Бахшҳо

“Олимони ояндаи мо дар ҳолати муллоҳои имрӯза хоҳанд буд"

Бахши 1
Бахши 2


Ботил аз ботил бирӯяд, ҳақ зи ҳақ!
Бедил

...Чи хеле мебинем, дониш ва таҷрибае, ки мо дар борааш ҳарф мезанем, яъне истиқлолият, дар мо нест ва ё ҳанӯз дар сатҳи идеяи ношинохта ҳаст. Ин ҷо ба таври мисол фаҳмиши истиқлолиятро дар Тоҷикистон овардем ва дар умум дар ҳама тарафҳои ҳаёт ҳамин ҳолати, бо забони Мавлоно, мурғро монда аз қафои сояи мурғ давиданҳо вуҷуд дорад.

Ин ҷо мо дар бораи сайёди шинохтаи воқеияти Тоҷикистон, қудрат ва зиёиёни наздик ба он, ҳарф мезанем, ки ба маризиҳои таърихӣ гирифтор шуда, масъалаҳои асосии ҷомеаи Тоҷиконро надида истодаанд. Имрӯз аз вазифаҳои бунёдии зиёиёни Тоҷик ва махсус онҳо, ки дар ва наздик ба қудрат ҳастанд, ин пеш аз ҳама (ҳоло ки зиёд дер нашудааст) дар ҷомеа ташкил кардани фазои мустаҳкаме барои амал кардани илм ва дониш буд ва ҳаст. Ин фазоест, ки имкон медиҳад, ҳам дониш ва илм истеҳсол кунем, ҳам сарвати мадании худро (фардҳоро) тақвият бахшем ва инчунин ҷомеаи донишбунёд дошта бошем. Ин фазоест ки имкони пайдо шудани зиёии миллиро дорад, яъне он чи фаротар аз фақат дониш гирифтан аст, он чи фаротар аз ёд гирифтани забонҳои хориҷисту интернет ва шиорзанӣ.

То ҷое Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ ба ҷомеаи донишбунёд ва истеҳсолкунандаи илм табдил ёфта буд, вале мутаассифона он сатҳ дигар нигоҳ дошта нашуд. Дуруст аст, ки бисёре аз олимон ин сарзаминро тарк карданд, бисёриҳо мурданд, вале имрӯз ҷавонон ҳастанд ва ҳанӯз ҳамон руҳи ҷустуҷӯ ва таҳқиқ дар вуҷуди мардуми Тоҷик вуҷуд дорад. Имрӯз ҷомеаҳои пешрафтаи дунё бо илм, дониш ва таҷриба роҳбар шуда истодаанд ва ҳамаи ин истилоҳҳои “ҷомеаи технологӣ” (Berger), “ҷомеаи информатсионӣ” ё хабарбунёд (на ғайбатбунёд) (Lyotard, Beniger), “ҷомеаи донишбунёд” ( Bell, Drucker) ба ин далолат мекунанд. Инро бояд қайд кард, ки бо дониш ва таҷрибаи гузаштаи худ мо метавонем ҷомеаи фарқунандаи хешро дошта бошем. Ҷомеа имрӯз чи гуна буданаш ба он вобаста аст, ки барои барномаҳои илмии лабораторияҳо чи қадар сармоя сарф мешавад ва илму дониш чи қадар ба истеҳсолот ба ҳаёт наздик мешавад.

Вале монеаи амалӣ шудани ин барнома ин аст, ки зиёиёни дар ва ё ба қудрат наздик, ба ҷои ба дониши асл такя кардан ва ин корҳои бунёдиро анҷом додан, бештар ба сиёсатбозиҳои ҷомеа дода мешаванд ва фаромӯш мекунанд, ки давлат ва ҳукумат вазифаи баландтаре доранд аз он ки мухолифи шахсу ҳизбе ё гуруҳе дар ҷомеа бошанд. Яъне, ҳукумат ва институтҳои ҳукуматӣ моли шахсе ва ё ҳизбе нестанд, балки ин сатҳест, ки болои ҳақиқат (арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо), волоияти қонун ва молу сарвати ин мардум бунёд ёфтааст ва амал мекунад. Кадом гурўҳи сиёсие, ки ба қудрат меояд, бояд сазовор будани худро ба ин мақом исбот карда тавонад ва боварии тамоми Тоҷиконро ба даст орад. Қудрати бо ҳақиқат ва дониши равшан мусаллаҳ дар сиёсати байналхалқӣ имкони гуфтугӯи баробарро пайдо мекунад ва ин ҳолати дар батни ҷомеаи худ душман сохтан аз байн меравад.

Фикр мекунам, дунёи Тоҷик нав оғоз мешавад ва имрӯз то ба бозиҳои сиёсӣ машғул шудан, ҳар як фард ва гурӯҳи огоҳи Тоҷик бояд бо бозии шинохт (роҳҳои таҳқиқ ва ҷустуҷӯ), ба бозии ҳақиқат машғул бошад. Масъалаи шинохт, яъне мусаллаҳ будан бо дониши замонавии фаҳмидани худ ва дигарон дар дунёи имрӯза бояд дар кӯдакистонҳо, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо масъалаи асосӣ гардад. Бо мустаҳкам кардани фарҳанги ақлонӣ ва шинохт дар ҷомеа мо метавонем соҳиби ҷомеаи донишбунёд ва истеҳсолкунандаи дониш шавем. Рӯҳи илм ва таҳқиқот, ки дар замони Шӯравӣ дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои мо ҳукмрон буд, бояд аз нав зинда шавад. Дар улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ роҳҳои шинохт ва назарияҳо куҳна шудаанд. Ин ҷо ҳамеша дар ҷустуҷуи роҳҳо ва назарияҳои навини худӣ ва дигарон бояд буд, то бидонем, ки мардум аслан чи гуна таҷрибаҳои ҳаётиро аз сар мегузаронанд. Ҳаёт ва мардум набояд дар хидмати идеяҳо бошанд, балки баръакс ин арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо бояд ҳаёти осуда ва бехатари мардумро таъмин намоянд. Вале бо ин рафторе, ки мо дорем, олимони имрӯзаи мо хатои муллоҳои дирӯзаи моро такрор мекунанд ва яқин олимони фардои мо дар ҳолати муллоҳои имрӯзаи мо хоҳанд буд...

Меҳмоншо ШАРИФЗОДА,
докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия
Мӯҳр
Доктори мухтарам!Шумо дар Донишгохи Бергени Норвегия чи кор мекунед ва кадом забонро меомузед?.Боз бо кадом забон харф мезанед?.Ман дар чавониам,донишчу набудам,муяссар нашуд.Лекин ба забони модарии худ диккати чидди медодам.Маълумотам синфи 10-асту халос,боз касби челонгари.Агар ман медонистам,ки хамчун мухочир,имрузхо дар Россия чунин мушкилихо ба сарам меоянд,аз хурди ба таълими забони руси машгул мешудам.Сад афсус,ки тахсилу хонишхои мо бехудаву бефоида будаанд.Даххо дипломдорхои точикро мебинам,ки хору залил ин чо ба корхои вазнин гирифторанд.Сабабаш надонистани забони руси."Как дела,куда идем,чего вы хотите,документы в порядке",ин хели суханронихо маънии онро надоранд,ки мо русидон хастем.Дар тассаввури русхои Россия калимаи точик як иборае аст,ки гуё дар ватани мо,хеч гох мактабу омузишгоххову донишкадаву донишгоххо вучуд надошта буданду нестанд ва набояд бошанд.Ин миллат вакте ки пай барад,ки сатхи донишу чахонбиниат аз онхо болотар аст,баъд каму беш ахамият медиханд.Хайр чи илоч,ки хамин тавр шуд.Дар Точикистон забондону забоншиносхо бисёранд,боз кихо мешаванд онхо,муаллиму рузноманигору аъзоёни ягон хизбу нависо -нависи.

Вокеан, хамин тавр аст. Фарёди шумо бояд дар дилхои зиёиёни точик акси садо бедор кунад ва таконе ба харакат гардад. Вале хайхот, зиёии точик дар фазои факри маънави ва модди гузошта шудааст ва наметавонад аз он берун шавад. Факри модди маълум аст- бояд шабу руз майна об кунад, то худ ва оилааш таъмин бошанд. Маънави он, ки -мутаассифона, накши маънавият ба андозае паст рафта аст, ки хатто дастовардхои илму техника, (ки ин хам аз пешрафти маънави манша мегирад), танхо барои бехтар кардани моддиёт истифода мешаванд. Ва ин хам на бо хости худи зиёи...

Хак ба хакдод чун расад ботил шавад, Мехмоншои-чун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)