки карда истодаанд миллати моро аз байн бурда истодаанд.Ана хамин мардум имруз номуси точикро аз байн бурда.уро ба Чамшуд табдил дода,зани точикро,ки покдомантарин зани CCCР буд нопок карданд.Инро аллакай точикони бисёр минтакахо сарфахм рафта истодаанд

Дар Точикистон нишонахои инкилоб баръало равшан аст. Инро аз шиддат гирифтани рухияи эътирозии ахоли хусусан чавонон метавон хулоса намуд. Дар интернет идея ва хатто платформа барои инкилоби точики шакл гирифтааст. Аз мавкеи хукумат маълум аст, ки минбаъд барои пешгирии инкилоб аз бучети давлати барои мустахкам намудани фаъолияти сохторхои милисаву амният маблагхои зиёд харч хоханд шуд. Аммо дар ин аср истифодаи неру бар зидди инкилобчиён маънии бо дасти худ барои худ кандани чох аст. Аз ин хотир ман чунин фикр мекунам, ки хукумат бояд омилхои инкилоб - хешутаборчиги ва махалгарои дар сиёсати кадриро куллан аз байн барад

Сафдар
Кремл бисёр чизхоро медонад.Ин мардум хатто барои барои интихоботи ноябри соли 2013 тамоми манфиатхои кишварро-бо як тини зард фурухтанд.Лекин ин амалашон низ кор нахохад дод.Вазъият давраи соли 1992 нест,ки турку мугулу хизби аз байн рафтаи большевикии кадраш намонда точик кушад.Интернет иттиллот хама чахони аст.Ягона илоч ин ислохот ,мубориза бо коррупсия ва минтакагароист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)