Меҳмоншо Шарифзода: "Зиёиён ба худситоии беҳуда машғуланд"

Гар сорбон туӣ, ба Худо мехӯрам қасам,
Ин корвони ҷода ба манзил намеравад...
Беҳрӯз
Мақсад аз ин гуфтаҳо сафед ё сиёҳ кардани касе ва шахсе нест, балки кӯшише барои шинохти ин фазост, ки имрӯз моро дар ин ҳолати ғариб, номуайянӣ ва тарс нигоҳ медорад. Чи хеле медонем, таркиби аз ҳама маълум ва равшани ҷомеа, ки дар пиндор, гуфтор ва амалҳои хеш ҳама ба он такя мекунанд ва сарчашмаи илҳом, мансаб ва маоши онҳост, ин таркиби илмӣ ва донишии ҷомеа аст, ки аз пажуҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои ба ин таркиби бунёдии ҷомеа тааллуқдошта иборат аст.
Ин таркибест, ки дар он сарвати мадании ҷомеа, илм ва дониш дар ҷомеа истеҳсол карда мешавад. Гузашта аз ин, қудрати солим дар ҷомеа ба ин таркиб, яъне илм ва дониш бояд сахт алоқаманд ва пайваст бошад ва дар ҳамин фурсати ҳалкунанда пайвандгари аслии ин ду ҳалқа бояд зиёии Тоҷик мебуд ва бошад. Аз ин рӯ, ин ҷо кӯшише шудааст, ки як бор бубинем, чаро ин зиёӣ дигар мавҷуди қудратӣ нест? Чаро имрӯз фикр, дониш ва таҷрибаи мо ба раванд, ба ҳаракат, ба зиндагӣ, ба қудрат табдил наёфтааст?
...Имрӯз мебинем, ки зиёӣ ҳамчун қишри номусии ҷомеа дорад, заиф мешавад ва онҳое, ки бар худ тасаввури ‘зиёӣ’ доранд, аз як сӯ, бо илюзияи “гузаштагони бузург” ва “қиссаҳои кӯҳна” ва худситоиҳои беҳуда дар баробари халқи гумроҳмондаи худ, ва аз сӯи дигар ба инкор кардани арзишҳои созандаи хеш машғуланд. Гузашта аз ин, мафҳуми ‘зиёӣ’ ва онҳое ки худро ‘зиёӣ’ меноманд, худ ба як пардаи пиндори (илюзияи) дигар табдил ёфта истодааст, зеро мардум дар ин фикранд, ки ин қабила гӯиё коре карда истодаанд ва дар сохтмони ҷомеаи солим нақше доранд. Вале мебинем, ба ҷуз тахайюлоти китобӣ ва кӯчагӣ, мисли идора кардани ҳуввияти мардуми худ, “шоҳи одил”, “тавҳиди зартуштӣ” ва “империяи Доро” чизи дигаре барои ин ҷомеа пешниҳод карда натавонистаанд. Ин қисмати таркибии ҷомеа акнун фасодзада шудааст ва қисмати каме аз устодони мо кӯшиши аз чорчӯбаҳои биниш ва режимҳои ҳақиқатии мустамликавӣ - империявӣ халос шудан доранд.
Аслан, чӣ гуна ин режим дар вуҷуди онҳо кор мекунад наметавонанд шинохт ва дунёи мустақили таҳқиқии худиро, ки доштанд аз ёд бурдаанд, гӯиё ҳама вақт дастнигари Ғарб буданд. Фаромӯш кардаанд, ки Тоҷик бо вуҷуди қудратро аз даст доданаш ҳам, донишро, яъне асли қудратро аз даст надода буд. Ин ‘бузургон’ дар бораи таърихи афкори Тоҷик, махсус дар давраи Исломии онҳо таҳқиқот кардаанд ва қиcми зиёде то ба академикӣ расидаанд, вале мутафаккир нашуданд, соҳиби назарияе нашуданд, балки ҳақ, ҳақиқат ва ҳастиро қурбони идеология карданд ва мекунанд. Имрўз ҳам кӯшише надоранд фазои мустақили илмӣ ва фикрии худиро барқарор кунанд. Аз як сӯ зиёии Тоҷик бояд бо ҷалби қудрат ва сармоя ин таркиби бунёдии ҷомеа, давлат ва миллат, яъне таркиби илм, дониш ва фикри мустақили Тоҷикро мустаҳкам мекарданд ва аз сӯи дигар дар сохтмони қудрати асл дар Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, ҳаёти урёни мардумро ба сатҳи сифатан баландтар мерасониданд. Мутаассифона, ин зиёии ба тарс одаткарда дар сатҳи даркорӣ ин корро амалӣ намуда наметавонад.
Хулоса, имрӯз касе гунаҳкор нест ва бегуноҳ ҳам, ин ҷо зиёӣ, ки худ мавҷудест, дар ҳама ҳалқаҳои ёдкарда, дар болову поёни ҷомеа вуҷуд дорад, ҳам намояндаи дониш ва ҳам қудрат аст, бояд аз ислоҳи худ оғоз кунад ва ба ҳақиқат ва ҳастӣ имкони буданро диҳад ва оғозеро бунёд гузорад... Арзишҳо дар ҳастӣ ва воқеияти ин мардум даркоранд, чи Исломӣ ва чи демократӣ ва ё дар баъзеҳо на ину на он кор мекунад ва аслан аз қафои хоҳишҳои нафсонии худ равонанд. Бисёр хуб мешуд, агар ин се чиз -- идея, арзиш ва идеалро аз якдигар фарқ мекарданд. Ҳоло зиёиёни наздик ба қудрат даъват кардаанд, ки мафҳуми “истиқлолият” ва инчунин гуфтаи президентро “Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани ягонаи мо”, ба арзиш ва ё идеали миллии мо табдил диҳем. Ин ҳам боз як нуктаи дигари заъфи зиёии Тоҷик аст, ки аз гуфтаҳои президенти мамлакат чунин як хулосаи бисёр маҳдуд мебарорад.
Шахсан бовар дорам, ки мақсад аз ин гуфтаи президент, ин маънии дар ҳаёт воқеан амалӣ сохтани назарияи истиқлол аст. Чи хеле дар боло қайд кардем, истиқлол ин ҳамоҳангии қудрат, ҳақиқат (идеология), қонун ва пулу иқтисоди ин мардум аст, ки бо ҳам сахт бофтаву тофтаанд ва дар вуҷуди шахсиятҳои ин миллат ва инчунин дар ҷомеа дар коранд... Ин арзишҳо бунёди ҷомеаи солими амалкунанда мебошанд. Ин арзишҳо, яъне истиқлол ё ваҳдат идеал нестанд, балки шароит барои идеали миллианд. Истиқлол ва ваҳдат ин арзишҳое ҳастанд, ки бояд бо амал ба воқеият табдил ёбанд на ин ки ба миф ва ба идеал табдил дода шаванд, ки ин ба фалсафаи пуч (абсурд) оварда мерасонад.
Дар хусуси идеали миллии Тоҷикон гуфтаниам, ки он вуҷуд дорад ва он дар вуҷуди ҳар як Тоҷики огоҳ ва бедор ҳаст. Ин идеал дар дониш ва таҷрибаи гузаштагони ин мардум ҳазорсолаҳо боз дар кор буд ва ҳаст. Ин идеал имрӯз дар забони мо зинда аст ва ин калимаи бисёр суфта ва амиқи ‘худӣ’ на ишораест ба ‘ман’ ва ‘манияти’ зоҳирӣ, балки ишораест ба дониш ва шинохт; ишораест ба ҳаракат, ишораест ба тағйирот, ишораест ба шинохти ҳастӣ ва ҳақ ва ишораест ба сохтмони худ (шахсият), дунёи худ, ҳақиқати худ, қудрат ва истиқлол...
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |