Барак Обама аз мусулмонон хост, дар ҳаққаш дуо кунанд
Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Малайзия президенти ИМА Барак Обама аз Масҷиди миллии Куала-Лумпур дидан карда, бо имоми он – шайх Исмоил Муҳаммад дидору гуфтугӯ намудааст.
“Мо бо ҳам табодули назар кардем, ман аз Обама ҳамчун пешвои яке аз қутбҳои ҷаҳон хоҳиш кардам, ки ба фишорҳо болои мусалмонон дар тамоми ҷаҳон хотима бидиҳад”, -гуфтааст имом Муҳаммад дар суҳбат ба nst.com.
“Вай дар ҷавоб аз мо хост, барояш дуо кунем. Боз ӯ ба ман гуфт, ки ҳар субҳ вақте бедор мешавад, тамоми талошҳояшро барои мубориза бо фишорҳо алайҳи мусалмонон ва аз байн бурдани буҳронҳои башарӣ дар тамоми ҷаҳон ба харҷ медиҳад”,-афзудааст имом.
Ин мулоқоти аввалини имоми 70-солаи Масҷиди миллӣ бо президенти ИМА нест. Тақрибан ним аср пеш ӯ бо Линдон Ҷонсон дар ҷараёни боздидаш ба Малайзия мулоқот карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |